Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Эмомалӣ Раҳмонов)

Эмомалӣ Раҳмон (форсӣ: امام‌علی رحمان‎‎, то 21 марти соли 2007 — Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Эмомалӣ Раҳмон
парчам
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
парчам
аз 25 декабри 2015
Пешгузашта Вазифа таъсис ёфт
аз 16 ноябри 1994
Пешгузашта Раҳмон Набиев
Акбаршоҳ Искандаров
парчам
7-умин Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон
27 ноябри 1992 — 16 ноябри 1994
Пешгузашта Акбаршоҳ Искандаров
Ҷонишин Сафаралӣ Раҷабов ҳамчун раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон
парчам
Раиси кумитаи иҷроияи Вилояти Кӯлоб
2 ноябри 1992 — 19 ноябри 1992
Пешгузашта Ҷиёнхон Ризоев
Ҷонишин Вазифаи бекоргардида
Таваллуд 5 октябр 1952(1952-10-05)[1][2] (72 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович
Падар Шариф Раҳмонов
Модар Майрам Шарифова
Ҳамсар Азизмоҳ Асадуллоева
Фарзандон

Писарон:
Рустами Эмомалӣ ва Сомон

Духтарон:
Фируза, Озода Раҳмон, Рухшона, Таҳмина, Парвина, Зарина ва Фарзона
Ҳизб
Таҳсилот
Касб иқтисоддон
Фаъолият сиёсатмадор
Эътиқод суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ president.tj(тоҷ.)(рус.)(англ.)(ар.)
Навъи артиш Новгони Уқёнуси Ором[d] ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рутба Сарновӣ ва Артишсолор
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оиладор ва падари нуҳ фарзанд аст.

Таҳсил

Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд)-ро хатм намудааст. Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Фаъолият

  • Фаъолияти кориашро соли 1969, ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
  • Солҳои 1971—1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хидмати ҳарбӣ буд. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
  • Солҳои 1976—1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
  • Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Фаъолияти сиёсӣ

  • Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.
  • 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
  • 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23 % овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Зиндагии шахсӣ

Аз рӯи эътиқод Эмомалӣ Раҳмон мусулмони суннии ҳанафимазҳаб мебошад. Соли 2007 бо фармони ӯ Қуръон ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид[3].

Оила

Падари Эмомалӣ Раҳмон — Шариф Раҳмонов дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо Ордени Шараф дараҷаи 2-ум ва 3-юм сарфароз гаштааст[4]. Модараш — Майрам Шарифова дар синни 94 солагӣ дар соли 2004 даргузашт[5].

Бародараш Файзиддин Раҳмонов соли 1959 дар вилояти Лвови Украина «ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ» дар ҳоли хидмат дар сафи Артиши Шӯравӣ кушта мешавад[4]. Ӯ дар қабристони шаҳри Рава-Русскаяи ноҳияи Жолковский дафн шудааст[6].

Эмомалӣ Раҳмон нуҳ фарзанд дорад: ҳафт духтар (Фируза, Озода, Рухшона, Тахмина, Парвина, Заррина ва Фарзона) ва ду писар (Рустам ва Сомон)[7].

 
Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи ӯ. Душанбе, 21 марти 2011.

Тоҷикистон ва ҷаҳон

Пан Ги Мун
Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид
– Шумо Роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба 
он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои 
шахсии ман, инчунин Созмони Милали 
Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед.
Иштироки  Шумо  (дар  ҷаласаҳои  СММ)  
ҳамчун  роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори 
ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои 
баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.

Пешниҳодҳои ҷаҳонӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.[8]

Ҷоизаҳо[9]

 

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тилоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тилоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) — ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тилоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тилоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) -и ЮНЕСКО, Ордени тилоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тилоии ба номи Николай Блохин -мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тилоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон — олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Орденҳо

  • Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999)
  • Ордени «Достиқ» дараҷаи аввал (Қазоқистон, 4 октябри соли 2002)[10]
  • Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳ Масъуд» (Афғонистон, 28 апрели соли 2005)
  • Ордени «Княз Ярослави Ҳаким», дараҷаи аввал (Украина, 3 декабри соли 2008)[11]
  • Ордени «Се ситора» (Латвия, 9 июли соли 2009)[12]
  • Ордени «Барои Хизматҳо» дараҷаи аввал (Украина, 15 декабри соли 2011)[13][14]
  • Ордени «Ҳайдар Алиев» (Озарбойҷон, 12 июли соли 2012)[15]
  • Ордени Президенти Туркманистон «Битараплык» (Туркманистон, 23 августи соли 2012)[16]
  • Ордени «Ҳилол ва Ситора» (Кумитаи Байналмилалии мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY», 19 майи соли 2011)[17]
  • Ордени Шӯрои Олимпии Осиё (Шӯрои олимпии Осиё, 8 апрели соли 2009)
  • Ордени Александр Невский (Русия, 26 феврали соли 2017) — барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия[18]
  • Ордени Фаросат (14 марти соли 2018, Қазоқистон) — барои саҳми муносиб дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ.[19]
  • Ордени «Эл-юрт ҳурмати» (16 августи соли 2018, Узбакистон) — барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хидматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Узбакистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа[20][21]
 

