Размюз
Размюз (форсӣ: رزمیوز) — дараҷае сарбозӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ба сарбозони омӯзишдида ба подоши дастовардҳояшон дода мешавад; ефрейтор[1].
Размюз | |||||
---|---|---|---|---|---|
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: رزمیوز | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Дараҷаи болотар | Размовар | ||||
Дараҷаи поинтар | Сарбоз | ||||
Ҳамто |
Дараҷаи поинтар: Сарбоз |
![]() Размюз |
Дараҷаи болотар: Размовар |
Размюз дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми ёвари фармондеҳи радаро дорад ва дар сурати ниёз метавонад муваққатан фармондеҳии радаро ба уҳда гирад.
ВожашиносӣВироиш
Размюз (порсии миёна: razm-yōz ‘размҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōz ‘барангезанда ба разм, размангез’) аз ду вожа сохта шудааст: разм (порсии миёна: razm < порсии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ, рада” < эронии бостон: √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”) + юз (порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź- “ангезондан; бар ангехтан; ҷустан”)[2]. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (разм) + асоси феъли замони ҳозираи «ҷустан» (юз)] аст. Дар сохти ин сифат аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
«Размюз» ба маънои «размҷӯй, ҷангҷӯй, ҷанговар» дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:
Зи баҳри тилоя яке кинатӯз,
Фиристод бо лашкари размюз[3].
ПешинаВироиш
Ефрейтор ҳамчун дараҷаи сарбозӣ дар Артиши Сурх дар соли 1940 ҷорӣ шуда ва ҷойгоҳе болотар аз қаторӣ ва поинтар аз сержанти хурд дошт[4]. Ин дараҷаро сарбозоне дарёфт мекарданд, ки давраҳои омӯзиши размро гузаронда ва симатҳои зеринро доштанд:
- тирандоз, норинҷакандоз, тирбор, тактирандоз-нишонзан дар нерӯҳои ҳавобурд, зиреҳсавор, марзбонӣ, ки дар онҳо ёвари фармондеҳи рада аст.
- ронандаи худрав, ронандаи зиреҳпӯш, ронандаи тонк.
- нишонгир дар нерӯҳои зиреҳӣ.
- нишонгир дар оташбор.
Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа аз 23 феврали соли 1993 ҷорӣ шудааст.
ПайвандҳоВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
- ↑ РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