Сипоҳ
Сипоҳ (форсӣ: سپاه) — ягоне амалиётӣ-тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва ё ороише аз ягонҳо барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус[1][2].
Вожашиносӣ
вироиш«Сипоҳ» (форсӣ: سپاه [sipāh] < порсии миёна: spāh < порсии бостон: spāda- < эронии бостон «*spāda-» эҳтимолан аз √spa-d- ‘андохтан, пеш андохтан; равона кардан; фиристодан’[3]) яке аз куҳантарин истилоҳоти низомӣ дар забонҳои эронӣ аст, ки дар авестоии пешин: spāda-, авестоии пасин: spāδa-; паҳлавӣ: *spāδ, ispāδ; суғ. ǝspāδ; балхӣ: σπαλο, ασπαλο будааст. Аз ин вожа дар порсии бостон «*spāda-pati-» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ «spāδpat : spāδbad», дар порсии миёна «spāhpat : spāhbed», дар суғдӣ «spāδpaδ», дар балхӣ «σπαλοβιδο : ασπαλοβιδο» ва дар форсии дарӣ «сипаҳбад» (форсӣ: سپهبد) гаштааст[4]. Ҳамчунин аз «сипоҳ» дар форсии дарӣ истилоҳи «сипаҳсолор» (форсӣ: سپهسالار) сохта шуда, ки бо сипаҳбад мутародиф будааст[5]. Аз ин рӯ, истилоҳоти «сипоҳ» ва «сипаҳсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «корпус» (аз лот. corpus «андом») ва дараҷаи низомии «генерал-полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[6].
Сипоҳи Ҳахоманишиён
вироишСипоҳи Ҳахоманишиён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
*daθa- | 10 сарбоз | *daθapati- |
*θata- | 100 сарбоз | *θatapati- |
*hazāra- | 1 000 сарбоз | *hazārapati- |
*baivara- | 10 000 сарбоз | *baivarapati- |
*spāda- | 60 000 сарбоз | *spādapati- |
Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) дар оғоз «*kāra-» номида мешуда, вале сипастар, ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон дода шуданд, «*spāda-» [сипоҳ] хонда шудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз даҳ сарбоз як рада ташкил мешуда, ки «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳбад] хонда мешудааст[7]. Аз даҳ рада як гурдон ташкил мешуда, ки «*θata-» [сада] хонда ва фармондеҳаш «*θatapati-» [садабад] номида мешудааст[8]. Даҳ гурдон як ҳангро ташкил медодаанд, ки «*hazāra-» [ҳазора] номида ва фармондеҳаш «*hazārapati-» [ҳазорбад] хонда мешудааст[9]. Аз даҳ ҳанг як лашкар ташкил мешуда, ки «*baivara-» [бевара] хонда ва фармондеҳаш «*baivarapati-» [беварбад] номида мешудааст[10]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён «*spādapati-» [сипаҳбад] хонда мешуд[11].
Сипоҳи Ашкониён
вироишСипоҳи Ашкониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
*radak | 10 сарбоз | *radakpān |
wast | 100 сарбоз | wast-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 10 000 сарбоз | gund-sālār |
spāδ | 50 000 сарбоз | spāδpat ё spāδbad |
Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м. — 224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (312 — 64 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт[12]. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст[13]:
Дар сипоҳи Ашкониён садаҳо ба забони паҳлавӣ wast [васт], ҳазораҳо — drafš [дирафш], бевараҳо — gund [гунд] номида мешуданд[14]. Сардорону фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд. Ҳар ҳазора ё ҳанге барои худ парчами аждаҳопайкаре дошт, ки ба забони порсии миёна: «drafš» номида мешуд (аз «*drafša-» дар эронии бостон, ки авестоӣ: «drafšā-», «arδašf» / «ərδəšf» дар забони суғдӣ ва «λraφo» дар забони балхӣ аз он рӯидаанд[15]). Аз ин рӯ, ин ягонҳоро «дирафш» меномиданд. Дирафшҳои аждаҳопайкар дар Эронзамин аз замони подшоҳии Ҳахоманишиён ба кор мерафтаанд. Бино ба ривояте, дирафши аждаҳопайкарро Куруши Кабир аз осуриён вом гирифта буд ва он то поёни подшоҳии Дорои Севум дар сипоҳ ба кор мерафт. Искандари Мақдунӣ пас аз пирӯзӣ бар Доро ин дирафшро парчами расмии подшоҳии Мақдуния карда буд, аммо пас аз пирӯзии румиён бар мақдуниҳо «дирафши аждаҳопайкар» ба дасти фарзандони Ромул уфтод. Ин дирафш дар подшоҳии Руми Шарқӣ низ боз мондаву ба кор мерафтааст[16].
Сипоҳи Ашкониён низ чун сипҳи Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳаш spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд[17]. Сипоҳи Ашкониён аз нерӯмандтарин артишҳои ҷаҳони бостон буда ва борҳо сипоҳи Румро шикаст додааст. Номи қавмии паҳлавҳо дар забони форсӣ чун «паҳлавон» боз мондааст. Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба «гунд», «дрош» ва «вашт» бахшбандӣ мешуд[18]. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. «Վաշտ» [вашт], ҳанг — «գունդ» [гунд] ё «Զորագունդ» [зӯрагунд], полковник — «Գնդապետ» [гндапет] ва генерал-полковник — «գեներալ—գնդապետ» [general-gndapet] номида мешаванд.
Сипоҳи Сосониён
вироишСипоҳи Сосониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
radag | 10 сарбоз | *radagbān |
tahm | 100 сарбоз | tahmdār |
wašt | 500 сарбоз | wašt-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 5 000 сарбоз | gund-sālār |
spāh | 10 000 сарбоз | spāhbed |
artēštārān | artēštārān-sālār |
Сипоҳи Сосониёнро низ «spāh» (сипоҳ) меномиданд, ки бузургтарин ягони он «gund» (гунд)[19] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехонданд[20]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм)[21] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[22] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[20], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[20], сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор)[23] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд.
Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд[24]. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Сосонӣ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) номида мешуд[25][26].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 164; 441. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ Коллектив авторов. Том 4, статья «Корпус» // Военная энциклопедия / Под ред. Сергеев И. Д.. — М.: Воениздат, 1999. — С. 204-209. — 583 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1665.
- ↑ Саймиддинов, Додихудо. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с. – с. 226
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 243.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
- ↑ W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
- ↑ Hinz, op. cit., p. 240
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
- ↑ Marquart, op. cit., p. 19 n. 84
- ↑ Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391. – саҳ. 55 – 95
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Расторгуева В. С., Эдельман Д. И.. Этимологический словарь иранских языков. Т.2. b—d. — М.: «Вост. лит.», 2003 г. — 502 с. — стр. 348. ISBN 5-02-018124-2
- ↑ Арсеньев Ю. В. О геральдических знаменах. СПб, 1911, с. 5-6. Цит. по: Дмитриев С. В. Знаменный комплекс в военно-политической культуре средневековых кочевников Центральной Азии (некоторые вопросы терминологии и морфологии)
- ↑ A. Sh. Shahbazi, “ARMY i. Pre-Islamic Iran,” Encyclopædia Iranica, II/5, pp. 489-499
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ 20.0 20.1 20.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 8 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
- ↑ Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18
... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18
В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
- ↑ Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291