Рӯйдодҳои соли 2007
- 20 август - Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.[1] Бойгонӣ шудааст 26 августи 2007 сол.
- 16 июл - Рӯзи якшанбеи 15 июл чархаи турбини Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 аз Санкт-Петербург ба Душанбе интиқол дода шуд. Онро, ки дар корхонаи тавлиди мошинҳои нирӯвари Санкт-Петербург сохта шудааст, ширкати ҳавопавардии "Полет" бо ҳавопаймои азимҷуссаи "АН-124-Руслан" ба Душанбе расонд.
- 15 июл - Соати 22:15 ба вақти Тоҷикистон, мақола дар бораи Китоби сурх 8000умин мақола дар Википедиаи Тоҷик шуд.
- 20 июн - TajikAir парки ҳавопаймоҳояшро бо Boeing B737-200-и аввалин зиёд намуд, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии «Авесто». - Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик TajikAir парки авиатсионии худро бо ҳавопаймои сохти ғарбӣ зиёд кард. Дар нисфирӯзӣ, 18 июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи Душанбе, Boeing B737-200 бо нишонии ширкати ҳавопаймоии тоҷик фуруд омад. Иқтидори Boeing B737-200 қисман ТУ-134 – и дар баланси муассисаи ҳавопаймоӣ бударо иваз мекунад. Boeing B737-200 дорои 130 курсӣ барои мусофирон буда, инчунин, салони тиҷорат ва эконом класс дорад. Дар фурӯдгоҳи Душанбе чор ҳавопаймои ТУ-154, ҳафт - Як-40, се - АН-28, се - ТУ 134, инчунин чор – АН 24, ду - АН 26 ва чор чархболи Ми-8 МТВ ҷойгир гардидааст. Ғайр аз ин фурӯдгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои калонеро аз қабили АН-124, ИЛ-76, АН-12, АН-8 ва тайёраҳои сохти ғарбиро қабул менамояд.[2] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 16 май - сиёсатмадори муҳофизакор Николас Саркози ба ҳайси раиси ҷумҳури ҷадиди Фаронса дар кохи Елиссей қасам ёд карда қудратро аз дасти Жак Ширак, ки 12 сол раҳбариро бар дӯш дошт, мегирад.[3] |Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 9 май - Расми гулгузорӣ дар пояи пайкараи Сарбози биринҷӣ дар қабристони ҳарбии Эстония бе сарусадо ва нутқу мусиқӣ, танҳо дар зери хониши парандагони сари шохсори дарахтон ва шарфаи пойи садҳо нафар дар раҳравҳои сангрезаӣ ҷараён гирифт.[4] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 7 май - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, Раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобоев, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гулов, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашуров, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маъруф Сайфиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.[5] Бойгонӣ шудааст 9 октябри 2007 сол.
- 5 май - Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати давлатӣ сафареро ба Қатар ва Эрон оғоз кард. Дафтари матбуъоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадаф ва барномаҳои ин сафар иттилоъ надодааст, аммо манобеъи наздик ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои беруна мақсади аслии ин сафари чаҳоррӯза мебошад.[6] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 5 май — Муҳаммади Хотамӣ ва поп Бенедикти Шонздаҳум аз натиҷаҳои анҷумани Шарм-уш-шайх истиқбол карданд.[7] Бойгонӣ шудааст 24 май 2007 сол.
- 4 Май - Дар порлумони Аврупо вазъи ҳуқуқи ӯзбекистониҳоро баррасӣ мекунанд Кумитаи фаръии ҳуқуқи инсон дар порлумони Аврупо вазъ дар Ӯзбекистонро баррасӣ кард.
