Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ

Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ — яке аз муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих

вироиш

Фаъолияти мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ пайваста дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ – барои кӯдакони болаёқат ва боистеъдод пешбинӣ шудааст ва ягона муассисаи таълимии миёнаи махсуси мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тӯли мавҷудияти худ дар инкишофи фарҳанг ва санъати миллӣ нақши шоиста пайдо намуда, таърихи бою тӯлони дорад. Бунёди ин муассисаи таълимӣ ба солҳои 20-уми асри гузашта рост омада, бо дарназардошти фармоиши Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон аз 15 декабри соли 1961 №329 мактаби мусиқии бачагонаи таҳсилоти 7 солаи ба номи П.И Чайковский ба мактаби миёнаи мусиқии таҳсилоти 10 солаи ба номи П.И Чайковский табдил дода шудааст. Сипас, бо фармоиши Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон аз 23 марти соли 1963 №84 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ном гирифт. Тибқи қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 1985 мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ номгузорӣ шудааст. Баъдан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 570 ва тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таъсис дода шудааст. Хонандагони ин макони касбу ҳунар доимо дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида дар баробари ин, тарбиятгирандагон ҳар сол якчанд маротиба аз шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Баҳористон», «Шабакаи аввал» ва «ТВ-Пойтахт» ҳунарҳои омӯхтаи худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Инчунин вохӯриҳои зиёде бо ҳунармандони хориҷӣ аз ИМА, Италия, Норвегия, Олмон, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Арманистон ва ғайра бо ширкати омӯзгорону хонандагони таълимгоҳ бо номи «Устоди ҳунар» (мастер - класс) баргузор гардидааст. Дар соли аввали ташкилёбии он 50-нафар хонандагон ба синфи 1-ум дохилшуда, ба онҳо омӯзгорони баландихтисос ва соҳибтаҷриба сабақ меомӯзонданд. Аввалин маротиба соли 1961 сарварии мактабро Надежда Андреевна Будкевич ба уҳда гирифт. Минбаъд дар даврони роҳбарии Миратулло Атоев, Раъно Фахриева Юсуф Саодатов, Шермуҳаммад Ҳабибов, Холмурод Хоҷаев ва ҳоло Қосим Малаев ин даргоҳи ҳунар бар асари ранҷу заҳмати чандин насли омӯзгорон бомаром рушду нумӯъ кард ва мазмуну мундариҷаи таълиму тарбия ғанию бонизом гардид. Он солҳо даҳҳо хонандагон мактаби мусиқиро хатм намуда, дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияташонро оғоз намуданд. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ансамблҳо ташкил гардид, ки дар ҳайати он хатмкунандагони ин таълимгоҳ низ фаъолият мебурданд. Аз соли 1971 инҷониб, дастпарварони зиёд ба консерваторияҳо ва донишкадаҳои санъат дохилшуда, нозукиҳои санъати мусиқии касбиро омӯхтанд. Солҳои 1971–1972 як зумра хатмкунандагони ин мактаби мусиқӣ фаъолияти худро ҳамчун мутриб, сарояндаи хор ва консертмейстер дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва ғайра оғоз намуданд. Шуъбаи созҳои миллӣ бо роҳбарии Қосим Малаев бори нахуст соли 1978 фаъолияти худро оғоз намуд. Хонандагон дар созҳои миллии тоҷикӣ аз рӯи нота дониш андӯхта, оҳангҳои тоҷикиро дар созҳо ба нота дароварда, касб меомӯхтанд..

