Хоруғ

(Тағйири масир аз Хорог)

Хоруғ (шуғнӣ: Харағ) — шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ду соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст. Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо шаҳри Душанбе ба воситаи ағбаи Сағирдашт (527 км), ба воситаи шоҳроҳи Кӯлоб (417 км) ва Ӯш (740 км) бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи шаҳри Хоруғ — Мурғоб — Қулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой пайваст аст.

Шаҳр
Хоруғ
Хоруғ
Нишон
Нишон
37°29′35″ с. ш. 71°33′12″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
минтақа Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Тақсимоти дохилӣ 5 маҳалла
Раиси шаҳр Ризо Назарзода
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1932
Баландии марказ 2 123 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 31 100[1] тан
Миллият тоҷикҳо (бадахшизабонҳо)
Эътиқодот мусулмонон (исмоилӣ, ҳанафӣ)
Номи қавмӣ хоруғӣ, хоруғиҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3522
Нишонаи почта 736000
Хоруғ дар харитаи
Хоруғ
Хоруғ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иқлим

вироиш

Тобистонаш гарм, зимистонаш хунуки мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл +22,2 °C, янв. -7,8 °C (2006), бориши солона 263 мм.

Захираҳои табиӣ

вироиш

Ба хотири дарёфти ашёи хоми маҳаллӣ барои саноат, ҳанӯз соли 1928 ба Помир нахустин экспедитсияи ҷустуҷуии Академияи илмҳои ИҶШС омода буд. Бар асари корҳои геологӣ-тадқиқотӣ манбаи беши ашёи хом ёфт шуд. Солҳои 30-ум дар Помир конҳои намак, оҳан, мис, молибден, сурб, тило, асбест, кварс, ёқут, лоҷувар ва гауҳар кашф карданд.

Таърих

вироиш

Хоруғ то пирӯзи инқилоби Октябр (1917) деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ доштанд ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1897 қароргоҳи посгоҳи марзбонии Русия Помир аз Шоҷон (Мурғоб) ба Помири Ғарбӣ (Хоруғ) кӯчонида мешавад ва аз ҳамин замон ин деҳа маркази маъмурӣ мегардад. Бо таъсис додани гурӯҳи марзбонони Помир дар Хоруғ, симои он низ оҳиста – оҳиста ободу зебо мегардад. Cохтмони биноҳои аврупоӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои маскунӣ барои афсарон ва ғайра симои деҳаро дигаргун карданд. Бо дастгирӣ ва ёрии сардорони гурӯҳи марзбонон дар оғози асри ХХ дар деҳаи Хоруғ, ҷӯи обёрӣ (1905) сохта шуд ва заминҳои нав барои кишти зироатҳои ғалладона ва полезӣ ва ниҳолшинонӣ кошта шуданд. Талаботи ҳарбӣ ва иқтисодӣ ҳукумати подшоҳиро маҷбур сохт, ки ба сохтмони роҳҳо ба ин кишвар аҳамият диҳанд. Солҳои 1910-1911 сохтмони роҳи аробагард то Хоруғ анҷом дода шуд.

 

Соли 1909 аввалин пул аз болои рӯди Ғунд сохта шуд, ки ду тарафи Хоруғро бо ҳамдигар пайваст намуд. Бо сарварии сардори отряди Помир Г. А. Шпилко соли 1914 неругоҳи хурди барқӣ ва осиёб сохта шудаанд, ки аҳолии маҳаллӣ низ аз онҳо истифода мебурданд. Бо супориши марзбонон соли 1916 дар Хоруғ корхонаи хурди ҳунармандӣ ба монанди коркарди пӯст, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва пойафзолдӯзӣ ба истифода дода шуданд, ки дар он коргарони бумӣ кор мекарданд. То ибтидои асри ХХ дар Помир мактаб ва бемористон набуд. Танҳо соли 1909 дар назди посгоҳи Хоруғ нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ барои фарзандони мардуми бумӣ сохта шуд, ки он то соли 1917 фаъолият дошт. Танҳо дар соли таҳсилии 1916-1917 шумораи хонандагони он ба 40 нафар расид. Соли 1900 дар назди посгоҳҳои марзбонии Ишкошим, Мурғоб ва Хоруғ аввалин бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуданд.

Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (ВСИК) аз 2-уми январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфт ва маркази онро шаҳри Хоруғ эълон намуданд. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази ВАБК сар мешавад. Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27 октябри соли 1932 ба ҳукми қонун даромадааст. Аз с.1922 то ҳоло ба ҳайси раиси ҷомеа ва шаҳри Хоруғ 26 нафар фаъолият доштанд.

Нахустин роҳбарони шаҳр

вироиш

Нахустин раиси он (ҷамоа) Бодӣ Абдулхайров (1922-1925) зодаи деҳаи Ғорҷвини н. Шуғнон буд. Моҳи янв. соли 1940 Иҷлосияи якуми Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳр баргузор гардид ва раиси Комиҷроияи шаҳр Умнов Николай Никалоевич интихоб шуд. Сарварии шаҳри Хоруғро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба уҳда доштанд: Боди Абдулхайров (1922-1925), Имомназар Мирзоҳаётов (1925-1926), Ҳоҷатбегим Саъдуллобекова (1927-1930), Мулкамон Назармамадов (1931-1932), Лутфали Шукуруллобеков (1932-1933), Зайдулло Абдуллоев (1933-1936), Ниёз Мародов (1936-1938), Шариф Раҳматов (1938-1940), Николай Умнов (1940-1941), Ҷумъа Алифбеков (1941-1946), Ҳайдарбек Қишқоров (1946-1950), Пайшанбе Писареҷов (1953-1955), Ҷифон Мулкамонов (1955-1957), Симик Абдулкаримов (1957-1959), Қурбоншо Гадоалиев (1959-1961), Шодихон Ёрмаҳмадов (1959-1961), Гулғунча Қадамшоева (1961-1969), Ойбегим Алидустова (1969-1975), Гулбибӣ Мулкамонова (1975-1984), Анҷирбегим Мақбулшоева (1985-1989), Ҷавҳари Нуралиев (1990-1992), Иброҳимбек Ғозибеков (1992-1994), Сотволҷон Имомназаров (1995-2000), Давлатёр Бекназарович (2001-2003), Улфатшо Абдолбеков (2003-2006), Н. Муборакшоева (2006).

Иқтисод

вироиш

Дар Қарори Пленуми 3 (26 январ соли 1932) ва бюрои (16 июли соли 1932) Кумитаи партиявии вилоят қайд карда шуд, ки саноати маҳаллӣ бояд рушд ёбад. Бюро таъсиси 20 кооперативҳои истеҳсолию ҳунармандиро ба нақшаи корӣ дохил кард. Амалӣ гардидани ин нақша дар ибтидо натиҷаҳои хубе дод. Дар вилоят якбора 7 муассисаи кооперативию ҳунарманди: дарздузӣ, таъмири пояфзол, хиштрезӣ, гачпазӣ, истеҳсоли намак ва 5 кооператив: ҳарротию оҳангарӣ, хурокворӣ, пиларесӣ, маишӣ ва нақлиёт таъсис ёфтанд. Бюрои кумитаи партиявии вилоят қарор дод, ки соли 1933 Помирпромсоюз ё Помикооператсия ташкил карда шавад. Истеҳсоли ҷуроб, дастпуш хеле авҷ гирифт ва соле аз 2000 то 3000 ҷуфт ин маҳсулоти қимтбаҳо берун аз вилоят ба фуруш мерафт. Дар Помир косибӣ ба роҳ монда шуд, ки он асоси саноати маҳаллиро ташкил дода дар ин замина синфи коргар ташакул ёфт. Соли 1933 дар Бадахшон 40 корхонаи ҳунармандӣ ташкил карда шуданд, ки беш аз 1000 нафар коргар доштанд. Маркази асосии Облпромсоюз дар Хоруғ буд, аммо он дар саросари навоҳии вилоят шуъбаҳои худро кушода, ба таври доманадор фаъолият меварзид. Он кариб кулли соҳаҳои истеҳсолотро ба тасарруфи хеш даровард. Харротон 17 нафар, пойафзолдузи 27 нафар, наклиет 38 нафр, хиштрезон 16 нафар, коргарони соҳаи маиши 4 нафар, дузандагон 100 нафар. Салронҳо - яъне он нафароне ки аз ҷангалҳо чубро тариқи рудхонаҳо ба Хоруғ мебиёранд, 182 нафар. Инҳо як неруи пуриқтидоре буданд ва касби мушкиле доштанд. Чубро дар ҷангалҳои Шоҳдара ва Ғунд мебуриданду ба об мепартофтанд ва он таи 100 км руи об мерафт. Онҳо аз дунболи чуб дар ҳамин масофа пиёда мерафтанд.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ қисмати зиёди инфраструктураи шаҳр вайрон гардид. Корхонаҳои калонтарини истеҳсолии боқимонда оҳиста оҳиста аз кор боз монданд, ки ин ба иқтисодиети шаҳр таъсири ниҳоят калон расонд. Истеҳсоли қариб ҳамаи намудҳои маҳсулоти дар солҳои пеш истеҳсолшуда ба пурраги қать гардид. Сабаби асосӣ вайроншавии структураи истеҳсолии шаҳр аз кор боз мондани хамаи протсесҳои исеҳсолӣ ба ҳисоб мерафт. Беқурбшавии пул ва дигар сабабхо кормандони ҳамаи марказҳои истеҳсолиро маҷбур сохтанд ки аз кор хориҷ шаванд. Дар мудати 8 сол корҳонаҳои истеҳсолӣ бекор хобида буданд. Сол аз сол оромӣ шароити ба кор даровардани ҳамаи корхонаҳои пешинаро фароҳам овард. Ҳоло бошад корхонаҳои давраҳои шуравӣ аз техникаи нисбатан нави ҳозиразамон таъмин гардидаанд ва кори худро давом дода истодаанд. Ҳамаи корхонаҳои шаҳри Хоруғ дар асоси энергияи электрикии арзони истеҳсолшуда кор мекунанд. (НБО «ПОМИР-1», ки 75% қувваи барқи Вилоятро таъмин месозад) ҳамчунин НБО «Хоруғ» қувваи барқ истеҳсол карда истодааст.

