Дарёдор (форсӣ: دریادار‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо якум ва пойинтар аз дарёбон дорад ва баробар бо гундсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст; контр-адмирал.

Дарёдор
Сардӯшии дарёдор дар Нерӯи дарёии Русия Нишони остини дарёдор дар Нерӯи дарёии Русия
Кӯтаҳнивишт форсӣ: دریادار
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Дарёбон
Дараҷаи пойинтар Новхудо якум
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новхудо якум

Дарёдор
Дараҷаи болотар:
Дарёбон

Вожашиносӣ

вироиш

«Дарёдор» ба маънои «дарёдоранда; нигаҳдори дарё»[2] аз як вожа ва як пасванд сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + пасванд (-дор), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[3]] аст.

дарё (порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-[4]) + -дор (порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»)

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Истилоҳи «дарёдор»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри севум» (аз ар. امیرالبحر‎ < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[5].

Пешина

вироиш

Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[6] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحرамиру-л-баҳр «дарёсолор»[7][8]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.

7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-ад­мирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.

Сарчашма

вироиш
  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 131; 438. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
  3. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.. 21 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2021.
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 2, с. 1309.
  5. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 22 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  6. М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
  7. A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
  8. Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.

Пайвандҳо

вироиш