Озмуни Байналхалқии Математика

Озмуни Байналхалқии Математика (ОБМ, англ. IMO, International Mathematical Olympiad) — озмуни ҳарсола аз математика барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва миёна. Ин аз ҳама кӯҳнатарин озмунҳои байналмиллалии илмӣ барои мактаббачагон мебошад.

Рамзи озмуни байналхалқии математика

Якум ОБМ соли 1959 дар Руминия гузаронида шуда буд. Аз ҳамон сол сар карда ин озмун ҳар сол гузаронида мешавад (ба ғайр аз соли 1980-ум). Аввал дар озмун толибилмони кишварҳои узви СЭВ иштирок мекарданд, ва баъдтар ҷуғрофияи он васеъ шуд. Соли 2004 шумораи кишварҳои иштироккунанда ба 85 расид. Ҳар як кишварро як гурӯҳ иборат аз шаш (пештара — ҳашт) иштирокчӣ дар бар мегирад, сарвар ва ёрдамчӣ. Иштирокчӣ бояд то синни 20 сола бошад ва дар мактаби олӣ таҳсил накунад.

Озмунҳои гузашта

вироиш

Озмунҳои оянда

вироиш

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш