Леонардо ДиКаприо

(Тағйири масир аз Леонардо Ди Каприо)

Леонардо Вилҳелм ДиКаприо (англ. Leonardo Wilhelm DiCaprio; тав. 11 ноябри 1974, Лос-Анҷелес) — ҳунарпеша, продюсери филм ва филмноманависи амрикоӣ. Барандаи ҷоизаи Оскар (2016), ҷоизаи Глобуси тилоӣ (2005, 2014, 2016)

Леонардо ДиКаприо
Leonardo Wilhelm DiCaprio
Ном ба ҳангоми таваллуд: Леонардо Вилҳелм ДиКаприо
Таърихи таваллуд: 11 ноябр 1974(1974-11-11)[1][2][3][…] (50 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, филмноманавис, ҳунарпешаи телевизиюн, таҳиякунандаи филм, ҳунарпешаи театр, environmentalist
Корнома: 1989 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000138
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш
 
Ди Каприо, Скорсезе ва Камерон Диаз

Леонардо Вилҳелм ДиКаприо 11 ноябри соли 1974 дар шаҳри Лос-Анҷелес, дар Ҳолливуд ба дунё омадааст. Даврони кӯдакии ӯ дар навоҳии атрофи Ҳолливуд гузаштааст. Номи Леонардоро волидайн пас аз тамошои филми Леонардо да Винчи гузоштаанд.

ДиКаприо ҳанӯз дар синни 5-солагӣ дар синамо баромад кардааст. Дар синни 10 солагӣ ӯ аллакай аз санъат рӯҳафтода шуда буд — агенташ вайро маҷбур мекард, ки номашро дигар кунад (ба ӯ номи Леннӣ Уилямсро пешниҳод карда буданд). Инчунин, ба иштироки Леонардо дар чандин филмҳоро барои тарзи ороиши мӯяш рад карданд.

Эҷодиёт

вироиш

Дар синни 14 солагӣ ДиКаприо бори дигар кӯшиши ҳунарпеша шуданро кард. Леонардо агентеро пайдо намуд, ки ба ӯ тарзи ороиши мӯяш ва номаш маъқул буд. Ӯ дар наворгирии бештар аз 30 рекламаҳо ва якчанд серияи силисилафилми машҳур «Санта Барбара» иштирок варзид. Аз соли 1991 ӯ дар силсилафилми русӣ: «Растущая боль» нақш меофарид, вале онро барои иштирок кардан дар филми русӣ: «Жизнь этого парня» тарк кард. Ба ДиКаприо имкон дод, ки аз байни садҳо довталаб нақши асосиро дар ин филм соҳиб шавад. Нақши офаридаи Лео аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт ва ба гуфти баъзеяшон ӯ ҳатто аз Роберт Де Ниро беҳтар бозӣ кард.

Филми навбатии Ди Каприо филми русӣ: «Что гложет Гильберта Грейпа» буд. Ӯ дар он нақши бародари ноқисулақли Ҷонниро бозид. Барои Тарзи нақшофаринии зебояш Леонардоро ба ҷоизаи «Оскар» пешниҳод карданд. Ҳунарпешаи 19-сола дар маркази таваҷҷуҳи аҳли Ҳолливуд қарор гирифт.

Соли 1994 филми русӣ: «Быстрый и мёртвый», ба навор гирифта шуд, ки дар он ДиКаприо яке аз нақшҳои асосиро бозид. Соли 1995 ДиКаприо дар наворгирии филме аз рӯи романи Ҷим Керол «Рӯзномаи баскетболбоз» иштирок варзид, ки наворгирии он солҳои дароз аз сабаби набудани ҳунарпешаи боистеъдоди ҷавон тӯл мекашид. Филм дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо кард ва дар он Леонардо нақшашро хеле ҳунармандона офарид.

Соли 1997 ДиКаприо нақши Ромео ро дар филми нави русӣ: «Ромео и Джульета» бозӣ кард. Ин филм ба падари ҳунарпеша хеле маъқул шуд. Дар ин сол Леонарди шуҳрати ҷаҳониро ба даст овард. «Титаник» дар олами синамои он сол воқеаи марказӣ гардид ва таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб кард. Леонардо ДиКаприо барои нақшаш дар ин филм барандаи ҷоизаи «Глобуси тилоӣ» гардид. Маҳз ҳамин нақш ӯро ба сафи ҳунарпешагони музди меҳнаташон калонтарин ворид сохт. Леонардо ДиКаприо маҳбуби тамошобинони ҷаҳон гардид. Вале баъд аз ин дигар Леонардо нақшеро бозӣ карда натавонист, ки бо нақшаш дар Титаник баробар бошад.

Соли 2002 ҳунарпеша боз ба саҳна баргашт. Ӯ дар филми русӣ: "Банды Нью-Йорка" (коргардон Мартин Скорсез), ки ба Оскар аз рӯи 10 Гурӯҳ пешбинӣ шуда буд, ва филми мазҳакавии Стивен Спилберг русӣ: "Поймай меня, Если Сможешь" иштирок варзид.

Дар солҳои минбаъда низ ДиКаприо мухлисонашро бо ҳунари волои худ шод менамуд.

Ҷоизаҳои Леонардо ДиКаприо 1997—2016

вироиш
 
Ҷоизаи Оскар
 
Глобуси тилоӣ

Золотая малина

Филмномаҳо

вироиш

Продюсери филмҳо

вироиш
  • Робин Гуд: Начало / Robin Hood: Origins (2017)
  • Делириум / Delirium (2016)
  • Закон ночи / Live by Night (2016)
  • Игра цвета слоновой кости / The Ivory Game (2016)
  • Расставание в голубом / The Deep Blue Good-By (2016)
  • Вирунга / Virunga (2014)
  • Va-банк / Runner, Runner (2013)
  • Волк с Уолл-стрит / The Wolf of Wall Street (2013)
  • Из пекла / Out of the Furnace (2013)
  • Atari (2011)
  • Conspiracy of Fools (2011)
  • Ninja Scroll (2011)
  • The Chancellor Manuscript (2011)
  • The Low Dweller (2011)
  • The Rise of Theodore Roosevelt (2011)
  • Красная Шапочка / Red Riding Hood (2011)
  • Мартовские иды / The Ides of March (2011)
  • Beat the Reaper (2010)
  • Дитя тьмы / Orphan (2009)
  • Greensburg (2008) (сериал)
  • The 11th Hour (2007)
  • Садовник Эдема / Gardener of Eden (2007)
  • Авиатор / The Aviator (2004)
  • Убить президента. Покушение на Ричарда Никсона / The Assassination of Richard Nixon (2004)[4]

>


  Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович