Дарёбон
Дарёбон (форсӣ: دریابان) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз дарёдор ва пойинтар аз дарёсолор дорад ва баробар бо лашкарсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2]; вице-адмирал.
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: دریابان | ||||
Кишвар | Русия | ||||
Дараҷаи болотар | Дарёсолор | ||||
Дараҷаи пойинтар | Дарёдор | ||||
Ҳамто |
|
Дараҷаи пойинтар: Дарёдор |
Дарёбон |
Дараҷаи болотар: Дарёсолор |
Вожашиносӣ
вироиш«Дарёбон» ба маънои «нигаҳбони дарё»[3] аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + пасванд (-бон) аст, ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[4], аммо дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст[5]]:
дарё (порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-[6]) + -бон (порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā- ‘поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van)
Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
Истилоҳи «дарёбон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри дувум» (аз ар. امیرالبحر < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[7].
Пешина
вироишАдмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[8] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحر амиру-л-баҳр «дарёсолор»[9][10]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.
7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-адмирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.
Сарчашма
вироиш- Адмирал // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 131; 361. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
- ↑ Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
- ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 2, с. 1309.
- ↑ Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 22 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
- ↑ М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
- ↑ A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
- ↑ Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.