Таърихи забони форсӣ
Забони форсӣ-тоҷикӣ — забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар дар қисмати аъзами аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон (ба хусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Термез, Намангон,Хуканд ва ҳатто дар ш, Тошканд ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо дар як шаҳри Тошканд зиёда аз 1 млн тоҷикон сукунат доранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 45 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 миллион) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугӯ мекунанд, валекин забони хешро расман форсӣ — дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худро тоҷик ном мебараранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳо тоҷикӣ балад ҳастанд. Таи солҳои охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Русия, зиёда 222 ҳазор расмӣ ва ҳамчун муҳоҷир зиёда аз 1,5 миллион, инчунин дар шаҳрҳои Эрон, Сурия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикова Канада шунидан мумкин аст. Аз чиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил карда мешавад. Бар ин гурӯҳ аз забонҳои имрӯзаи зинда ғайр аз тоҷикӣ ду забони дигар, ин ҳам бошад, форсии навин (теҳронӣ), яъне забони Эрони имрӯза ва забони дарӣ — кобулӣ, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳар сеи ин забони имрӯза давомгирандагони бевоситаи забони форсии нав, ки ҳамчунин бо номворҳои порсӣ (форсӣ ин шакли арабикунондашудаи ин калима аст), форсии классик aдабӣ ё форсӣ дарӣ маъруф аст, мебошанд. Он забон дар навбати худ аз забони форсии миёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлати cунатии империюми бузургро иҷро мекард ва имрузҳо дар байни забоншиносон чун забони паҳлавӣ шинохта мешавад, сарчашма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад. Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугавӣ забони форси аз калимаҳойи арабӣ хеле васеъ истифода карда мешавад. Ҳиссаи лексикаи аз забони арабӣ иқтибоссуда дар баъзе матнҳои насри классикӣ то 80 фоизро ташкил медиҳад. Дар забони форс классики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламшумул эҷод карда шуд дар сарзаминҳои Осиёйи Миёна, Эрон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони давлатияшон форсӣ буд. Гарчанде, ки тули ин садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт тағйири зиёде надид ва чун пештара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугӯии мардум, забони зинда ба таври интенсивӣ дигаргуниҳои нав мепазируфт ва аз забони адабӣ торафт дур мешуд. Ба замми ин дар натичаи ба миён омадани фарқиятҳои намоён дар инкисофи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии кишварҳои олами форсизабон, хусусан баъд аз қарни пурошӯби 16-ум дар байни шеваҳои ҳам адабӣ, ҳам гуфтугӯии минтақаҳои гуногун номонандиҳои чиддие пайдо гаштанд. Оддӣ карда гӯем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хешро пеш гирифт. Ҳамин тавр, аз асри шонздаҳ сар карда метавон дар бораи забони тоҷикӣ чун мафҳуми илмӣ сухан гуфт. Ба ин маром забони тоҷикиро забони аҳолии форсизабони Осиёи Миёна аз садсолаи XVI-ум минбаъд донистан ҷоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдовараш шудем, дар дохили худи забони тоҷикӣ низ фарқиятҳо арзи ҳастӣ кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри XIX омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳои маҳалҳои гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳанӯз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш кӯшиш ба харҷ дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳои душвору такаллуфомез барӣ гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани меъёри ягонаи забон дар айёми Шӯравӣ олимон ва адибони тоҷик бо сарварии Садриддин Айнӣ анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адабӣ забони классикии aсрҳои XVI-XIX бидуни арабизмҳои душворфаҳми он гирифта шуд, валекин сохти грамматикӣ ва лексикаи забони навбунёди тоҷикиро шеваи мардуми тоҷикзабони водии Зарафшон, аз ҷумла Бухорову Самарқанд ташкил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтаи тоҷик он буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқӣ мондааст. Дар ин забон, яъне забони расман тоҷикӣ, дар солҳои Шӯравӣ адабиёти бисёр интишор гардид ва забони тоҷикӣ нашъунамо ёфт. Дар асри ҷаҳонишавӣ форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба ҳам наздик шуда истодаанд ва дар оянда метавон гуфт, ки ин се шоха боз як забони умумро ифода кунанд ва барои 222 миллион порсигӯ забони ҳаставӣ қарор гирад.
