Маҷид Салим
Маҷид Салим — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1989), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997)
Маҷид Салим | |
| |
Таърихи таваллуд: | 1 октябр 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳамадонӣ |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, рӯзноманигор, тарҷумони тоҷик |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ |
Зиндагинома
вироишМаҷид Салим 1 октябри соли 1960 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Маскав (ҳозира ноҳияи Ҳамадонӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1987 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, баъдан факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатияшро дар рӯзномаи ноҳиявии «Зафар» сар карда, баъдан дар рӯзномаҳои «Коммунисти Ховалинг»-у «Роҳи Ленинӣ» ифои вазифа намудааст. Соли 1994 ходими илмии Боғи ҳайвоноти Душанбе, солҳои 1998-2000 мудири шуъба ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 2000-2002 мудири шуъбаи наср, аз соли 2003 директори Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон муаллиф-барандаи доимии барномаи телевизионии «Инсон ва табиат» (дар Шабакаи якуми Телевизиони тоҷик) мебошад.Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Барои силсилаи ҳикояву очеркҳояш дар мавзӯи табиату ҳайвонот сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст. Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мукофотонида шудааст.Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Эҷодиёт
вироишДар боби танзиму таҳияи силсилаи филмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ, тарҷумаи филмҳои бадеӣ дар телевизиони ҷумҳурӣ саҳми назаррасе дорад. Аз ҷумла, матни филмҳои мустанади «Дашти Ҷум», «Дар оғӯши Сари Хосор», «Искандаркӯл», «Оҳанги Камаров», «Бешаи Палангон», «Дараи Ромит», «Чилучорчашма», «Афсонаи Зӯркӯл», тарҷумаи филмҳои бадеии «Марги судхӯр»-у «Паттазори сурх» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Филм-спектакли вай ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ «Ҳар кӣ моро ёд кард» соли 2015 дар телевизион намоиш дода шудааст. Нахустин чакидаҳои хомаи Маҷид Салим дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Гурги похӯрда» (1991), «Зоғеву доғе» (1994), «Панҷаи ҳасрат» (1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (1998), «Чӯҷаи кабк» (2000), «Уқобу лошахӯр» (2002), «Мурғи даштӣ» (2003), «Алибоҷ» (2008), «Аз пайи паланг» (2010), «Санговдавак» (2012) буда, дар гирдоварию таҳияи китобҳои Мирзои Хокӣ, Тоҷӣ Усмон («Духтари ниқобдор»), Алӣ Хуш («Шӯриши Усмон) ҳиссагузорӣ кардааст. Қиссаи нави ӯ «Дарёнавард», ки аз корномаи Темурмалик ҳикоя мекунад, соли 2015 ба табъ расид. Намунаи ҳикояву очеркҳояш дар китобҳои дастҷамъии «Шаҳпари инсон», «Шасти зафар», «Баҳори Истиқлол», «Насри тоҷик» (ба забони русӣ) ба табъ расидаанд. Соданависӣ ва мӯъҷазбаёнӣ услуби хоси Маҷид Салим буда, эҷодиёташ шаклану мазмунан ба адабиёти шифоҳӣ наздик аст. Дар эҷодиёташ пайвастагии инсон бо табиат, олами вуҳуш, муъҷизаҳои наботот ва ҷаҳони афсонавии ҷонваракон ба ҷилва омадааст. Ӯ ягона адиби тоҷик аст, ки ҳамвора мавзӯи мазкурро пайгирӣ дорад. Китобҳои Маҷид Салим «Человек идёт к зверю» ба русӣ ва «Чӯпон итининг ӯлими» ба ӯзбекӣ нашр шудаанд. Худи ӯ мутарҷими қиссаи «Муму»-и И.С.Тургенев ва «Каштанка»-и А.П. Чехов ба забони тоҷикӣ мебошад.
Ҷоизаҳо
вироиш- Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ;
- Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
- Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон;
- Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон.
- Ифтихорномаи Ҳукумати Тоҷикистон.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе:«Адиб»,2014, – С. 209-210 ISBN 978-99947-2-379-9