Раиси ин кумита Ҳелен Флотре гуфт, на дар таҳқиқоти давлати Ӯзбекистон дар робита ба ошӯбҳои соли 2005 дар Андиҷон ва на дар қазияи хабарнигори зиндонӣ Умеда Ниёзова ҳеч пешрафте мушоҳида нашудааст.[8] Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 25 Апрел — Нуҷумшиносон дар хориҷ аз системи офтобӣ сайораеро кашф кардаанд, ки ба сайораи Замин хеле монанд аст, ба ҳамин далел онҳо ин сайораро ба истилоҳ "Замин"-и дуввум ҳам ном мебаранд. Ин сайора дар мадори ситораи камнури "Глиз-581" кашф шудааст ва тибқи маълумоте, ки то ҳол ба даст омадааст, он аз сайораи Замин дар масофаи 20 солу шаш моҳи ҳаракати нур ҷой гирифтааст, ки он 193 трилиён километр аз Заминро ташкил медиҳад. Ситораи камнури «Глис 581» аз офтоб сардтар ва хурдтар аст, ба ҳамин сабаб ҳарорати сатҳи сайораи нав ба ҳарорати сайораи Замин наздик аст ва он аз сифр то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/4/CBD248CE-52CA-4E29-831B-81CCD864137A.html
- 13 Апрел - Оғози мусобиқоти қаҳрамонии акробатикаи Тоҷикистон
Рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ шурӯъ шуд.[9] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 6 Март- "Искандари Мақдунӣ", китоби Бобоҷон Ғафуров ва Дмитриос Тсибукидис, ки чанде пеш дар нашриёти "Вече"-и Маскав аз чоп баромад, на танҳо рӯйдодҳои сиёсӣ ва муҳорибаҳои давраи зуҳур ва фурӯпошии империяи Мақдуниро тасвир мекунад, балки нахустин бор имкон медиҳад, симои Искандар ҳамчун як инсон қаламдод гардад.[10] Бойгонӣ шудааст 9 марти 2007 сол..
- 16 Феврал- Кашф ва забти амуниёк дар Сугд
Аз манзили як узви вобаста ба Ҳаракати Исломии Туркистон дар ноҳияи Исфара, дар вилояти Суғд, 500 килугромм омуниёки селетри, як навъ маводи кимиёӣ ки барои таҳияи маводи мунфаҷира аз он истифода мешавад, кашф ва забт шудааст/ [11].
- 15 Феврал 2007 - Пажӯҳишгоҳи физиологияи набототу генетика ва Ҷамъияти физиологҳои набототи Тоҷикистон ибтикори хубе нишон доданд. Онҳо таҳти таҳрири академик Хуршед Каримов маҷмӯаи мақолаҳои илмиро бо унвони «Саҳми физиология, генетика, технологияи наботот ҳалли проблемаҳои кишоварзии Тоҷикистон» аз чоп бароварданд.[12] Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.
- 5 Феврал- Анҷоми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин. Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Маросими пӯшидашавии ин бозиҳо, ки бо ширкати варзишгарони 26 кишвари қора дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилин оид ба даҳ ришта тӯли як ҳафта идома карданд, шоми якшанбеи 4 феврал баргузор шуд.[13] Бойгонӣ шудааст 9 феврали 2007 сол.
- 1 феврал — Ромиш Шералӣ, фарзанди устоди шодравон Лоиқ Шералӣ дар суҳбат бо маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша» гуфт, ки ашъори Лоиқ Шералӣ дар қироати худи шоир ояндаи наздик тариқи сомонаи интернетӣ низ қобили дастрасӣ хоҳад шуд.[14] Бойгонӣ шудааст 6 феврали 2007 сол.
- 31 Январ - Дар шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин рӯзи чоршанбеи 31 январ мусобиқот дар риштаи лижаронии кӯҳӣ шурӯъ мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат хоҳанд кард.[15] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 31 Январ — Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз номзадии Қазоқистон ба мақоми раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2009 тарафдорӣ кардааст.[16] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 30 Январ - Шумораи мақолаҳо дар Википедиаи Тоҷикӣ ба 5 000 расид.
- 30 Январ - Mуаррифии барномаи нави Windows Vista - Дирӯз дар Ню Йорк як маросими дигар низ барпо шуд. Майкрософт, ширкати пешдасти олам дар таҳияи нармафзори компютерӣ низоми нав - Виндовз Вистаро муаррифӣ намуд.[17] Бойгонӣ шудааст 29 сентябри 2007 сол.
- 22 Январ - Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дуввумин дидори худро дар Ҷоми иттиҳод - 2007 бо тими «Оқтеппа»-и Актюбински Қазоқистон бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 анҷом дод.[18] Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
- 12 Январ — Дейвид Бекҳем тасмим гирифтааст, ки пас аз поёни ин мавсим дастаи "Реал"- и Мадридро тарк кунад ва тибқи қарордоде, ки 250 миллион доллар арзиш дорад, ба дастаи "Галакси"- и Лос Анҷелеси Иёлоти Муттаҳида бипайвандад.[19] Бойгонӣ шудааст 14 Январ 2007 сол.
- 3 Январ Соати 14:29 шумораи мақолаҳои Википедиаи Тоҷикӣ ба 4000 мақола расид 4000 -ум мақола дар Википедиа дар бораи Забон аз тарафи корбар Корбар:English Isfara ирсол шуд.