Ба қавли андешамандони тоҷик нахустин шеъри нави форсӣ дар Осиёи Миёна ба воситаи шоир, нависанда ва муборизи настӯҳи роҳи озодии тоҷикон Садриддин Айнӣ суруда шудааст. С. Айнӣ ин шеърро дар соли 1918 суруда аст. Аз соли 1930, бештар ба мадҳи низоми коммунистӣ мепардозад. Шоироне чун Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Боқи Раҳимзода ва дигарон мазомине чун ҷанги меҳанӣ алайҳи Олмони нозӣ, васфи ҳизби коммунисти Шуравӣ, ситоиши миллати бузурги рус, пролетариат ва ҳамбастагии хурдамиллиятҳои шуравии собиқро ба мазомини аслии шеъри худ табдил месозанд. Дар ин давра шеъри тоҷик ба шиддат идиулужизада аст ва дар хидмати сиёсатҳои давлати Шуравӣ ва ҳизби коммунист. Дар ҳамин давра аст, ки хати форсӣ ба хати лотинӣ табдил шуда ва шеъри тоҷикон аз баданаи бузурги шеъри форсӣ ҷудо мешавад. Ин вазъ то соли 1960 мелодӣ тадовум меёбад ва аз ин сол то соли 1985, ки марҳалаи саввуми шеъри муосири тоҷик шурӯъ мешавад идома меёбад. Миёнаи солҳои 1960 то 1985 давраи таҳаррукоти ҷадид ва зуҳӯри андешаҳои нав дар шеъри тоҷик аст. Ин замон аз по ба арсаи сухан гузоштани устод Муъмин Қаноат, ки ба Нимои Миёнрудон маъруф аст, шурӯъ мешавад. Гуфтанист шеъри форсӣ дар Осиёи Миёна бавижа Тоҷикистон дар ҳеч даврае ба ин андоза ба рукуд мувоҷеҳ нагардида буд. Ҳатман маърӯф аст, ки уламо, шуаро ва рушанфикрони тоҷик дар ҷамъи хонаводаҳояшон ба забони русӣ суҳбат мекарданд ва инро навъе престижи иҷтимоӣ медонистанд. Дар ҳамин давра аст, ки сиёсати мадании ҳизби коммунист, ки ҳадафи он идғоми тамоми арзишҳои фарҳангии миллатҳои кучактар дар даруни фарҳангу забони русӣ, дар ҳоли иҷро аст. Дар ҳамин овони ҳасрат аст, ки чанд ҷавон вориди маърака мешаванд ва масири ҷадиде барои таърих, забон ва фарҳангашон хилофи ҷараёни вайронгари мавҷуд эҷод мекунанд. Инон иборатанд аз устод Муъмин Қаноат, ки оғозгари ин раванд аст, устод Бозор Собир ва устод Лоиқ Шералӣ ба дунболи ӯ. Инон нахустин касонеанд, ки дар пайкари мурда ва берӯҳи шеъри тоҷик рӯҳи тоза медаманд ва барои мардуме, ки дар сарошеби суқут дар аъмоқи фарҳанги бегонаанд, умед эҷод мекунанд. Устод Муъмин Қаноат дар ҷавоби ононе, ки забони воҳиди форсиро ба се ном мехонанд ва дар ин номгузориҳо нияти сӯъ доранд, мегӯяд:
Форсӣ гӯӣ дарӣ гӯӣ варо
|
Устод Муъмин Қаноат дар ашъор ва достонҳои дигаре чун достони “Тоҷикистон исми ман” ба дифоъ аз фарҳангу таърихи дурахшони миллати хеш мепардозад.
Устод Бозор Собир низ эътирози худро дар баробари вазъи мавҷуд бо мавзӯи забон баён мекунад. Шеъри забони модарии ӯ баёнгари таърихи дардноки миллати тоҷик аст.
Ҳар чи ӯ аз моли дунё дошт, дод
|
Ё устод Лоиқ дар шеъри “Забони модари” мегӯяд:
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае
|
Ба ҳамин тартиб, то соли 1989 мелодӣ ба ғайр аз ҳизби Коммунист ҳизби игаре ҳақи мавҷудият надошт то ин ки тоҷикҳо дар соли 1989 дар як ҷунбиши мадании худҷӯши мардуми ҳукуматро водоштанд, ки забони форсии тоҷики ба унвони забони расмӣ шинохта шавад. Бар ҳамин поя аввалин Қонуни забони форсии тоҷикӣ дар ҳамин сол ба татствиб расид ва мардум муштоқона даста- даста ва гурӯҳ-гурӯҳ бо ташкили клосҳои давлатӣ ва хусусӣ ба омӯзиши хати форсӣ пардохтанд, аммо ҷанги дохилии солҳои 1992—1997 ин равандро мутаваққиф сохт.[1]
Сарчашма
вироиш- Jeremias, Eva M. (2004). "Iran, iii. (f). New Persian". Encyclopaedia of Islam. 12 (New Edition, Supplement ed.). pp. 432. ISBN 90-04-13974-5.