Шоҳаншоҳии Кушонӣ

(Тағйири масир аз Кӯшониён)

Шоҳаншоҳии Кӯшониён[1] (бохт. Κυϸανο, Кушано) — давлати қадимест, ки тахминан дар асрҳои I—III милодӣ вуҷуд дошта сарзамини Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимоливу Туркистони Шарқиро фаро мегирифт.

Шоҳаншоҳии Кӯшониён
шоҳанҳошӣ
қарни I мелодӣ — қарни III мелодӣ



Подшоҳии Кӯшониён ва мамлакатҳои зердасташ дар давраи ҳукмронии Канишка (асри II милодӣ)
Пойтахт Ланьши (то 1 млн. нафар), Бохтар (200,000 - 1 млн. нафар) Пешовар (200,000)
Забон(ҳо) Бохтарӣ
Воҳиди пул Kushan coinage[d]
Аҳолӣ 60 000 000 (20 % аҳолии Замин)
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ
Давомнокӣ
Давлати Юнону Бохтар
Сатрапҳои Ғарбӣ
Давлати Сосониён

Асосгузораш халқи бодиягарди ҳиндуэронии тахорӣ (хитоӣ — йуҷӣ)-ро ҳисоб мекунанд. Тахориҳо аз хуннҳо (с. 177 то милод) ва баъдтар аз қабилаи усунӣ (пас аз с. 155 то милод) шикаст хурда аз сарзамини Туркистони Шарқӣ ба Мувароуннаҳр муҳоҷират карданду подшоҳии Юнону Бохтарро барҳам доданд (с. 145 то милод). Соли 124 то милод тахориҳо зидди давлати Порт ҷанг карданду ба подшоҳи он — Артабони II (сс. 128—124 то милод) — ҷароҳати мӯҳлик расонданд. Пас аз он тахориҳо тамоми сарзамини Бохтарро забт карданд. Страбон дар «Ҷуғрофия»-и худ дар бораи он воқеаҳо ҳамин хел менависад: «Аксарияти скифҳо — аз баҳри Каспий сар карда — даҳҳо гуфта мешаванд. Қабилаҳоро, ки ба тарафи шарқ аз онҳо зиндагӣ мекунанд, массагетҳо ва сакоиҳо меноманд. Ҳамаи дигаронро скифҳо меноманд, ки он номи умумиашон ҳаст, лекин ҳар як қабилаашон низ номи махсус дорад. Ҳамаашон кӯчманчиён мебошанд. Аз ин кӯчманчиён махсусан онҳое машҳур гардиданд, ки аз юнониён Бохтарро кашида гирифтанд, яъне асиҳо, пасианҳо, тахориҳо ва сакараулҳо, ки аз ноҳияи соҳили дигари Яксарт кӯчида омаданд ва макони онҳо дар шафати сарзамини сакоиҳо ва инчунин хоки суғдиён ҷой дошт, ки дар дасти сакоиҳо буд».[2]

Таърихи сиёсии давлати Кӯшон

вироиш

Бохтар баъди торумори шоҳии Юнону Бохтар ҳолати парокандагии сиёсиро аз сар мегузаронид. «Даҳя — ҳокими олӣ надорад, — навишта буд дипломату мусофири хитоии Чжан Цянь, — ҳар як шаҳр аз тарафи ҳокими худ идора карда мешавад»., Сарчашмаҳои минбаъда — «Таърихи хонадони Хан (Ханьшу)» ва «Таърихи хонадони хурди Хан (Хоуханшу)» — барои аллакай ҷойгиршавии кӯчманчиён ба маркази Бохтар хабар медиҳад. Хоуханшу хабар медиҳад, баъди забти Бохтар кӯчманчиён ба 5 вилоят тақсим шуданд ва яке аз онҳо — Гуйшуан (Кӯшон) — оянда қисмҳои боқимондаи кӯчманчиёнро ба худ тобеъ кард.

