Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Тағйири масир аз Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — дуюм вазифаи баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сарвазирро бино ба Моддаи 69 Сарқонуни Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ё озод мешавад[2].
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1]. | |
Пайдошавии вазифа | 25 июн 1991 |
Сарвазири кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мебошад, ки ба фармони президенти Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Феҳристи сарвазирони Тоҷикистон аз соли 1925
вироишРаисони Шӯрои Комиссарҳои Халқӣ
- Нусратулло Махсум (1925 —1926)
- Пӯлод Усмон Хоҷаев (декабри 1926 — 1928)
- Муъмин Хоҷаев (марти 1928 — декабри 1929
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929-1991)
вироишРаисони Шӯрои Комиссарҳои Халқӣ
- Абдурраҳим Ҳоҷибоев (декабри 1929 — декабри 1933)
- Абдулло Раҳимбоев (декабри 1933 — феврали 1937)
- Ӯрунбой Ашӯров (феврал — сентябри 1937)
- Маҳмадалӣ Қурбонов (сентябри 1937 — апрели 1946)
Раисони Шӯрои Вазирон
- Ҷаббор Расулов (апрели 1946 — 29 марти 1955)
- Турсун Ӯлҷабоев (29 марти 1955 — 25 майи 1956)
- Назаршо Додхудоев (25 майи 1956 — 12 апрели 1961)
- Абдулаҳад Қаҳҳоров (12 апрели 1961 — 24 июли 1973)
- Раҳмон Набиев (24 июли 1973 — 20 апрели 1982)
- Қаҳҳор Маҳкамов (26 апрели 1982 — 26 январи 1986)
- Иззатулло Ҳаёев (26 январи 1986 — 6 декабри 1990)
Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-то ҳол)
вироишСарвазирон
- Иззатулло Ҳаёев (25 июни 1991 — 9 январи 1992)
- Акбар Мирзоев (9 январи 1992 — 21 сентябри 1992)
- Абдумалик Абдуллоҷонов (21 сентябри 1992 — 18 декабри 1993)
- Абдуҷалил Самадов (18 декабри 1993 −2 декабри 1994)
- Ҷамшед Каримов (2 декабри 1994 — 8 феврали 1996)
- Яҳё Азимов (8 феврали 1996 — 20 декабри 1999)
- Оқил Оқилов (20 декабри 1999 — 23 ноябри 2013)
- Қоҳир Расулзода (23 ноябри 2013 — то ҳол)
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қоҳир Расулзода // PRESIDENT.TJ — Д., 23 ноябри 2013
- ↑ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.ombudsman.tj/tj/konstitutsiya.php Бойгонӣ шудааст 17 Декабри 2015 сол.