Сохтори нерӯҳо (форсӣ: ساختار نیروها‎) сохторе барои созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ дар кулл ва ягонҳои размӣ аст, ки дастабандии беҳина аз таркибу шумор, теъдод ва намудҳои ҷангафзору размафзорҳо барои нигаҳдории омодагии размӣ ва тавонмандии онҳо барои ҷангиданро фароҳам месозад[1].

Сохтори нерӯҳо бахше аз созмондеҳии нерӯҳои мусаллаҳ аст ва дар дастабандии онҳо дар ягонҳои сохтории роҳкунишӣ, амалиётӣ, амалиётӣ-роҳбурдӣ ва роҳбурдӣ бозтоб меёбад, ки зербахшҳо, бахшҳо, ягонҳои роҳкунишӣ ва ягонҳои бузурги шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, нерӯҳои вижа ва хадамотро дар бар мегирад[2].

Ягонҳои артишӣ

вироиш

Ягони артишӣ созмоне дар даруни нерӯҳои мусаллаҳ аст. Ҳар ягон метавонад чандини сарбоз, нов, сарбозбар ё ҳавогардро дар бар бигирад. Ҳар се нерӯи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба таври пойгонӣ ба ягонҳои гуногуни хурду бузурге бахш шудаанд. Ин ягонбандиҳо ба мудирияти беҳтари коркардӣ, тактикӣ ва идории нерӯҳои мусаллаҳ ёрӣ мерасонад. Ба шеваи тақсими ин ягонҳо дар набардгоҳ ё размоишгоҳ «ороиши низомӣ» мегӯянд.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сохтори нерӯи заминӣ бар дастабандии ягонҳои зер бунёд ёфтааст[2]:

Номи ягонҳо ба забонҳои:
тоҷикӣ русӣ инглисӣ
рада
таҳм
вашт
гурдон
ҳанг
гунд
лашкар
сипоҳ
артиш
отделение
взвод
рота
батальон
полк
бригада
дивизия
корпус
армия
squad
platoon
company
battalion
regiment
brigade
division
corps
army


Созмони низомӣ бар силсиламаротиб бунёд аст. Истифода аз дараҷаҳои расмӣ дар як сохтори силсиламаротибӣ дар сипоҳи Ҳахоманишиён умумият пайдо кард. Дар замони кунунӣ кунтрули иҷроӣ, мудирият ва идораи созмонҳои низомӣ маъмулан дар давлат ва аз тариқи яке аз вазоратхонаҳо ба номи Вазорати дифоъ ё Вазорати ҷанг анҷом мешавад. Ин вазоратхона низ он даста аз нерӯҳоеро, ки масъули набард, пуштибонии размӣ ва пуштибонии хадамотии ягонҳо ҳастанд, мудирият мекунад.

Сохтори нерӯҳо

вироиш
Намод Ягонҳои артишӣ Шумори нерӯҳо Шумори ягонҳои вобаста Фармондеҳ
 
 
артиш 40 000 + 2 + сипоҳ артишсолор
 
 
сипоҳ 20 000 — 40 000 2 — 6 лашкар сипаҳсолор
 
 
лашкар 5 000 — 20 000 2 — 6 гунд лашкарсолор
 
 
гунд 1 500 — 5 000 2 — 6 ҳанг гундсолор
 
 
ҳанг 700 — 1 500 2 — 6 гурдон сарҳангёр, сарҳанг
 
 
гурдон 150 — 700 2 — 12 вашт таҳморо, сарвашт, саргурд, сарҳангёр, сарҳанг
 
 
вашт 50 — 150 2 — 8 таҳм, 6 — 10 рада таҳмдор, таҳморо, сарвашт, саргурд
 
 
таҳм 10 — 50 2 — 6 рада размпардоз, размсоз, таҳмовар, таҳмдор, таҳморо, сарвашт
 
 
рада 5 — 10 2 гурӯҳ размовар, размдор, разморо, размозмо, размпардоз
 
 
гурӯҳ 2 — 5 0 размюз, размовар
  1. Коллектив авторов. статья «Организация войск» // Военно-энциклопедический словарь / Под ред. С.Ф. Ахромеев. — М.: Воениздат, 1986. — С. 517—518. — 863 с. — 150 000 экз.
  2. 2.0 2.1 Коллектив авторов. Том 6, статья «Организация войск» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 105—109. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.