Бисёр саҳифаҳои таърихи инсоният далолат мекунад, ки мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб бо ҳам алоқаи зич доштанд. Вазифаи мо саҳифаҳои нохондаи таърихро барқарор намуда омӯхтан аст. Дар таърихи Ҳиндустон , Афғонистон , Покистон , Осиёи Миёна ва Эрон давраи Кӯшон ҷои махсусро ишғол мекунад. Давраи Кӯшон на танҳо давраи бузург дар таърихи халқҳои номбаршуда, балки давраи барҷастаи инкишофи таърихи маданияти Шарқ ва умуман инсоният аст. Зиёда аз 2 ҳазор сол пеш Осиёи Миёна ва Ҳиндустон -и Шимолӣ, Покистон , Афғонистон ва Эрон -и шарқӣ ба таркиби як давлат муттаҳид карда шуданд. Империяи бузург дар он вақт аз соҳилҳои баҳри Арал сар шуда, то уқёнуси ҳинд тӯл мекашид ва дар қатори империяҳои бузурги Рим, Парфия, Хитой ҷойгир шуда буд. Инқирози ҳокимияти Юнону Бохтар ва ба арсаи сиёсат омадани сулолаҳои ҳокимони кӯчманчй хотима ёфтани хонадони шоҳии юнонинажодро ифода мекард. Барои салтанати шоҳони маҳаллӣ имконият фароҳам омад. Марҳилаи Кӯшони кабир ба нашъунамои иқтисодиёт, фарҳанг, санъат, шароити нисбатан тинҷ ва ором фароҳам овард. Вусъати робитаҳои байналхалқӣ аз асрҳои 2-1 пеш аз милод то охири садаи IV милодӣ тӯл кашид.[3]

Таъсисёбии шоҳии Кӯшон дар аҳди Кадфизи I

вироиш

Таърихи сиёсии шоҳии Кӯшон кам омӯхта шудааст. Кӯчманчиён баъди тасхири Бохтар ба 5 мулк тақсим шуданд. Яке аз мулкҳои йӯҷиҳо Гуйшуан-Кӯшон чор қаламрави дигарро ба худ тобеъ намуд. Маводи нумизматикӣ шаҳодат медиҳанд, ки шоҳигии Кӯшон дар замони Герай ном ҳоким барпо шудааст. Герай, падари Куҷула Кадфиз (Кудзула Кадфизи I) — асосгузори давлати Кӯшони кабир будааст. Манбаи хаттии Чинӣ «Хоуханшу» дар бораи истилои Бохтар аз тарафи кӯчманчиён ва 5 мулки он хабар додааст.[4] Вай барои якумин подшоҳи бузурги Кӯшон Кудзула Кадфизи I чунин нақл мекунад:

«Ба гузашти зиёда аз 100 сол ҳокими Гуйшуан (Кӯшон) Киоҷӯкӯ (Кудзула Кадфизи I) чор қабилаи дигарро тобеъ кард ва худро подшоҳ хонда "Гуйшуанӣ" ном дошт. Вай бо Анси (Порт) ҷангид, Гаофу (Газна), Пуду (Паропамис) ва Гибинро (Кашмир) забт кард ва онҳоро ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Киоҷӯкӯ дар синни 80-солагӣ вафот кард».

Ҳамин тариқ, ҳанӯз дар аҳди Куҷула Кадфиз, ки онро ғолибан Кадфизи I меноманд, хоки давлати Кӯшон ҳам васеъ шуд. Масоҳати давлат аз худуди Бохтар берун рафта бисёр ноҳияҳияи дигарро дар бар гирифт. Тадқиқи тангаҳо нишон медиҳанд, ки унвони Кадфизи I аз ябғу (сарвар) сар шуда, то «подшоҳи аъзам» ва «шоҳаншоҳ» тадриҷан боло рафтааст. Мулкҳои соҳили рости Амударё, Ориё ва Заранг дар замони Куҷула Кадфиз ба хоки давлати ӯ ҳамроҳ буданд. Вале ҷараёни ташаккули давлати Кӯшони бузург дар аҳди Куҷула Кадфиз комилан ба итмом нарасид.[5] Худи вилояти Кӯшон тахминан дар сарзамини шимолтар аз Амударё (вилоятҳои Хатлону Сурхондарёи Тоҷикистону Ӯзбакистони ҳозира) воқеъ будаасту вилоятҳои йуҷии дигар сарзамини Афғонистони ҳозира ишғол менамуданд. Аз навиштаҷоти ҳиндизабоне рӯи сиккаҳо, ки аз номи Кадфиз зада буданд, мафҳум аст, ки футуҳоти Куҷула Кадфиз дар ҷануб сарзамини Ҳиндустонро расидаанд. Набераи Куҷула — Вима Кадфиз (ва ё Кадфизи II — тахминан охири асри I-уму ибтидои асри II-юми милодӣ) — истилогариҳои падаркалонашро давом дода қисми зиёдтари Ҳиндустони Шимолӣ ба дасташ даровард. Аммо давраи равнақи баландтарини давлати Кӯшон ҳукмронии писари Вима Кадфиз — Канишка (тахминан асри II-юми милодӣ) — будааст. Канишка ҳукуматашро қариб ки ба тамоми Ҳиндустони Шимолӣ, Покистон, Афғонистон, қисми бузурги Осиёи Миёна ва ба Туркистони Шарқӣ васеъ карду пойтахти давлаташро ба шаҳри Пешовар кӯчонд. Канишка ҳам дини буддоиро қабул карда ба паҳншавиаш ёрии бисёре расонд.

Ислоҳоти пулии Кадфизи II

вироиш

Тангаҳои Кадфизи I фақат аз мис буданд ва ба сиккаҳои императори Рим ва подшоҳони Порт тақлид карда сикка зада мешуданд. Вориси Куҷула Кадфиз наберааш Вима Кадфизи II ба истилои Ҳиндустон-и Марказӣ муваффақ гашт. Ноҳияҳои соҳили рости Амударё, Қубодиён, Шаҳринав, Душанбе-ро ба ҳайати Кушони Кабир дохил кард. Тангаҳои ин подшоҳ бо номи «Шоҳаншоҳ-наҷотбахши бузург» сикка зада мешуданд. Ба фикри муҳаққиқон Вима Кадфизи II тамоми шимоли Ҳиндустон, аз ҷумла Кашмирро забт карда будааст. Кадфизи II дар сиёсати пул ислоҳот ворид намуда, тангаҳои тилоро ба муомилот даровард. Сабаби дар муомилоти пулии Кушониён ворид шудани тангаҳои тило эҳтиёҷоти тиҷорати байналхалқӣ буд. Е. В Земал таъкид кардааст, ки дар як давлати беканори муқтадир муттаҳид кардани мулкҳои парешону пароканда ва ба туфайли ҳамин хеле афзудани имконияти иқтисодиёти мамлакат, яке аз заминаҳои асосии ислоҳоти мазкур гардиданд, ки тибқи он аз тангаҳои нуқра даст кашида, тангаҳои тилоро ҷорӣ намуданд. Баъди ислоҳоти пулии Вима Кадфиз динорҳои дучанда, динорҳои муқаррарӣ, нимдинорҳо, чорякдинорҳо сикка зада шуданд. Вазни як динор ба 8г мерасид. Мамлакат ба сатрапияҳо тақсим мешуд. Айёми ҳукмронии Вима Кадфизи II ҳокимияти Кушон дар шимоли Бохтар паҳн гардид. Мувофиқи санадҳои навиштаҷоти подшоҳи Сосониён Шопури I (241—272) дар «Каъбаи Зардушт» дар феҳристи шаҳрҳо-мулкҳои тобеъ ва боҷдиҳанда сарзаминҳои тоҷикон Порт , Гургон , Марв , Нишопур , Заранг номбар шудаанд.[5]

Заволи империяи Кушониён

вироиш

Заволи давлати Кушонро бо таҷовузи давлати ҷавони эронии Сосониён вобаста мекунанд. Муаррихи арабии Табарӣ менавишт, ки нахуст аз Сосониён Ардашери I (сс. 222/227 — 240 милодӣ) Марву Балху Хоразмро «то ҳудуди ақсои Хуросон» забт кардааст.[5] Гарчанде, ки баъзе таърихшиносон ба ин исботи Табарӣ эътимод намекунанд, мафҳум аст, ки давлати Кушон муборизаро зидди подшоҳии Сосониён бардошта натавонисту тахминан дар садаи III-юми милодӣ пароканда шуд.

Рӯйхати тахминии подшоҳони Кушон

вироиш
 
Тангаи тилоии Канишка бо тасвираш. Мӯҳри танга, ки бо ҳуруфоти юнонӣ-бохтарӣ навишта шудааст: «Шаонано шао Канешки Кошано», яъне «Шоҳаншоҳ Канишка Кушон»

Соли 1993 дар сарзамини Афғонистон (вилояти Бағлон) — як навиштаҷоти рӯисанг ёфта шуд, ки онро «Навиштаҷоти Работак» номиданд. Ин навиштаҷоти бохтарзабон подшоҳони аввалини Кушонро то Канишка номбар карда Куҷула Кадфизро чун бобокалонаш, Вима Такторо чун бобояш ва Вима Кадфизро чун падараш зикр мекунад.

