Орзу Исо
Орзу Исо (Орзу Исоев; зод. 14 октябри 1976, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, шоир ва таронанависи саршиноси тоҷик.
Орзу Исо | |
---|---|
Орзу Исоев | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 14 октябр 1976 (44 сол) |
Зодгоҳ | Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ |
![]() |
Пеша | рӯзноманигор, шоир, таронанавис |
Вебгоҳ | facebook.com/isoevo |
ЗиндагиномаВироиш
Орзу Исо 14 октябри 1976 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Дар чаҳор солагӣ падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва ҳар яке оилаи нав барпо мекунанд[1]. Хатмкардаи бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, соли 2001 мебошад.
ФаъолиятВироиш
Замони донишҷӯ буданаш соли 2000-ум аввал ба ҳайси рассом ба телевизиони Хатлон кор даромада, баъд як сол ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид[2]. Баъдан дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон», «Сафина», як муддат дар «Тоҷикфилм», радиои «Имрӯз» фаъолият карда, айни ҳол дар ТВ «Сафина» фаъолият дорад.
Оиладор соҳиби се фарзанд: ду писар ва як духтар[3].
ЭҷодиётВироиш
Таронаҳои Орзу Исоро хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон, амсоли «Нагӯ-нагӯ»-и Нозияи Кароматулло, «Ту бигӯ ошиқами»-и Нигина Амонқулова, «Сабад-сабад»-и Муҳаммадрофеъи Кароматулло, «Ҷойи ту холӣ»-и Садриддин Наҷмиддин, «Ошнои гумшуда»-и Юлдуз Усмонова, «Сояҳо»-и Ҳабиб Ҳакимов, «Кифоя нест»-и Меҳрнигори Рустам, «Танҳоӣ»-и Шабнами Сурайё, «Ҳамсоябача»-и Нигора Холова сароидаанд[4].
Намунаҳо аз ашъорВироиш
Он сӯи ёдҳоОн суи ёдҳо,
Он ҷо, ки баргро хабар аз тирамаҳ набуд,
Гул хоки раҳ набуд,
Шабҳош бе шаҳомати рухсори маҳ набуд,
Як фард лобалои чаҳорсолагии ман,
Бо исмати рубоби наҳифе
Оҳанг менавохт.
Оҳанги ҳаҷр буд,
Ҳаҷри фариштаҳо.
Ҳаҷри сурури сабз,
Ҳаҷри чаковак аз тани девори кӯдакӣ,
Ҳаҷри баҳор аз дили ночори кӯдакӣ.
Сахт аст, эй маҷид,
Бо чашми хеш дидани овори хешро.
Бо дасти баста бурдани кулвори хешро.
Сахт аст, агар лобалои чаҳорсолагӣ агар,
Он фарди хушнавоз
Отифаро ба мех биовезаду равад.
То баъди си баҳор, ки аслан хазон буд,
Дар ҷустуҷӯи қофилаҳо дар ба дар шавад.
Оҳ, ай Худо, чи гуна тавонам, ки баъд аз ин
Дар лобалои исмати як фарди ношинос
Он вожае, ки ҳеҷ ба сери нагуфтамаш,
Дар ҷамъи панҷ ҳарф
Аз дил ба дар шавад,
Яъне падар шавад!?
ОсорВироиш
Маҷмӯаи ашъори Орзу Исо дар аввалин китоби ӯ бо номи «Он суйи ёдҳо» дар ҳаҷми 220 саҳифа гирд оварда шуда аз ҷониби нашриёти «Эр-граф» интишор гардидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Орзу Исоев: Чеҳраҳои сиёсиро барои худ қаҳрамон интихоб накардаам // Хабаргузории «Озодагон». 9 апрели 2015, 10:24
- ↑ Орзу Исоев: Ман боре ҳам ришва нагирифтаам // «Фараж». 15 марти 2014, 15:28
- ↑ ОРЗУ ПУЛПАРАСТ АСТ? // Медиа-холдинг «Чархи Гардун». 12 январи 2012, 09:27
- ↑ Орзу Исоев: «Интиқод бояд ҳодиёна бошад, на ғаразмандона!» // Сомонаи мустақили чамъиятиву сиёсии Рӯзгор. 19 июли 2013, 16:02
ПайвандҳоВироиш
- Саҳифаи расмии Орзу Исоев дар шабакаи иҷтимоии Facebook
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |