Таҳм (форсӣ: تهم‎) — ягони размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[1], взвод[2][3].



Намоди стандарти НАТО барои таҳм

ВожашиносӣВироиш

Таҳм, бино бар истилоҳи паҳлавӣ: tagm(a)dār, ки дар сафолнавиштаҳои бойгонии Ашкониён аз шаҳри бостонии Нисо бозхонӣ шуда, вомвожа аз истилоҳи низомии Руми Шарқӣ аст: паҳлавӣ: tagm(a)dār < юн.-қад. τάγμαҳанг’ < паҳлавӣ: tahmīhнерӯ; тавон’ + паҳлавӣ: -dārдоранда; фармондеҳ’ < паҳлавӣ: tahmdārфармондеҳи таҳм’ = юн.-қад. τάγματάρχηςфармондеҳи тагма[4][5].

Истилоҳи юн.-қад. «τάγμα» дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: tahmīhнерӯ; тавон’ (аз эронии бостон: *taxma- < √*tak-тохтан, давидан’ < порсии миёна: taḥmīh < форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[6]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[7].

Бино бар ин, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмбон» ва «таҳмовар» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти калон» ва «лейтенанти хурд» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[8].

ПешинаВироиш

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Таҳм ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224) дар пайравӣ аз «тагма» (юн.-қад. «τάγμα») дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ташкил шуда ва ягоне буда, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифтааст.

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[9], низ яке аз ягонҳо таҳм (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[10].

Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд рада (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[11].

Фармондеҳӣ ва шумори нерӯҳоВироиш

Фармондеҳии таҳм маъмулан ба яке аз саркардагон ё размсозон ва гоҳе низ гурӯҳбонҳо вогузор мешавад. Ҳамакнун фармондеҳӣ ва шумори нерӯҳои таҳмҳои тароразмӣ (таҳмҳои муҷаҳҳаз ба худравҳои зиреҳӣ барои таробарӣ ва разм) ва танкӣ дар артиши кишварҳои гуногун тақрибан яксон аст[3]. Дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои НАТО (Амрико, Олмон, Фаронса ва чанде дигар) таҳми пиёдагони мутурӣ аз 3 радаи пиёдагони мутурӣ ташкил мешавад. Дар нерӯҳои мусаллаҳи бархе дигар аз кишварҳо таҳм ҳамчунин радаи фармондеҳиро низ дар бар мегирад[3].

Таҳм дар ягонҳои размии Артиши Шуравӣ (ягонҳои тароразмӣ, танкӣ, оташборгонӣ ва ҳаводурбу чатрбоз) аз се рада ташкил мешуд. Шумораи нерӯҳои таҳм ба хешкории он вобаста аст. Масалан, дар Артиши Шуравӣ дар охири солҳои 1980-ум, таҳмҳо вобаста ба хешкорияшон чунин шумор доштанд[12]:

  • таҳми тароразмӣ (дар худрави размии пиёдагон / зиреҳпӯшҳо) — 28 кас;
  • таҳми танкӣ (ҳанги тирандози савора) — 12 кас;
  • таҳми танкӣ (ҳанги танкӣ) — 9 кас;
  • таҳми фармондеҳии гурдони оташборгони тӯпвора — 20 кас;
  • таҳми танкзании гурдони пиёдагони мутурӣ — 28 кас;
  • таҳми омод (гурдони пиёдагони мутурӣ / гурдони оташблоргон) — 20 кас;
  • таҳми иртиботу мухобироти гурдони пиёдагони мутурӣ — 14 кас;
  • таҳми ҳавогардзании мушакии гурдони тирандози мутурӣ — 13 кас;
  • таҳми норинҷакандози гурдони тирандози мутурӣ — 22 кас;
  • таҳми минандозӣ — 24 кас.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Русия як таҳми тароразмӣ аз 2 — 4 радаи тирандозӣ иборат аст. Таҳм мусаллаҳ ба ҷангафзорҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ аст.

Таҳмҳои тирандози савора ва танкӣ метавонанд ҳам дар таркиби вашт амалиёт анҷом диҳанд ва ҳам масъулиятҳои мустақиле чун посдорӣ ва парведорӣ дошта бошанд. Бар пояи ойинномаҳои ҷангии Шуравӣ ва Русия, ҳангоми амалиёти падофандӣ таҳмҳои тирандози савора ва танкӣ масъули дифоъ аз нуқтаи муқовимат ба паҳнои 400 метр ва жарфои 300 метр ҳастанд. Ҳангоми амалиёти офандӣ таҳм дар ҷабҳае ба паҳноии 300 метр амал мекунад[13]. Дар артиши дигар кишварҳо низ ҳамин нишондиҳандаҳо ба кор мераванд[14].

Дар Артиши Амрико таҳми пиёдагони мутурӣ афзун бар 3 радаи пиёдагони мутурӣ (ҳар кадоме 9-касӣ) як бахши фармондеҳиро низ дар бар мегирад, ки шумори нерӯҳои онро ба 35 кас мерасонад[15]. Таҳми танкӣ низ ҳамчун таҳм бахши фармондеҳӣ дорад. Шумори нерӯҳои таҳми танкӣ 16 кас аст[14].

Таҳми пиёдагони мутурии Артиши озодибахши халқи Чин аз 3 радаи пиёдагони мутурӣ (ҳар кадоме 12-касӣ) ва бахши фармондеҳӣ ташкил мешавад. Аммо бар хилофи кишварҳои НАТО бахши фармондеҳии таҳм дар артиши Чин танҳо фармондеҳи таҳм ва муъовини ӯро дар бар мегирад, ки дараҷаи гурӯҳбонӣ дорад. Шумори нерӯҳои ин таҳм 38 кас аст[14].

Таҳми пиёдаи Нерӯҳои худбонии Ҷопон 39 сарбоз дорад, ки аз 3 радаи пиёдагон (ҳар кадоме 11-касӣ) ва бахши фармондеҳӣ (6 кас) иборат аст[14].

ЭзоҳВироиш

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 107. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 275.
  3. 3.0 3.1 3.2 Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1. – сс. 13; 223
  5. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  6. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 923—924
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
  8. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  9. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  10. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos)
  11. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
  12. Коллектив авторов. Раздел «Motorized rifle regiment structure» // Field Manual No. 100-2-3 «The Soviet Army:Troops, Organization, and Equipment» / Под ред. Carl E. Vuono[en]. — Вашингтон: US Government Printing Office, 1991. — С. 32-66. — 456 с.
  13. «Боевой устав по подготовке и ведению общевойскового боя. Часть II. Батальон, рота». — М.: ВоенИздат, 2006. — С. 73-74, 179. — 701 с.
  14. 14.0 14.1 14.2 14.3 Байрамуков Ю. Б. Драбатулин Е. А. «Общая тактика. Сухопутные подразделения армий иностранных государств». Учебное пособие / Под ред. Вейсова Л. И.. — Красноярск: Полиграфический центр СФУ, 2011. — С. 4-5, 23-24,. — 80 с. — 100 экз. — ISBN 978-5-7638-2423-0.
  15. Александров И. Статья «Мотопехотный батальон „тяжёлых“ формирований США». Журнал «Зарубежное военное обозрение». № 7, 1989. стр. 20-21