Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода (Абдуллозода Аҳтам Рустам; 31 октябри 1980, деҳаи Андароб, ноҳияи Кӯлоб, вилояти Кӯлоб) — ходими давлатӣ, Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи Футболи Тоҷикистон.
Абдуллозода Аҳтам Рустам | |
Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
18 ноябри 2020 — то имрӯз | |
24 январи 2020 — 18 ноябри 2020 | |
12 июни 2014 — 24 январи 2020 | |
Таваллуд | 31 октябр 1980 (44 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Абдуллоев Аҳтам Рустамович |
Таҳсилот | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Касб | ҳуқуқшинос |
Ҷоизаҳо | Хидмати шоиста |
Хидмати сарбозӣ | |
Рутба | полковник |
Зиндагинома
вироишАҳтам Абдуллозода 31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ гаштааст.
Хонавода
вироишАҳтам Абдуллозода оиладор буда ва 3 фарзанд дорад.
Фаъолият
вироишСолҳои 2002—2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии «Иқлим» ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ «Юнитекс» фаъолият намудаст. Соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014—2017 раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2017 то 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Аз 24 январи соли 2020 то 18 ноябри 2020 дар вазифаи муовини аввали Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва аз 18 ноябри 2020 дар вазифаи Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз фаъолият мекунад.
Унвону ҷоизаҳо
вироишРутбаи ҳарбии полковник дошта, бо медалҳои ҷашнии «80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа», «85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон», «15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» ва «20 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 солагии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ҷоизаву унвонҳо
вироишСоли 2016, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.
Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (аз 2014 то 2020), муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 январи 2017 то 28 декабри 2021) ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.[2]
Корҳои илмӣ
вироишМуаллифи китобҳои "Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ (зери таҳрири Бобоев У.Х.). Душанбе (2011. 362с. Дар ҳаммуаллифӣ); Пешвои миллат бо ҷавонон (Душанбе 24.12.2018); Концессионные договоры. Перспективы и развитие.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Муовини аввали Озода Раҳмон: подполковник Аҳтам Абдуллозода кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20200127T1832+0500). 22 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Тарҷумаи ҳоли Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ. Сомонаи расмии Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- ↑ Китобҳои чопшудаи муаллиф Аҳтам Абдуллозода. Сомонаи расмии Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ.