Комила Камолованависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010) Доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд (2016)

Комила Камолова
Комила Камолова
Ном ба ҳангоми таваллуд: Комила
Таърихи таваллуд: 16 январ 1956(1956-01-16) (68 сол)
Зодгоҳ: шаҳри Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, тарҷумон
Солҳои эҷод: 1974 — то ҳол
Самт: реализм
Жанр: қисса,ҳикоя, драма
Забони осор: забони тоҷикӣ, забони русӣ
Ҷоизаҳо: Медалҳои ҷашнии Вазорати мудофиа; Нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»; Нишони ифтихории «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»; Медали «Ф.М. Достоевский»-и Федератсияи Россия; Дипломи Иттифоқи нависандагони Русия «Барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ»; Сертефикати Доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд

Зиндагинома

вироиш

Комила Камолова 10 январи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ соҳиби тахассуси дирижёри хор ва муаллимаи мусиқӣ гашта, соли 1979 факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Аз соли 1974 ба тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1986-1992 муҳаррир-тарҷумони маҷаллаи «Чашма» («Родник»), солҳои 1992- 1998 мухбири бахши русии рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» (Хуҷанд) ва мухбири махсуси рӯзномаи «Ҳомии Ватан»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ (дар вилояти Суғд) буда, ба забони русӣ ҳикоя ва мақолаю мусоҳибаҳо навиштааст. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи силсилаи ҳикояҳо барои кӯдакон, тартибдиҳанда ва тарҷумони «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1991) аст. Аз тоҷикӣ ба русӣ силсилаи асарҳо, аз ҷумла қиссаҳои «Барфи аввал», «Давлати сарам, модар», «Кимиёкаҳ», мунтахаби ҳикояҳову драмаҳои «Ишқ ва шамшер», «Рухшона», «Искандар ва Спитамен», романи «Куруши Кабир»-и Б. Абдураҳмонов, романҳои «Суғдзод аз Сурхкат» ва «Нақби Истиқлол»-и Б. Муртазоев, қиссаҳои «Куҷоӣ, ту, аё мақсуди дастнорас?!», «Барфи охирин» ва резаҳикояҳои А. Абдуҷаббор, китоби «Тоҷикон ва русҳо»-и М. Ҳотам, қиссаи «Нишони зиндагӣ»-и К. Мирзо, ҳикояҳои «Насрин»-у «Чашма»-и Р. Ёрмуҳаммад, «Соате, ки ду бор фарёд мезанад»-и А. Рабиевро ба гунае шево тарҷума кардааст, ки дар рӯзномаву маҷалла ва нашрияҳои ватанию хориҷӣ ба чоп расидаанд. Бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тарҷумаи китобҳои Н. Салимов ва А. Шарифов «Тоҷики оламшумул» ва «Маорифпарвар», А. Асадов ва А. Шарифов «Тоҷикистон-20» «Тиллои Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун»-ро ба субут расондааст. Соли 1998 дар маҷаллаи «Наш современник» (Русия) қиссаи Б. Абдураҳмонов «Барфи аввал», соли 2011 дар маҷаллаи «Меценат и мир» (Русия) се ҳикояи А. Абдуҷаббор дар тарҷумаи ӯ ба дасти чоп расидаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа;
  • Медалҳои ҷашнии Вазорати мудофиа;
  • Нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»;
  • Нишони ифтихории «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»;
  • Медали «Ф.М. Достоевский»;
  • Дипломи Иттифоқи нависандагони Русия «Барои саҳми арзанда дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ»;
  • Сертефикати Доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.98-99 ISBN 978-99947-2-379-9