Медалҳо ва дигар ҷоизҳо

  • Медали тилоии ҷашнӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино (ЮНЕСКО, 5 ноябри соли 2002)[22]
  • Нишони фахрии ИДМ (ИДМ, 2007)[4]
  • Медали тилоии Парлумони Ҷумҳурии Мисри Араб (Парлумони ҶМА, 16 июли соли 2007)
  • Мукофоти байналмилалии Пётри Кабир (Созмони ғайридавлатии «Иттиҳоди менеҷерҳои даврони нав» (Россия), 2002)
  • Медали тилои Федератсияи байналмилалии Сулҳ ва Ризоият (Федератсияи байналмилалии «Сулҳ ва Ризоият» (Қирғизистон), 4 августи соли 2004)
  • Мукофоти сулҳи СММ (СММ, 2007)
  • Ситораи ёқути «Миротворец» (Иттиҳоди байналмилалии хайриявии «Миротворец», 25 июни соли 2007)
  • «Пешвои асри ХХI» (Созмони ҷамъиятии Шӯрои Аврупоӣ, 18 августи соли 2011)

Унвонҳои ифтихорӣ

  • Доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (2008)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи Куҳии Урал (2009)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Москва (2009)
  • Профессори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (2009)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи Синсзияни Хитой (2010)
  • Профессори ифтихории Донишкадаи Давлатии Иқтисод ва идораи Туркманистон (2012)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии фаннии нафти Уфа (УГНТУ) (2015)
  • Доктори ифтихории Донишгоҳи Қоҳира (2022)[23]
  • Камарбанди сиёҳи тхэквондо[24]

Осор

 
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Пуштибонӣ аз Википедияи Тоҷикӣ

20 марти соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар гуфт[25]:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давом:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

Нигаред низ

Эзоҳ

  1. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. Munzinger Personen (нем.)
  3. Эмомали Рахмон высказался за перевод Корана на таджикский язык и бесплатное его распространение среди жителей республики(рус.), NEWSru.com (24 мая 2007 г.).
  4. 4.0 4.1 4.2 РАХМОН Эмомали Шарифович(рус.), Centrasia.ru.
  5. Скончалась модар президента Таджикистана Рахмонова(рус.), РИА Новости (23.11.2004).
  6. Президент Таджикистана едет на Львовщину к могиле брата(рус.), Комсомольская правда в Украине (03.12.2008).
  7. Рахмон, Эмомали в Лентапедии
  8. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон
  9. Эмомалӣ Раҳмон — бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ). — Душанбе. «Ирфон», 2012, 272 саҳ. Ҳайати таълиф: Ҳ. Зарифӣ, Н. Зоҳидов, Д. Назриев, Х. Сафаров. ISBN 978-99947-0-743-0
  10. Указ Президента Республики Казахстан от 4 октября 2002 года № 959 «О награждении орденом „Достык“ I степени Рахмонова Э. Ш.»
  11. Указ Президента України № 1137/2008 від 3 грудня 2008 року «Про нагородження Е. Рахмона орденом князя Ярослава Мудрого»(укр.)
  12. Ar Triju Zvaigžņu ordeni apbalvoto personu reģistrs apbalvošanas secībā, sākot no 2004. gada 1.oktobraШаблон:Ref-la
  13. Состоялась церемония вручения государственных наград Президентами Украины и Таджикистана // Официальное интернет-представительство Президента Украины
  14. Указ Президента України № 1124/2011 від 15 грудня 2011 року «Про нагородження Е.Рахмона орденом „За заслуги“»(укр.)
  15. Состоялась церемония награждения высшими орденами Президентов Азербайджана и Таджикистана, Агентство Международной информации TREND (12 июля 2012).
  16. Президент Таджикистана награждён орденом «Битараплык», TURKMENISTAN.RU (24.08.12).
  17. Президента Таджикистана наградили орденом за борьбу с террором(рус.), "Лента.Ру" (19.05.2011).
  18. Указ Президента Российской Федерации от 26 февраля 2017 года № 80 «О награждении орденом Александра Невского Президента Республики Таджикистан Рахмона Э.»
  19. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (14 марти 2018). 11 марти 2022 санҷида шуд.
  20. Мирзиёев наградил Рахмона орденом «Эл-юрт хурмати»
  21. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (17 августи 2018). 11 марти 2022 санҷида шуд.
  22. Эмомали Рахмонов награждён золотой медалью ЮНЕСКО - имени Авиценны, юбилейной, за вклад в развитие...(рус.), www.centrasia.ru (05.11.2002).
  23. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Сарфароз гардидани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрӣ”-и Донишгоҳи Қоҳира. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (202-03-10). 11 марти 2022 санҷида шуд.
  24. Президент Таджикистана получил черный пояс по таэквондо(рус.), Лента.Ру (17 июли 2012).
  25. Хадмаоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (20 марти 2014). 11 марти 2022 санҷида шуд.

Сарчашма

Пайвандҳо