Ҳамроқул Шодиқулов
Ҳамроқул Шодиқулов — мунаққид, адабиётшинос, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974)
Ҳамроқул Шодиқулов | |
Таърихи таваллуд | 18 май 1938 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 10 декабр 2007 (69 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Самарқанд |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994), Ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1970) ва Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ (1982), Нишони «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1975) ва Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» «Барои кори фаъолона» (ду маротиба). |
Зиндагинома
вироишҲамроқул Шодиқулов 18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, солҳои 1961—1963, дар мактаби миёнаи № 12 ноҳияи Сариосиё омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва мудири бахши таълим будааст. Соли 1963 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор пардохта, дар вазифаҳои лаборант (1963—1965), ходими илмӣ (1965—1968), коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи АИ СССР (1966—1968), котиби илмӣ (1968—1970), муовини директор (1970—1987) ва мудири шуъбаи адабиёт (1987—2003)-и Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият бурдааст. Муддате роҳбари Маркази матбуоти Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ будааст. Мунаққиду адабиётшиноси варзидае буда, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994) гардид. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Помир», мухбири маҷаллаи «Вестник» (чопи Маскав) дар Тоҷикистон, котиби масъули Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ будааст. Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 10 декабри соли 2007 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
вироиш16 рисолаи илмии оммавӣ, 6 монография, беш аз 300 мақолаю тақриз зодаи заҳмати ӯстанд. Офаридаҳояш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрияҳои гуногуни Тоҷикистону Русия, Украинаву Белоруссия, Литваву Молдова, Полшаву Фаронса, Туркманистону Татористон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Афғонистон ва ғ. ба табъ расидаанд, ки «Мирсаид Миршакар ва Ленниномаи ӯ» (1972), «Устоди шуҳратманди ҳаҷв» (1976), «Реализми танқидӣ» (1976), «Инқилоби Октябр ва адабиёти тоҷик» (1984), «Абулқосим Лоҳутӣ ва пайвандҳои адабӣ» (1987), «В стремительном вихре жизни» (Маскав, 1986), «Таронасарои Ватан» (1987), «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» (2003, дар ҳамқаламии Абдувалӣ Давронов) ва ғ. аз ҷумлаи онҳостанд. Бахши назми солҳои 30-юми рисолаи бунёдии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» ва бобҳои марбути робитаҳои адабии тоҷику қирғиз ва тоҷику қазоқи монографияи дастҷамъии «Раванди муосири адабиёт ва баҳамтаъсиргузории адабиёти халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» (ба забони русӣ) аз офаридаҳои ӯстанд. Дар кори тарҷумаи русии асарҳои ҷудогонаи Устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ.Юсуфӣ, Б.Раҳимзода ва ба забони тоҷикӣ мунташир сохтани осори алоҳидаи Л. Н. Толстой, А. С.Пушкин, А. П. Чехов, М. Е. Салтиков-Шедрин, М. Ю. Лермонтов, В. В. Маяковский ва ғ. саҳми арзанда дорад. Баргардонӣ ва таҳтуллафзи баъзе шеъру достонҳои Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода,Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Юсуфӣ, «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ, қисмҳои партофташудаи «Ғуломон» ва «Ёддоштҳо» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Бо ширкати бевосита ва пешгуфтору охирсухану тавзеҳоти ӯ мунтахаби осори Ҳ.Юсуфӣ (ду нашр), Б.Раҳимзода, С.Рабиъӣ ва тарҷумаи иддае аз асарҳои Л. Толстой, А.Чехов В.Маяковский ба забони тоҷикӣ ба табъ расидаанд. Дар таҳияи феҳристҳо, таълифи мақолаҳо барои энсиклопедияҳои Тоҷикистон, Украина, Белоруссия, қомуси «Душанбе» ва луғатҳои энсиклопедии адибони алоҳида (Т. Г. Шевченко, Я.Купала, Я.Колас, М.Авезов ва диг.) ҳиссагузор будааст. Як силсила мақолаю тақризҳои ӯ дар бораи эҷодиёти А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, М.Турсунзода, Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, А. Шукӯҳӣ, Р. Амонов ва дигарон дар нашрияҳои бонуфузи Русия («Советская литература», «Дружба народов», «Литературная газета», «Литературное обозрение», «Вопросы литературы») ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Киностудияи «Тоҷикфилм» дар асоси филмномаҳои ӯ филмҳои дубахшаи «Садриддин Айнӣ» (1978) ва «Алоқа: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша»-ро (1998) ба навор гирифтааст. Солҳои 1974—1991 созмондиҳанда ва барандаи барномаҳои махсуси адабӣ дар телевизиони ҷумҳурӣ будааст. Солҳои 1979—1988 муҳарририи нашрияи Академияи илмҳо ва ҷамъияти «Дониш» «Уфуқҳои илм» («Горизонты науки» — «Илм ва ҳаёт»-и имрӯза)-ро бар уҳда доштааст. Солҳои 1970—2002 котиби илмии Кумитаи Айнӣ ва Президиуми Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, ҳамчун раиси Шӯрои тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, узви Садорати Иттиҳодияи нависандагони шӯравӣ оид ба тарҷумаи бадеӣ (1976—1991), узви раёсати Ҷамъияти «Дониш», узви Комиссияи тафтишотии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ дар тарғиби адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик саҳми шоиста гузоштааст. Муддате котиби илмии Шӯрои дифоъи рисолаҳои докторӣ ва муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, дар таҳияи нақшаву барномаҳои таҳқиқотӣ, ташкилу баргузории конфаронсу симпозиумҳои илмии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳиссагузорӣ кардааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ифтихорномаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1970),
- Нишони «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1975);
- Ифтихорномаи Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ (1982);
- Нишони Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» «Барои кори фаъолона» (ду маротиба);
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994);
- Ифтихорномаи Бозрасии давлатии алоқаи ҷумҳурӣ (2004).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.300 — 301 ISBN 978-99947-2-379-9