Устодон ва шогирдон

вироиш

Устодони ин мактаби мусиқӣ – Арзуманов Д.С., Кийко И.А, Леско А.К., Муллоҷонов Ю.Р., Болотин Г.Н., Бороздина В.А., Муравин С.С., Шапкина А.П., Еналиев Р.С., Гелбард Б., Медведев, Чернохлебова З.И., Обидпур Ҷ., Агапова Л.П., Косов, Мучник, Финкелберг ва даҳҳо чеҳраҳо барои ин макони ҳунар ошно ҳаст. Маҳз самарии заҳмати ҳамин омӯзгорон буд, ки шогирдони эшон дар Консерваторияю мактабҳои олии санъати мусиқии Олмону Фаронса, Итолиёю Амрико, Русия, Кишварҳои назди Балтика ва кишварҳои Осиёи марказӣ таҳсил карда, на танҳо шарафи мактаб, балки Тоҷикистони азизро баланд бардоштанд. Ҳоло чанде аз ин чеҳраҳои ҳунарро метавон номбурд, ки маҳз аз сабақи устоди ёдшуда баҳраманд шудаанд ва аз остонаи ҳамин даргоҳи ҳунар ба авҷи шуҳрат расидаанд. Валерий Шкарупа (1977, Екатеринбург), Гулчеҳра Иноятова (1976, Хитой), Зулфия Халилова (1977, Олмон), Алишер Латифзода (1980, ИМА), Парвиз Турабӣ (1981, Москва), Рухшона Муборакшоева (1988, Олмон), Аҳмад Бақоев (1988, Москва), Зарина Собирова (1998, Фаронса), Мардон Шарипов(1998, ИМА) ва даҳҳо симоҳои дигар на фақат ифтихори Тоҷикистон, балки ҷаҳониён мебошанд. Солҳои минбаъда бо сарварии устод Сангинов Р.Р. – Арбоби шоистаи Тоҷикистон, мактаби мусиқӣ шогирдони зиёдеро аз рӯи тахассуси скрипка тарбия намуд, ки дар рушди санъати касбии мусиқии тоҷик саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин дар ин ҷода заҳмати омӯзгорон ба монанди Баҳодурова Қ.Б., Макиевская В.В., Проснякова Е.Т., Обидова Н.Ҷ., Смирнова Н.Н., Кутенёва В.А., Ёқубов Қ., Қ.Қурбониён., Раҳмонова З.О., Акобиров Ғ.И., Икромова З.Ҳ., Ғафурова З.Р., Паномарчук Л.Э., Латипова В.Д., Набиев Д.А., Сангинова Р.Р., Мирзоева Ш.О., Рустамзода Н., Саодатова П.Ю. ва ғайра қобили зикр аст. Муассисаи таълимии мазкур дар тӯли 53 соли мавҷудияти хеш тавонист, ки шумораи хонандагонро дар соли хониш то ба 315 нафар расонида, бисёр чеҳраҳои намоёни санъати тоҷикро тарбия намояд. Шогирдони омӯзгорони шуъбаҳои фортепиано, созҳои торӣ ва созҳои миллӣ ба монанди Сангинов Р.Р., Макиевская В.В., Баҳодурова Қ.Б., Малаев Қ.И., Проснякова Е.Т., Сангинова Р.Р., дар чорабиниҳои фарҳангии Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Давлатҳои назди Балтика, Осиёи марказӣ ва дигар кишварҳо ширкат варзида, асарҳои эҷоднамудаи онҳо аз ҷониби мутахассисони мусиқии касбӣ хуш пазируфта шуд ва сазовори баҳои баланд гардиданд. Дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ имрӯз композитор - Шуҳрат Ашуров аъзои Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти омӯзгорӣ дорад ва дар пешрафти санъат ва фарҳанги тоҷик бо асарҳои эҷодкардаи худ хидматҳои шоён карда истодаанд. Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур оркестри мактабӣ, таҳти роҳбарии дорандаи «Ордени Шараф дараҷаи II» устод Г. Ғуломҳайдаров ва хори умумимактабӣ таҳти роҳбарии дорандаи «Медали хидмати шоиста» Е. Проснякова фаъолият мекунад. Дар баробари ин,

  • ансамбли скрипканавозон, роҳбари ансамбл - Сангинов Р.Р.,
  • ансамбли рубобнавозон, таҳти роҳбарии Қ. Малаев ва
  • ансамбли дуторнавозон зери роҳбарии Арбоби шоистаи Тоҷикистон – Қурбони Қурбониён

фаъолият мекунад. Оркестр ва ансамблҳои мактабӣ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ширкат меварзанд.


Тӯли солҳои охир дар таълимгоҳ корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Соли 2010 – Дар озмуни ҳунар, ки дар ш.Суздали Федератсияи Русия баргузор гардид, ду нафар хонанда аз шуъбаи созҳои торӣ иштирок карда, соҳиби дипломҳо гаштаанд;

  • - моҳи декабри соли 2010 – дар фестивали ҷумҳуриявии «Навозандаи ҷавон» 26 – нафар хонандагон дар ин Фестивал иштирок намуда, натиҷаҳои хуб нишон доданд;
  • - июни соли 2011 – дар фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд САПЕДА – 2011 зиёда аз 50 нафар хонандагон ширкат варзиданд.
  • Дар ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар хонандагон бо устодони худ дар саҳми босазо гузоштаанд;
  • - июни соли 2012 - дар фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд САПЕДА – 2012 зиёда аз 100 нафар хонандагон ширкат варзиданд;
  • - апрели соли – 2012 хонандагон аз шуъбаҳои созҳои торӣ ва фортепиано Баҳромзода Асрина хонандаи синфи 10 ва Мамадгазиева Олеся хонандаи синфи 7 дар шаҳрҳои Толяти, Новокузнецк ва Самараи Федератсияи Русия дар устоди ҳунар (мастер - класс) ширкат варзида, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд;
  • - июни соли 2013 – дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия бо номи «3-я Детская Музыкальная Академия Ю.Башмета Международный мастер-класс» хонандаи синфи 6-ум Алишерова Шукрона ширкат варзида, соҳиби туҳфаи хотиравӣ гашт;
  • - аз таърихи 2 то 7 майи соли 2014, дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия бозиҳои Делфӣ баргузор гардид. Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-226 аз 16.04.2014 се нафар тарбиятгирандагон Мирова Зебуниссо - хонандаи синфи 11, Баҳромзода Асрина - хонандаи синфи 10 аз рӯи тахассуси фортепиано ва Холов Фаёз - хонандаи синфи 10 аз рӯи тахассуси рубоб маҳорати касбии хуб нишон доданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳамаи иштирокчиён соҳиби тӯфаҳо гашта, бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд. Инчунин панҷ нафар омӯзгорон - Ғуломайдаров Г., Макиевская В.В., Проснякова Е.Т., Латипова В.Д ва Ашуров Ш.Б низ ба бозиҳои Делфӣ сафарбар шуданд;
  • - хонандаи синфи 5-ум Хоҷиев Муродҷон - дар Академияи чоруми бачагонаи мамлакатҳои ИДМ ва Балтика, ки дар шаҳри Самараи Федератсияи Русия аз 2 июн то 9 июни соли 2014 баргузор гардид, ширкат варзида соҳиби диплом гашт.

Шуъбахо ва Ихтисосҳо

вироиш

Дар бахши мусиқии мактаб 6 - шуъбаи тахассусӣ амал мекунад:

Пайвандҳо

вироиш