Заводи гӯшту шир – корхонаи давраи шуравӣ ба ҳисоб рафта ҳоло ширкати «ПАНҶ» истеҳсоли маҳсулот ва умуман фаолияти ин корхонаро ба зиммаи худ гирифтаст. Ғайр аз гӯшту шир ин ширкат обҳои маъданиро истеҳсол мекунад, ки қисмати маҳсулоти баровардашуда ба шаҳри Душанбе низ барои савдо фиристонда мешавад. Ин ширкат фаолияти худро аз солҳои 2000 сар кард. Маҳсулоти ин корхона дар баробари маҳсулоти корхонаҳои шаҳри Душанбе ва Хуҷанд сифати аъло дорад.

Заводи нони шаҳри Хоруғ – солҳои пеш монанди дигар корхонаҳои калони шаҳри Хоруғ давлатӣ буд. Солҳои баъд аз ҷанги гражданӣ ин корхона бо маблағгузории сохибкорони алоҳида ба кор дароварда шуд. Ҳоло танҳо 25% ин корхона фаолият мекунаду халос лекин ин ҳам нишонае аз пешрафти иқтисодиети дохилии шаҳри Хоруғ мебошад. Талаботи шаҳрвандони шаҳри Хоруғро асосан ба маҳсулоти ордӣ таъмин месозад.

Комбинати истеҳсоли бетону оҳан (ЖБК) – ин корхона нисбати корхонаҳои дигар дертар фаолияти истеҳсолиро барқарор сохт зеро талаботи ин комбинат ба ашьё ва технологияи замонавӣ нисбатан зиёд мебошад. Се сол пеш ин комбинат бо маблағгузории соҳибкорони Хитоӣ ба кор дароварда шуд лекин фаолияташ аз сабаби паст будани сифати маҳсулот аз кор бозмонд. Ҳоло ширкатҳои давлатӣ талоши онанд то аз нав фаолияти ин комбинатро барқорор созанд.

Аҳамияти махсусро дар инкишофи саноати маҳаллӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Хоруғ» (январи 1941) иқтидори он 100 квт/соат бозид. Аввали соли 70-ум бунёди неругоҳи барқии 2-юм оғоз ёфт ва 22 декабри с.1970 кор сомон ёфт, ки иқтидори он 10000 квт/соатро ташкил дод. Охири солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-ум дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва фабрикаи дӯзандагии заводҳои нону оҳану бетон, комбинатҳои гӯшт, хидмати маишӣ, матбаа ва дигар корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дод шуданд, ки дар онҳо мутахассисони маҳаллӣ кор ва фаъолият намуданд. Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ сар задани ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон (1992), касодии иқтисодӣ ба фаъолияти ин корхонаҳо таъсири манфӣ расонид ва қисме аз онҳо аз фаъолият боз монданд ё бо иқтидори нопурра кор мекунанд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Хоруғ давом ёфт. Сохтмони навбати аввали НБО «Хоруғ» – ду агрегат ҳар кадоме бо иқтидори 7 МВт дар соли 1994 ба охир расид. Пурра ба истифода супоридани нерӯгоҳҳои барқии обӣ соли 2005 рӯй дод. Хароҷоти умумии сохтмон – $40 млн. (кумаки инвеститсионии Хазинаи рушди Оғохони IV). Имрўз НБО «Хоруғ» дорои 4 агрегат бо иқтидори умумии 28 МВт мебошад.[2] Бунёди як қатор биноҳои 3-4 ошёнаи истиқомати, маъмурӣ, маданию маишӣ, маориф, Институти биологии Помир, Универмаги «Боми ҷаҳон» иморати мактабҳои рақамҳои 2, 7, 9 биноҳои идораи алоқа, суди вилоятӣ, ПМК-148 ва ғ. ба шаҳр ҳусн зам кард. Бо ёрии ташкилотҳои байналхалқӣ аз он ҷумла бо ёрии МСДСП-и хазинаи Оғохон ва бо кумаки маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Қалам» сохтмони хати обгузар, азнавсозӣ таъмири ҳавзаҳои ташнаоб, таъмири обанбори Сиёб ба анҷом расонида шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли 2006 ба соҳибкорон ва шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ба воситаи филиалҳои бонкҳои дар шаҳр буда 1 043262 ҳазор сомони қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шуданд. Азнавсозии бозори шаҳр ва сохтмони бозори нав ба итмом расид.

Корхонаи истеҳсоли сими торҳои симдор ҶДММ «Симин Сохтмон», ҶДММ «корхонаи коркарди дорувории Панатсея» Маркази хизматрасонии тиббӣ, сехи мебели ҶДММ «Осия», ҶДММ «Фарид-Хоруғ» сехи коркарди қуму шағал, ҶДММ «Дерзуд», ҶДММ «Ҷафсӣ», «Одина» ҶДММ, «Дастони тилоӣ», «Ниссо Помир» ҶДММ, корхонаи истеҳсоли қаннодӣ, коргоҳи «Дунёи ҳунар» ва ҶДММ «Сифатнок» аз ҷумлаи корхонаву коргоҳҳои нав мебошанд, ки дар соли 2022 ба фаъолият шурӯъ намуданд[3].

Нақлиёт

вироиш

Барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ дар Помир ба пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Хоруғ такони пурзӯр дод. Сохтмони роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои бисёрошёна, инкишофи тиб, маорифу фарҳанг маҳсули даврони советӣ мебошад. Хоруғ чун дигар манотиқи Бадахшони Кӯҳӣ аз сабаби надоштани роҳҳои автомобилгард аз олами тамаддун ҷудо буд. Ин вазъ боиси халалдори рушду нумӯъи илму фарҳангу иқтисод мегардид. Аз ин лиҳоз, бунёди роҳҳои автомобилгарди Ӯш — Хоруғ (1934) 732 км, Хоруғ – Роштқалъа (1937-1938), Хоруғ – Рӯшон (1938-1939), Хоруғ — Тузкӯл, Вахон - Ишкошим (1940-1942), Хоруғ — Душанбе (1940) 528 км, дар мадҳи аввал гузошта шуданд. Хоруғ бо марказ ва ноҳияҳои дигари вилоят алоқаи автомобилиро барқарор намуд. Кушода шудани роҳи ҳавоии Душанбе — Хоруғ (1929) ва парвози тайёра августи с.1932 саҳифаи нави таърихие барои шаҳрвандон ва тамоми қаламрави сокинони вилоят рух дод. Ҳоло ин масофаро тайёраи мусофиркаши ЯК-40 дар 40-45 дақиқа тай мекунад.

Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони Хоруғ тавассути роҳи автомобилгарди КӯлобНулванд - Қалаи Хумб бо маркази ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои дуру наздик дар тамоми фасли сол алоқаи доимии автомобилиро таъмин менамояд. Бо истифода дода шудани роҳи мошингарди Мурғоб - Қулма (25 май 2004) ва сохта шудани купруки нави ҳозиразамони мошингард байни Хоруғ ва Афғонистон (3 ноябр 2002) имконият медиҳад, ки Хоруғ ба маркази тиҷоратии давлатҳои Хитой ва Афғонистон табдил ёбад.

