Рамазо́н (ар. رمضان‎) — моҳи нуҳуми "гоҳшумории қамарӣ", миёни моҳҳои шаъбон ва шаввол; афзали моҳҳо назди мусулмонон, моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи нузули Қаръон ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом[1].

Ифтор дар масҷиди Султон Аҳмад дар Истанбул
Ҳилоли Рамазон
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ  ‎ 

«Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост ва ҷудосозанда (-и ҳақ аз ботил) Қуръон фиристода шуд»[2].

Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи ин­соният кушо­да гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он су­рат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маъ­нои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шу­дааст.

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ  ‎ 

«Мо он (Қуръон)-ро, бе шак, дар шаби «Қадр» нозил намудем»[3].

Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст[4] ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд)[5].

Вожаи Рамазон

вироиш

Калимаи Рамазон аз решаи «рамз» (ар. رمض‎) гирифта шуда, ба маънои тафсондан ва ё тафсидан ва гудохта шудан дар зери ҳарорат ва гармии офтоб мебошад[6]. Албатта, робитаи дақиқе дар миёни моҳияти истилоҳии моҳи Рамазон ва маънои луғавии он ба чашм мехӯрад.

Ин моҳ ҷисми инсонро дар кураи фаризаи илоҳӣ ва коргоҳи рӯза амалан мегудозад ва ҷавҳари шахсият ва ода-мияти ӯро аз тамоми олудагиҳо пок месозад. Рӯзаи бо рӯҳу маъно, ки бо алангаҳои гуруснагиву ташнагӣ ҳамроҳ мебошад, нафси инсонро аз тафтаҳои нафсонӣ пок мегардонад. Ҳамин аст, ки Худованд ду сӯзиш ва ду ҳароратро бо ҳам ҷамъ намесозад. Сӯзиши гуруснагиву ташнагӣ дар моҳи Рамазон ва сӯзиши дар оташи дӯзах.

Вақте вуҷуди шахси рӯзадор дар коргоҳи моҳи Рамазон гудохта мешавад ва аз тамоми палидиҳо пок мегардад, дигар ҳоҷате ба гудохтани дубораи ӯ дар оташи дӯзах боқӣ намемонад. Оташи дӯзах одамонеро месӯзад ва дар худ мегудозад, ки дар дунё худро бо барномаҳои инсонсози ойи-ни Ислом, аз ҷумла, бо ин василаи муассири илоҳӣ пок насохта бошанд.

Паёмбар (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст ва мефармояд:

«Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам …».

Аъмоли моҳи Рамазон

вироиш
Мақолаи асосӣ: Рӯза

Рӯзаи моҳи Рамазон бар асоси ҳадиси «Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чаҳору­мин рукни бинои Ислом ба шумор меравад[7].

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ   ‎  

«Рӯзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед!»[8].

 Ҳамчунин бояд шахси рӯзадор аз дурӯғгӯӣ, ҷаҳолат, сухани бад ва дигар амалҳои зишт дур бошад.

«Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеч ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидан – рӯзаи вай надорад!»[9].

Рӯза муҳимтарин василаи худсозӣ, оли­тарин мактаби тарбияи рӯҳ ва бинои шахсияти ин­сон ва беҳтарин барномаи рушд ва такомули маънавии мардум ва ҷомеа мебошад[10].

Таровеҳ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Таровеҳ

Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳарки шабҳои Рамазонро бо имону ихлос барпо дорад, гуноҳони гузаштаи у бахшида мешавад»[11].

Садақа

вироиш
Мақолаи асосӣ: Садақаи фитр

Паёмбар (с) некутарини мардум буд, ва дар моҳи Рамазон аз ҳама вақтҳо бештар некутар мешуд, ва дар ба ҷо овардани хайр аз сареътарин шамол ҳам сареътар буд, чуноне ки мефармояд: «Беҳтарин садақа, садаи Рамазон аст»[12].