  1. Герай (асри I то милод, дар рӯи сиккаҳояш тасвир карда шудааст, эҳтимолан ҳокими вилояти Кушон буд — яке аз 5 вилояти мазкури йуҷӣ)
  2. Куҷула Кадфиз (асри I милодӣ, хитоӣ — Киоҷӯкӯ, мувофиқи манбаъҳои хитоӣ 80-сола вафот ёфтааст)[6]
  3. Вима Такто (охири асри I милодӣ, хитоӣ — Янгаоҷен)
  4. Вима Кадфиз (ибтидои асри II)
  5. Канишка (асри II). Канишка ҳисоби нави солҳо аз оғози подшоҳиаш сар кардааст. Тӯли подшоҳиаш аз рӯи тақвими ӯ — солҳои 1 — 23.
  6. Васишка (асри II, солҳои 23 — 29 аз рӯи «эраи Канишка»)
  7. Хувишка (охири асри II)
  8. Васудева (ибтидои асри III). Воқеаномаи хитоие сафоратеро аз подшоҳи йуҷӣ Po-t’iao зикр мекунад, ки соли 230 милодӣ ба дарбори қайсари хитоӣ Цао Жуй аз сулолаи Вей омада буд. Дар забони қадими хитоӣ ин ном чун Pua-d’ieu талаффуз карда шуда буду эҳтимолан ба номи Васудева мос меояд.

Номҳои шоҳони Кушонӣ

вироиш
  1. Шоҳ Донӣ Доӣ
  2. Родо Кидеваки Вахшон
  3. Ардахшон
  4. Фарниёрод Котвил Кадфисшоҳ
  5. Ниёгевдод Вимо Тактошоҳ=Ягтошох
  6. Эзиддод Вимо Кадфисшоҳ
  7. Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон
  8. Меҳромон Конишаки Кӯшон
  9. Кӯшоншоҳ Озарвону Варҳуман

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Кушониён яке аз ниёгони тоҷикон мебошанд, ки шоҳигарии онҳо аз садаи II то мелод ва 4 мелодӣ идома ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон давраи ҳукмронии Кушониёнро «ҳалқаи заррини таърихи халқи тоҷик» номидааст. Дар забони портӣ (парфиёнӣ) — Кушоншаҳр номида мешудааст.

Дар замони Кушониён забонҳои кушонию бохтарӣ ва лаҳҷаҳои он, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ мансуб мебошанд, роиҷ будааст. Ҳамчунин забоншиносон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти гуногун аслияти худи забони кушониро низ муайян намуда, онро ба зергурӯҳи шимолии забонҳои шарқии эронӣ мансуб донистаанд.

Муттаҳидшавии панҷ қабилаи кушонӣ дар водии Вахш сурат гирифтааст. Тибқи баъзе маълумоти таърихӣ, шоҳигарии Кушониён аз ҷониби қабилаҳои ҳиндуаврупоии «тохарҳо» асос гузошта шудааст. Сиккаҳои аввалин шоҳаншоҳи кушонӣ, ки Ҳерай-Санаб ном дошт, маҳз аз водии Вахш пайдо шудаанд.

Шаҳрҳо аз ҳудуди Бохтар ё баъдан Тахористон маҳз дар давраи Кушониён ривоҷу равнақ ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди мамлакати мо ба замони Кушониён димнаҳои Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Теппаи Шоҳ дар ноҳияи Шаҳритуз, Куҳан-Қалъа дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон (собиқ Ғозималик), Ғаравқалъа ва Тамошотеппа дар ноҳияи Ёвон, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Қалъаи Чармгарони Поён (Қалъаи Мир) дар шаҳрҳои Кӯлоб, Шаҳринав, Душанбеи қадим дохил мешаванд.

Доир ба давлати Кушониён сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва ҷуғрофӣ маълумот дода, бори аввал бо ташаббуси аллома Б. Ғафуров дар Душанбе ва Кобул симпозиуми байналмилалӣ доир шуда, олимони бостоншинос ва таърихнигорон дар бораи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти зиёдеро дар шакли рисола ва мақолаҳои илмӣ интишор дода, баъдҳо дар ин мавзӯъ китобҳои алоҳида низ ба чоп расониданд. Дар ин асарҳо таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Кушониён васеъ тасвир гардидааст.[7]

Бозгашти номи Кушониён

вироиш

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон…, номи ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.[8]

  1. Кушанское царство // БРЭ. Т.16. М.,2010.
  2. Страбон, География, Книга XI, 8, 2.
  3. Б. Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе, 2008. С. 149—150.
  4. Маъхазҳои хитоӣ исмҳои он вилоятҳоро нигоҳ доштаанд: Гуйшуан (Кӯшон), Ҳӯмӣ, Шуанмӣ (Шуғнон?), Ситун ва Гаофу (Кобул?).
  5. 5.0 5.1 5.2 Б. Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе, 2008. С. 151.
  6. Воқеаномаи Ҳоу Ҳан-шу
  7. Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Кушониён. 30 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.
  8. МИНБАЪД ҚӮРҒОНТЕППА БОХТАР, САРБАНД — ЛЕВАКАНТ, БОХТАР — КӮШОНИЁН НОМ БУРДА МЕШАВАНД. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон. 30 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2022.