Ҷанги ҷаҳонии дувум

(Тағйири масир аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм)

Ҷанги дуюми ҷаҳон (1 сентябр 1939[1]2 сентябр 1945) — ҷанги ду эътилофоти (блоки) ҳарбӣ ва сиёсии ҷаҳон, ки ба ҷанги бузургтарини ҷаҳон дар таърихи инсоният табдил ёфтааст. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 62 давлатҳои ҷаҳон иштирок кардаанд. Ҷанг дар се қитъа ва дар обҳои чаҳор уқёнусҳои ҷаҳон рӯй додааст.

Иштирокчиён

вироиш

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 62 давлатҳои ҷаҳон иштирок кардаанд. Шумораи кишварҳои иттифоқи (блоки) зидди фашистӣ (антигилеровская коалиция) дар давоми ҷанг тағйир меёфт. Баъзе аз онҳо хеле фаъол буданд, дигарон ба иттифоқи худ бо маҳсулот, хӯрок ва ғайраҳо кумак мерасониданд.

Бар зидди Ҳитлер ва иттифоқи давлатҳои фашистӣ кишварҳои зерин ба ҷанг дохил буданд: Лаҳистон, Британияи Кабир, Фаронса (аз соли 1939), ИҶШС (аз соли 1941), ИМА (аз соли 1941), Чин, Австралия, Канада, Югославия, Нидерланд, Норвегия, Зеландияи Нав, Иттиҳодияи Ҷануби Африқо, Чехословакия, Белжик, Юнон, Эфиопия, Дания, Бразилия, Мексика, Муғулистон, Люксембург, Непал, Панама, Аргентина, Чили, Куба, Перу, Гватемала, Колумбия, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминик, Албания, Ҳондурас, Салвадор, Ҳаити, Парагвай, Эквадор, Сан-Марино, Туркия, Уругвай, Венесуэла, Лубнон, Арабистони Саудӣ, Никарагуа, Либерия, Боливия. Дар давоми ҷанг ба ин рӯйхат баъзе аз кишварҳое ворид шуданд, ки дар блоки миллатгароёни фашистӣ буданд: Эрон (аз соли 1941), Ироқ (аз соли 1943), Италия (аз соли 1943), Руминия (аз соли 1944), Булғористон (аз соли 1944), Маҷористон (аз соли 1945), Финляндия (аз соли 1945).

Аз ҷониби дигар дар ҷанг кишварҳои итттифоқи миллатгароёни фашистӣ иштирок доштанд: Германия, Италия (то 1943), Империяи Ҷопон, Финляндия (то 1944), Булғористон (то 1944), Руминия (то 1944), Маҷористон (то 1945), Словакия, Таиланд (Сиам), Ироқ (то 1941), Эрон (то 1941), Манчжоу-Го, Хорватия.

Акти таслими Олмони фашистӣ ду маротиба имзо шудааст. Акти таслими Олмони якум «Қарори муваққатӣ оид ба таслими Олмон» ном дошта, онро намояндаи фармондеҳи олии Вермахт (Олмон) – генерал–полковник А. Ёдл, намояндаи фармондеҳи олии Иттифоқчиёни Ғарбӣ (ИМА, Англия, Франсия ва ғайра) – генерал Б. Смит ва намояндаи ИҶШС дар фармондеҳии олии иттифоқчиён – генерал–майор И. А. Суслопаров 7 майи 1945 соати 2-ву 41 дақиқа (аз рӯи вақти миёнаи аврупоӣ) дар шаҳри Реймс (Франсия) имзо карданд. Санад дар 4 забон имзо шуда, таърихи қонунӣ шуданаш (8 майи 1945) рӯзи Ғалаба дар Европа эълон гардид. Шартҳои қарор ва худсарии генерал И. А. Суслопаров, ки ҷавоби Москваро интизор нашуда, онро имзо карда буд, И. В. Сталинро қонеъ накард. Сардори СССР фармон дод, ки маршал Г. К. Жуков таслими бечунучарои Олмонро дар шаҳри Берлин аз намояндагони ҳамаи намудҳои қӯшуни фашистӣ қабул кунад. Азбаски шаҳри Берлин қариб тамоман хароб шуда буд, ин маросим дар шаҳри Карлсҳорст (наздикии Берлин) гузаронда шуд. Акти таслими Олмони дуюм «Акти таслими бечунучарои Олмон» ном дошта, 9 майи 1945 соати 00-у 16 дақиқа (аз рӯи вақти миёнаи аврупоӣ) имзо карда шуд. Онро аз ҷониби ИҶШС маршал Г. К. Жуков, аз ҷониби Олмон генерал-фелдмаршал В. Кейтел, генерал-полковник Г. Штумпф (Люфтваффе, қувваҳои ҳавоӣ), генерал-адмирал Г. фон Фридебург (Кригсмарине, қувваҳои баҳрӣ) ва аз ҷониби иттифоқчиён ҷонишини сарфармондеҳи қувваҳои экпедитсионии иттифоқӣ А. У. Теддер (Англия) имзо карданд. Ин рӯз дар ИҶШС иди «Ғалаба» эълон карда шуд. ИҶШС таслими Олмонро қабул карда бошад ҳам, лекин расман 10 сол дар ҳолати ҷанг буд. Танҳо 25 январи 1955 Укази Президиуми Совети Олии СССР қабул шуд, ки он ҳолати ҷангиро бекор кард.

Нигаред

вироиш
  1. Ин таърихи ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳон шартан оварда шудааст, баъзе муҳақиқони таърих онро эътироф накардаанд: ниг., масалан, Когда началась Вторая мировая? Бойгонӣ шудааст 28 май 2009  сол. — воспоминания Валентина Фалина // Аргументы недели № 18(104), 7 мая 2008