Тиловати Қуръон

вироиш

Назар ба инки Қуръони Карим дар моҳи мубораки Рамазон нозил шуда ва тиловати оёт дар ин моҳ фазилати бисёре дорад, дар ҳадисҳои исломӣ, аз моҳи Рамазон ба унвони баҳори Қуръон ёд шуда аст, чунонки ҳазрати имом Боқир (а) мефармояд «Ҳар чизе баҳоре дорад ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст»[13].

Эътикоф

вироиш
Мақолаи асосӣ: Эътикоф

«Паёмбар (с) дар ҳар Рамазон даҳ рузи охирашро эътикоф менишаст ва соле ки дар он вафот кард бист рузи Рамазонашро эътикоф нишаст»[14].

Рамазон дар Тоҷикистон

вироиш

Мардуми тоҷик моҳи Рамазонроро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.

Пазироӣ аз Рамазон

вироиш

Дар миёни мардуми навоҳии мухталифи Тоҷикистон пазироӣ ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон аз фасли тобистон шурӯъ мегардад (агар он дар фаслҳои ғайри тобистон омада бошад). Мардум барои суфраи рамазонӣ аз ҳар гуна меваҳо мураббову ширинӣ, талқон, мавизу ғӯлинг, пиставу бодому чормағз, донақшӯрак ва амсоли инҳоро захира мекунанд. Инчунин анвои сабзавот: карам, помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон ва ғайраро дар намакоб бо иловаи адвияҳо мехобонанд, то ки дар моҳи Рамазон ҳамчун ғизои табиӣ тановул кунанд. Барои хуш гузаштани моҳи шарифи Рамазон як силсила корҳои муҳимро анҷом медиҳанд. Масалан, занону дӯшизагон асбобу анҷоми рӯзгорро тоза мекунанд, палосу қолиҳоро таконда офтоб медиҳанд ё мешӯянд, чангу дудаҳоро мегиранд. Ба муносибати фарорасии Рамазон мардону писарбачаҳо мӯйҳои худро ислоҳ мекунанд, калонсолон ришҳои худ, занон мӯю гесӯвони худро ба тартиб медароранд.

Тановули ғизо дар Рамазон

вироиш
Мақолаҳои асосӣ: Суҳур ва Ифтор

Субҳ мардум барои тановули ғизо аз хоб бо истифодаи соатҳои зангӯладор ва имрӯзҳо тавассути телефонҳои ҳамроҳиву воситаҳои дигари техникӣ бедор мешаванд. Чун дар қарнҳои гузашта ин дастгоҳҳо набуданд, мардум вақти матлубро аз рӯйи гардиши ситораву сайёраҳои осмон ва бонги хурӯсу рафтори дигар ҷонварон муайян мекарданд. Бархе аз мардум шабзиндадорӣ карда, дар соати муайян ҳамсояҳоро низ садо мекарданд.

Маъмулан, субҳгоҳон мардум хӯроки серғизо, ба монанди палав, манту, кашк, кабоб ва ғайраро истеъмол мекунанд ва дар вақти рӯзакушоӣ ё хӯроки шом ғизоҳои нисбатан сабукро мехӯранд, то ки дар вақти хуфтан ба бадан гаронӣ ва нороҳатӣ ҳис накунанд.

Пас аз хӯрдани ғизои субҳона нияти рӯзабандӣ мекунанд. Баъзе аз мардум бо такя ба китобҳои динӣ нияти рӯзабандиро ба забони арабӣ мехонанд, аммо бархе дигар гунаи тоҷикии он ниятро, ки байни мардум хеле маъмул аст, ба забон меоранд. Масалан, «рӯза гирифтам дар моҳи шарифи Рамазон, тавфиқ бидеҳ то намози шом». Пас аз ин ният се бор мегӯянд: «хуш омадӣ моҳи шарифи Рамазон!».

Рӯзакушоӣ якчанд бовару шугунҳои худро дорад. Бархе бар он боваранд, ки рӯзаро бояд бо пораи себ кушоянд, зеро тибқи муътақидот себ меваи биҳиштӣ ҳисоб мешавад. Баъзеҳо рӯзаро бо намак мекушоянд ва баъзе бо об ва мегӯянд, ки савобаш бештар аст. Гурӯҳи дигар бо ҳар ғизо, ки рост омад, ба мисли нону чой, ангур ё таоме нияти рӯзакушоиро хонда, хӯрданро оғоз мекунанд.

