Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино — ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аст. Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино 1 марти соли 1967 бо Қарори Совети Вазирона ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино барои комёбиҳои намоёни илмӣ, барои асарҳое, ки ба ихтироъу истифодаи фоидабахштарини материалҳо, мошинҳо ва механизмҳо бахшида шудаанд, технологияи наву самарабахш, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешкадами истеҳсолӣ-техникӣ, ки дар хоҷагии халқ аҳамият дорад, барои иншооти техникии оригиналӣ, муваффакиятҳои барҷаста дар истеҳсолот дода мешавад. Ба ашхоси сазовори ҷойиза гардида диплом, нишони фахрӣ ва маблағи муайяни пулӣ супурда мешавад.

Аввалин дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино соли 1967 — Алоуддин Баҳоваддинов (фалсафа), Акбар Махсумов (кишоварзӣ), Зариф Раҷабов (таърих), Комил Тоҷиев (тиб).

Феҳристи ҷоизадорон вироиш

Барои муваффақият дар истеҳсолот вироиш

  • 1977: Азимов А, Аскаров А, Ахтариева Р, Венлич Ю, Горбунов И, Егоров О, Қаландаров Ш, Малюга В, Паршин В, Федеравских Г, Ҳамидов М.
  • 1979: Аҳмадова Бозорой, Дустмуҳам-мадова Раъно, Назаренко Нина, Саидалиев Саидқул, Менглиқулов Хаиталӣ, Нурматов Шермат, Сатторова Зиннатмоҳ, Сафаров Нарзулло, Файзуллоев Лутфулло.

Барои корҳои муфид дар сохтмони НБО Норак вироиш

  • 1979: Коновалов Николай, Вовченко Александр, Ткаченко Павел, Любитский Константин, Усолкин Василий, Хабаров Юрий.

Барои муваффақият дар истеҳсолот вироиш

  • 1981: Азиз Холов, Мазо Владимир, Аминов Анатолий, Потапенко Константин, Шол Виктор, Адолат Исоева , Саидҷон Бурҳонов, Котова Татяна, Ҷӯра Норматов , Гончарова Екатерина, Бурҳон Мунавваров , Мелешко Александр, Петренко Александара, Салим Ҳусейнов.
  • 1984: Пулодова З, Шляков В, Плотникова Ю, Ҳаитов Н, Шоҳабдуллоев К.
  • 1987: Дементева К, Алиқулов З. Соловева М, Кузенков Г, Витряченко З, Валиев Ч, Мусоев В.
  • 1989: Аллаёрова Ш, Ҳайдаров С.
  • 2001: Ерматов А., Курохтин А., Алиҷонов Ф.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 538—539.