Рада
Рада (форсӣ: «رده») — хурдтарин ягони тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду – панҷ сарбоз ташкил шуда ва бахше аз гурӯҳ аст; ҷуха (форсӣ: «جوخه»)[1]; звено[2].
Ягонҳои низомӣ | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
Рада | 2—5 | Радабон |
Гурӯҳ | 5—10 | Гурӯҳбон |
Таҳм | 10—50 | Таҳмбон |
Вашт | 50—150 | Сарвашт |
Гурдон | 150—700 | Саргурд |
Ҳанг | 700—1 500 | Сарҳанг |
Гунд | 1 500—5 000 | Гундсолор |
Лашкар | 5 000—20 000 | Лашкарсолор |
Сипоҳ | 20 000—40 000 | Сипаҳсолор |
Артиш | 40 000 + | Артишсолор |
ВожашиносӣВироиш
«Рада» (порсии миёна: radag[3] > порсии бостон: ratak > эронии бостон:*rata-ka- > ҳиндуэронӣ: *4ar- : r̥- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан»[4]) ҳамчун истилоҳи низомӣ дар замони Сосониён (224 — 651 милодӣ) ба кор мерафтааст. Чунончи, дар деворнавиштаҳое ба забони порсии миёна аз солҳои 253 – 255 милодӣ, ки дар канисаи яҳудии шаҳри бостонии Дура-Европос бозёфт шудаанд, ибораҳои «дабири рада» (порсии миёна: dibīr-ī radag) ва «дабири таҳм» (порсии миёна: dibīr-ī tahm) бозхонӣ шудаанд[5]. Чун сипоҳи Сосониён бар бахшбандии даҳдаҳӣ созмон ёфта буд[6] ва ягонҳои бузурге чун гунд ва сипоҳ «дабири гунд» (порсии миёна: *gund-dibīr) ва «дабири сипоҳ» (порсии миёна: *dibīr-ī spāh) доштаанд[7], гумон меравад, ки «рада» хурдтарин ягони размӣ будааст[8].
«Рада» ба маънии «саф, қатор, раста» дар «Шоҳнома» низ ба кор рафтааст[9]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Рада баркашида сипоҳаш ду мил,
Ба дасти чапаш ҳафтсад жанда пил[11].
Бино бар ин пешина ва додаҳо, «рада» ва «радабон», ки аз он сохта шудааст, барои ҷойгузинии истилоҳи «звено» ва дараҷаи низомии «ефрейтор» (аз олмонӣ: Gefreiter «озодшуда (аз бархе аз хадамот)») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[12].
ЭзоҳВироиш
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 95
- ↑ Коллектив авторов. Том 3, статья «Звено» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёва. — М.: Воениздат, 1995. — С. 268. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 70
- ↑ Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 205
- ↑ Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 53
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 143.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 363
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 115
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной