Гурӯҳ (форсӣ: «گروه»[1]) — хурдтарин ягон дар сохтори нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду – панҷ сарбоз ва як фармондеҳ ташкил шуда ва бахше аз рада аст; ҷуха (форсӣ: «جوخه»‎)[2]; звено[3].

Ягонҳои размӣ
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Гурӯҳ 2—5 Размюз
Рада 5—10 Размдор
Таҳм 10—50 Таҳмдор
Вашт 50—150 Сарвон
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Вожашиносӣ

вироиш
 
Намоди стандарти НАТО барои гурӯҳ

«Гурӯҳ» (форсӣ: گروه‎ > порсии миёна: grōh[4] > эронии бостон: *vi-rauda-[5]) ба маънии «дастае аз сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[6]

Ин вожаро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии Артиш ҳамчун истилоҳи низомӣ барои номидани бахше аз даста тасвиб кардааст. Ҳамзамон истилоҳи «гурӯҳбон» (форсӣ: «گروهبان»‎) низ бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинӣ ба маънои «фармондеҳи гурӯҳ» тасвиб шуд[7].


  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 297.
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 3, статья «Звено» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёва. — М.: Воениздат, 1995. — С. 268. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  4. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  5. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2385.
  6. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 11 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.