Алоқа

вироиш

Соли 1934 алоқачиён хатти телеграфаи Душанбе — Хоруғро пурра ба истифода дода, бо ҳамин Бадахшонро аз тариқи хатти телеграфӣ бо маркази Тоҷикистон пайваст намуданд. Нахустин хатти телефон-телеграфаи дохили вилоятӣ байни Хоруғ- Рӯшон (1940) сохта шуд. Соли 1983 алоқа байни шаҳри Хоруғ ва ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС аз тариқи кайҳон сурат гирифт. Соли 2005 ширкати 3 ТЕ-и Чин стансияи ҳозиразамони дорои 6000 нуқтаи телефонӣ ба истифода дода шуд. Ҳоло ин соҳа равнақу ривоҷ ёфта истодааст ва дар шаҳри Хоруғ марказҳои гуфтугӯи телефони мобилии «Индиго», «ВАВilON-М», МlT, «Интерком» фаъолият доранд ва маркази вилоят бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст гардид. Аз соли 1977 аҳолии шаҳр ба воситаи стансияи алоқаи кайҳонӣ «Орбита» барномаи телевизионии Москваро тамошо карда истодаанд. 31 декабри с.1936 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон аҳолии он имконият пайдо кард, ки барномаи телевизиони Тоҷикистонро (соли 2005) тариқи телевизиони «Сафина» тамошо кунанд.

Маориф

вироиш

Аз рӯзҳои аввали барқароршавии Ҳокимиятӣ Советӣ ба масъалаи инкишофи маорифи халқи Бадахшони кӯҳи диққатӣ махсус дода мешуд. Дар ташкили аввалин мактаб сарҳадбонони отряди Хоруғ саҳмгузор буданд. С. 1922 дар назди ин отряд нахустин мактаб – интернат ташкил ёфт, ки дар он танҳо 24 нафар таҳсил намуданд. Cоли 1923 дар назди кумитаи револютсионии вилоят шуъбаи маориф кушода шуд. Худи ҳамин сол КИМ Туркистон барои ташкили мактаби нав дар Хоруғ 339. ҳазор пулро ҷудо намуд. Дар назди ин мактаб–интернат кушода шуд, ки дар он 50 нафар фарзандони меҳнаткашон таҳсил доштанд. С.1926 нахустин мактаби духтарона дар шаҳр кушода шуд, ки Мараматнисо Мамадамирова онро сарварӣ намуд. Ба ғайр аз мактабҳои маълумотҳои умумӣ соли 1928 барои тайёр кардани кадрҳои маълумотнок мактаби ҳизбии шӯравӣ кушода шуда, вале ин муассисаи таълимӣ наметавонист талаботи вилоятро бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намоянд. Аз ни рӯ бо қарори бюрои комитети вилоятии ПК Тоҷикистон соли 1931 дар Хоруғ техникуми омӯзгорӣ ва баъдтар он дар соли таҳсили 1937-1938 ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфта, дар тайёр намудани омӯзгорон хидмати босазое намуд. С.1940 дар Хоруғ аввалин мактаби миёна кушода шуд. Дар солҳои минбаъда ин соҳа хеле ривоҷу равнақ ёфт. Имрӯз дар Х. 12 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, якто литсей (литсейи Оғохон), як маркази касби ҳунаромӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 6102 нафар хонанда таҳсил ва 555 омӯзгор кор мекунанд. Ба ғайр аз ин 5 муассисаи то мактабӣ фаъолият доранд. Ҳоло маркази вилоят аз рӯи дараҷаи малумотнокии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Аҳолии шаҳр бо он ифтихор доранд, ки соли 1992 дар шаҳрамон Донишгоҳи давлатии ба номи М. Назаршоев кушода шуд ва он мутахассисони маълумоти олидори ихтисосҳои гуногунро барои хоҷагии халқи вилоят тайёр карда истодааст. Дар солҳои наздик боз як донишгоҳи байналмиллии Осиёи Марказии Оғохон, ки барои аҳолии манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Эрон, Афғонистон ва Покистон мутахассис тайёр менамояд. Соли 2004 хишти аввали он аз тарафи Алоҳазрат Оғохони 4 ва Президенти ҶТ Э. Раҳмон гузошта шуд.

Тандурустӣ

вироиш

То инқилоби Октябр мардуми Помир аз хидматрасонии тиббӣ бархӯрдор набуд. С.1924 нахустин амбулатория ва соли 1925 якумин беморхонаи дорои 15 кат ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаи тиббӣ 2 нафар мутахассис фаъолият доштанд. Барои тайёр намудани ҳамшираҳои тиббӣ с.1937 дар Х. курсҳои 2 сола кушода шуд, ки он дар тайёр кардани мутахассисони тиббӣ аз баёни духтурони маҳаллӣ аҳамияти калон дошт. Ҳоло шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди шаҳр 12 адад буда, дар онҳо 251 нафар духтур ва 663 нафар коркунони миёнаи тиббӣ кор мекунанд.

