Размюз

(Тағйири масир аз Радабон)

Размюз (форсӣ: رزم‌یوز‎) — дараҷае сарбозӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ба сарбозони омӯзишдида ба подоши дастовардҳояшон дода мешавад ва ҷойгоҳе болотар аз сарбоз ва пойинтар аз размовар дорад ва баробар бо сарновӣ дар нерӯи дарёӣ аст; ефрейтор[1].

Размюз
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: رزم‌یوز
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Размовар
Дараҷаи пойинтар Сарбоз
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарбоз

Размюз
Дараҷаи болотар:
Размовар

Размюз дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ёвари фармондеҳи радаро дорад ва дар сурати ниёз метавонад муваққатан фармондеҳии радаро ба уҳда гирад.

Вожашиносӣ

вироиш

Размюз (порсии миёна: razm-yōzразмҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōzбарангезанда ба разм, размангез’) аз ду вожа сохта шудааст:

разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *razma-рада” < эронии бостон: *raźman-ороиши ҷангӣ” аз √*raź-оростан; тартиб додан, идора кардан”) + юз (порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź-ангезондан; бар ангехтан; юхтан”)[2].

Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «юхтан» (юз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Размюз» ба маънои «размҷӯй, ҷангҷӯй, ҷанговар»[3] дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Зи баҳри тилоя яке кинатӯз,
Фиристод бо лашкари размюз[4].

«Размюз» барои ҷойгузинии дараҷаи низомии «ефрейтор» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[5].

Пешина

вироиш

Размюз ҳамчун ёвари фармондеҳи рада (даҳабад) нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву ба забони порсии бостон: *pasča-daθapati- (нигаҳбони пушти даҳа) хонда мешуда ва фармондеҳи панҷ сарбоз будааст[6].

Ефрейтор ҳамчун дараҷаи сарбозӣ дар Артиши Сурх дар соли 1940 ҷорӣ шуда ва ҷойгоҳе болотар аз қаторӣ ва пойинтар аз сержанти хурд дошт[7]. Ин дараҷаро сарбозоне дарёфт мекарданд, ки давраҳои омӯзиши размро гузаронда ва мақомҳои созмонии зеринро доштанд:

  • тирандоз, норинҷакандоз, тирбор, тактирандоз-нишонзан дар нерӯҳои ҳавобурд, зиреҳсавор, марзбонӣ, ки дар онҳо ёвари фармондеҳи рада аст.
  • ронандаи худрав, ронандаи зиреҳпӯш, ронандаи тонк.
  • нишонгир дар нерӯҳои зиреҳӣ.
  • нишонгир дар оташбор.

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа аз 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст.

Пайвандҳо

вироиш
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2011. — Т. 4 (i—k). — С. 111. — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3.
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 116
  4. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.. 9 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2021.
  5. Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
  6. Head, Duncan. The Achaemenid Persian Army. Montvert Publications, 1992. ISBN 1 874101 00 0. — с. 26
  7. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