Барои рӯзакушоӣ маъмулан дуои арабиро, ки аз китобҳои динӣ гирифтаанд мехонанд. Аммо дар радифи он гунаи тоҷикии он низ дар истифода аст. Масалан, «рӯза гирифтам ба номат, кушоям ба фармонат».

Омодагӣ ба ид

вироиш
Мақолаи асосӣ: Иди фитр

Як рӯз қабл аз иди саиди Фитр хонумони хонавода ба пухтани ҳар гуна хӯрданиҳои идона шурӯъ мекунанд. Онҳо анвои нон, ҳалво, самбӯса, салла (хӯриши хамирие, ки онро дар равған хушк бирён мекунанд ва он ба шакли дастор ё салла мешавад) ва монанди инҳоро таҳия мекунанд. Инчунин қанду нишолло, мавизу чормағзу бодом ва анвои меваҳо низ зинатбахши суфраи идона мегарданд. Мардону писарбачагон ҳамагӣ саҳари рӯзи ид барои иҷрои намози ид ба идгоҳ мешитобанд. Кӯдакон бошанд, баробари сапед шудани рӯз ба идгардак шурӯъ мекунанд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. А. Боқизода. Рӯзаи моҳи Рамазон: Мо­ҳият ва аҳкоми он. – Душанбе, 2015. – 240 с. – С. 9.
  2. Сураи Бақара, 2:185.
  3. Сураи Қадр, 97:1.
  4. Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: «Рамазон саййиди моҳҳо ва ҷумъа саййиди рӯзҳост». Мӯъҷаму-л-ка-бир, 9000. – Ҷ. 9. – С. 205. Мусаннафи Абдурраззоқ, 7894. – Ҷ. 4. – С. 307. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 2. – Ҷ. 2. – С. 57. Шуъабу-л-имон, 3638. – Ҷ. 3. – С. 314. Байҳақӣ дар «Шуъабу-л-имон» онро мавқуф гуф-тааст. Ҳадисро аз Ибни Масъуд (р) ривоят намудаанд. Ҳадиси дигаре аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ба ҳамин маъно ривоят шу¬дааст, ки: «Рамазон саййиди моҳҳо ва зулҳиҷҷа муқаддастарини моҳҳо мебошанд». (Маҷмаъу-з-завоид, 4775. – Ҷ. 3. – С. 255; Шуъабу-л-имон, 3755. – Ҷ. 3. – С. 355).
  5. Ишора ба ҳадисе мебошад, ки Паёмбар (с) дар он мефармояд: «Вақте моҳи Рамазон фаро расад, дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дӯзах баста гарданд ва шайтонҳо (ҷинҳо) дар занҷир афканда шаванд». (Саҳеҳи Бухорӣ, 1898, 3277. Саҳеҳи Муслим, 2492 (1079)-1. Сунани Насоӣ, 2096, 2097, 2098, 2099, 2100, 2101, 2102). Ҳадисро аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд
  6. Муфрадот. – С. 366, зайли моддаи: рамз.
  7. А. Боқизода. Рӯзаи моҳи Рамазон: Мо­ҳият ва аҳкоми он. – Душанбе, 2015. – 240 с. – С. 5.
  8. Сураи Бақара, 2:183
  9. Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057
  10. А. Боқизода. Рӯзаи моҳи Рамазон: Мо­ҳият ва аҳкоми он. – Душанбе, 2015. – 240 с. – С. 2.
  11. Ривояти Бухорӣ ва Муслим
  12. Ривояти Тирмизӣ.
  13. Васоил, ҷ 10, С. 354.
  14. Ривояти Бухорӣ

Адабиёт

вироиш
  • Аҳмад Рӯзӣ. Ҷойгоҳи маросим ва аъёди дар фарҳанги мардуми тоҷик. Теҳрон: 1388 ш.;
  • Раҳимов Д. Фолклори тоҷик. Д., 2009.