Фарҳанг

вироиш

С.1936 театри мусиқии драмавӣ кушода шуда, болаёқаттарин артистон, созандагон ва навозандагон дар он муттаҳид шуданд. С. 1925 китобхонаи ба н. В.И. Ленин бунёд ёфт ва с.1935 ба он мақоми китобхонаи шаҳриро доданд. Ба истиқболи 15 солгарди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дар ш.Хоруғ осорхонаи давлатии кишваршиносӣ ташкил шуд. С.1934 аввалин кинотеатр сохта шуд. С.1939 сохтмони боғи маданият ва истироҳатии ш.Хоруғ ба охир расид. Моҳи сентябри с.1931 аввалин рӯзнома «Бадахшони Сурх» ба забони тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад. Имрӯз дар шаҳр 5 хонаи фарҳангӣ, 4 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ фаъолият доранд.

Маҳаллаҳои шаҳр

вироиш

Хоруғ 5 маҳалла дорад:

  • Моёншо Назаршоев,
  • Сайфулло Абдуллоев,
  • Шош-Хоруғ,
  • Бархоруғ,
  • 75-солагии ВМКБ.

Муассисаҳои шаҳр

вироиш

Муассисаҳои асосӣ:

Аҳолӣ

вироиш

Аҳолии шаҳр тибқи баҳодиҳӣ то 1 январи соли 2019 30,3 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад[4].

Аҳолии Хоруғ[4]
1939 1959 1970 1979 1989 1992 1995 1996 1998 1999
3,8 8,2 12,3 17,8 20,2 21,5 24,3 24,8 26,8 27,2
2000 2001 2002 2003 2004 2005 2006 2007 2008 2009
27,4 27,6 27,8 27,8 27,8 27,7 27,6 27,6 27,6 27,7
2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019
27,8 28,1 28,4 28,6 28,8 28,9 29,2 29,5 29,9 30,3
2020 2021 2022
30,5 30,9 31,1

Ҳайати миллӣ

вироиш

Тибқи барӯйхатгирии соли 1989[5]:

Гурӯҳи этникӣ Шумора (нафар) Ҳисса (%)
Тоҷикон 18 995 94,25 %
Русҳо 640 3,18 %
Украиҳо 152 0,75 %
Белорусҳо 64 0,32 %
Тоторҳо 64 0,32 %
Узбекҳо 46 0,23 %
Қвзоқҳо 39 0,19 %
Қирғизҳо 35 0,17 %
Дигарон 119 0,59 %
Дар умум 20 154 100,00 %

Тибқи барӯйхатгирии соли 2010[6]:

Гурӯҳи этникӣ Шумора (нафар) Ҳисса (%)
Тоҷикон 27 729 98,69 %
Ӯзбекҳо 241 0,86 %
Қирғизҳо 52 0,19 %
Русҳо 25 0,09 %
Дигарон 51 0,18 %
Дар умум 28 098 100,00 %

Галерея

вироиш
 
Манзараи шаҳри Хоруғ
 
Шаҳри Хоруғ аз баландиҳо
 
Шаҳри Хоруғ
 
Манзараи шаҳри Хоруғ аз тарафи шимол
 
Манзараи шаҳри Хоруғ аз тарафи шарқ
 
Роҳи Душанбе-Хоруғ дар соли 2007

Нигаред

вироиш
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Сомонаи ҶСК "Помир Энержӣ". 13 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
  3. В ЧЕСТЬ ГОДОВ РАЗВИТИЯ ПРОМЫШЛЕННОСТИ. В прошлом году в Хороге было введено в эксплуатацию 11 промышленных предприятий и цехов | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 26 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2023.
  4. 4.0 4.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. 20 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  5. Всесоюзная перепись населения 1989 года. Распределение городского и сельского населения областей республик СССР по полу и национальности. Горно-Бадахшанская АО
  6. Перепись населения и жилищного фонда Республики Таджикистан 2010 года. Том III. Национальный состав, владение языками и гражданство населения Республики Таджикистан(пайванди дастнорас — таърих). 13 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 октябри 2013.

Пайвандҳои беруна

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: