Тоҷикистон дар соли 2022

  • 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе Маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.[14]
  • 2 сентябри соли 2022 Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ (қариб 24 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –/МОИ/ «Суғд» ва /МОИ/ «Данғара» маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба даст омадаанд.[15]
  • 30 июли соли 2022 Дар Тоҷикистон 288 субъекти хидматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият доранд.[18]
  • 7 июли соли 2022 Reuters бо истинод ба мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар медиҳад, ки Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) қасд дорад бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи Роғун шавад.[19]
  • 7 июли соли 2022 19 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки 4 - 7 июли соли 2022 дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, тасдиқ шудаанд. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.[20][21]
  • 21 июни соли 2022 Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад. Масофаи роҳ 916 километрро ташкил дода, қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд.[22].
  • 6 июни соли 2022 Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад.[23].
  • 3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.Мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.[24].
  • 30 майи соли 2022 Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.[25].
  • 27 майи соли 2022 Дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ, ки аз 21 то 25 майи соли 2022 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён гирифт, се нафар ҳунармандони тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.[26].
  • 17 майи соли 2022 Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ – "Абобил 2" боз шуд. Бурди амалётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози "Абобил 2" аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 11000 ҳазор поӣ (3352.8 метр) ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад.[27].
  • 28 апрели соли 2022 Дар ноҳияи Данғара Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро мавриди истифода қарор доданд. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуда буд.[28].
  • 23 апрели соли 2022 Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон мавриди зикр аст, ки «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор” “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли 2022 дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хидмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.»[29].
  • 18 апрели соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи ширкати чинии «ТВЕА» Чжан Син бо пахши тугмаи рамзӣ ба тариқи онлайн ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тило ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе Майнинг” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд. Дар ин корхона истеҳсоли 4 тонна тило ва 1 тонна нуқра дар як сол дар назар аст. Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тило мебошад. Тибқи нақша, кони “Дуобаи Шарқӣ” моҳи июни соли 2023 ба истифода дода мешавад.[30].
  • 17 апрели соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд[31].
  • 14 апрели соли 2022 Cафари президент ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Дар ин корхона ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тило 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад [32].
  • 13 апрели соли 2022 Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13 апрели соли 2022 зери се протокол имзо гузоштанд.[33].
  • 24 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврали соли 2022 фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чандин садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва дигар шаҳрҳои пойтахти Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Белорус вориди қаламрави Украина шуданд. "Мавҷи Олмон" дар як матлаб ин ҳамлаи Русияро ба Укроин ғасибона унвон карда, навиштааст, ки "президенти Русия 24 февраля ҷанг алайҳи Укроинро эълон кард, вале онро "амалиёни вижаи низомӣ дар Донбасс" номид".[36].
  • 22 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Укроин - Луҳанск ва Донетскро эътироф кард. Путин ба вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия "сулҳро таъмин" кунад. Луҳанск ва Донетск ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав мебошанд. Ин амалкарди Путин норизоятии шадиди Киев ва дареғогӯйиҳои сарони НАТО ва кишварҳои дигари Ғарбро ба бор овард.[37].
  • 11 феврали соли 2022 Дар соли сипаригардида (2021) ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 340 миллион долларро сармояи мустақим ва 370 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад.[38].
  • 8 феврали соли 2022 Соли 2022 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад.[39].
  • 4 феврали соли 2022 Соли 2022 барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ - «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 феврал ба имзо расид.[40].
  • 31 январи соли 2022 Соли 2021 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд.Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба хабарнигорон иттилоъ дод.[41].
  • 29 январи соли 2022 Натиҷаи гуфтушунид:Раиси КДАМ Тоҷикистон С. Ятимов ва К.Тошиев (Қирғизистон) тавофуқ карданд протоколи 1 майи 2021-ро пурра иҷро шавад [42].
  • 28 январи соли 2022 Шумори кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзии шоми 27 январ бо Қирғизистон ба ду нафар расид."Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи таърихи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд",-хабар медиҳад Неруҳои марзбонӣ.
  • 21 январи соли 2022 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода "Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021" таъкид дошт, ки дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд.[43].
  1. www.asiaplus.tj. Маошу нафақа ва стипендия дар соли 2023 аз 20 то 25 дарсад боло мераванд(тоҷ.) (23 Декабри 2022). 27 Декабри 2022 санҷида шуд.
  2. www.asiaplus.tj. Суруд ва сарояндаҳои беҳтарини сол - Tarona Music Award-2022(тоҷ.) (20 Декабри 2022). 27 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. www.pressa.tj. Академик Шаҳбозов ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” ва 2 миллион рублро соҳиб шуд(тоҷ.) (15 Декабри 2022). 27 Декабри 2022 санҷида шуд.
  4. www.pressa.tj. Даргузашти ноиби Раҳмон Набиев. Нарзулло Дӯстов кист?(тоҷ.) (2 Декабри 2022). 22 Декабри 2022 санҷида шуд.
  5. www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро оғози раванди давлатсозии тоҷикон номиданд(тоҷ.) (16 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  6. www.khovar.tj. ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ СИФАТИ РОҲҲО ДАР ИДМ ҶОИ ДУЮМ ВА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЗИНАИ АВВАЛРО ИШҒОЛ МЕКУНАД(тоҷ.) (16 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  7. www.asiaplus.tj. Тоҷикистон мехоҳад дар "рейтинг"-ҳои ҷаҳонӣ мавқеашро боло барад. Онҳо кадом "рейтингҳо" ҳастанд?(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  8. www.asiaplus.tj. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи дӯзандагии «Маҳина»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  9. www.asiaplus.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  10. www.asiaplus.tj. Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шуд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  11. www.asiaplus.tj. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва банду басти ҶДММ «Меваҳои ҳазорчашма»-ро дар ноҳияи Деваштич ба истифода доданд.(тоҷ.) (14 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  12. www.khovar.tj. Дар даҳ моҳ дар Тоҷикистон зиёда аз 25 ҳазор субъектҳои хоҷагидор ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд(тоҷ.) (12 ноябри 2022). 22 ноябри 2022 санҷида шуд.
  13. www.asiaplus.tj. Абдуфаттоҳ Шарифзода: “Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашонро дар иҳотаи фарзандону пайвандон ҷашн мегиранд”(тоҷ.) (5 октябри 2022). 7 октябри 2022 санҷида шуд.
  14. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  15. Дар Тоҷикистон боз як корхонаи истеҳсоли семент ба кор медарояд(тоҷ.). www.khovar.tj (1 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  16. Дар Тоҷикистон боз як корхонаи истеҳсоли семент ба кор медарояд(тоҷ.). www.khovar.tj (29 августи 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  17. www.asiaplus.tj. Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст(тоҷ.) (18 августи 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  18. Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба афзудааст(тоҷ.). www.vfarhang.tj (30 июли 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  19. Reuters: Евросоюз поручил направить на достройку Рогуна миллиарды(рус.). www.asiaplus.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
  20. ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН:(тоҷ.). www.vfarhang.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июли 2022.
  21. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд(тоҷ.). www.khovar.tj (7 июли 2022). 7 июли 2022 санҷида шуд.
  22. www.asiaplus.tj. Вагонҳои нав, таблои иттилоотӣ... Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад(тоҷ.) (21 июни 2022). 21 июни 2022 санҷида шуд.
  23. www.asiaplustj. Олими риёзидони тоҷик Мерганд Шаҳбозов барандаи ҷоизаи "Ситораҳои иттиҳод"-и ИДМ шуд(тоҷ.) (6 июни 2022). 6 июни 2022 санҷида шуд.
  24. www.tvt.tj. Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими маҷозии оғози амалигардонии лоиҳаи муштараки бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.) (2022-06-3). 3 июни 2022 санҷида шуд.
  25. www.tvt.tj. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон(тоҷ.) (30 май 2022). 30 май 2022 санҷида шуд.
  26. www.tvt.tj. Ҳунармандони тоҷик дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷоизаҳои махсус гардиданд(тоҷ.) (27 май 2022). 27 май 2022 санҷида шуд.
  27. www.asiaplustj. Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ сохта шуд(тоҷ.) (17 май 2022). 17 май 2022 санҷида шуд.
  28. www.khovar.tj. Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»(тоҷ.) (28 апрели 2021). 29 апрели 2022 санҷида шуд.
  29. www.khovar.tj. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором.(тоҷ.) (23 апрели 2021). 24 апрели 2022 санҷида шуд.
  30. www.khovar.tj. ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истихроҷ ва коркарди металли қиматбаҳо ба фаъолият пардохтанд(тоҷ.) (18 апрели 2021). 18 апрели 2022 санҷида шуд.
  31. www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд(тоҷ.) (17 апрели 2021). 17 апрели 2022 санҷида шуд.
  32. www.khovar.tj. Cафари президент ба Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд(тоҷ.) (15 апрели 2021). 15 апрели 2022 санҷида шуд.
  33. www.khovar.tj. Се протокол ба имзо расид:Хулосаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон(тоҷ.) (13 апрели 2021). 15 апрели 2022 санҷида шуд.
  34. www.khovar.tj. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  35. www.khovar.tj. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Хона-музейи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд.
  36. www.khovar.tj. Русия амалиёт дар Укроинро оғоз кард. Хабарҳо аз ҳамла ба Киеву Одесса мерасад(тоҷ.) (22 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  37. www.khovar.tj. Путин "истиқлол"-и Донетск ва Луҳанск, ду минтақаи ҷудоиталаби Укроинро эътироф кард(тоҷ.) (22 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  38. www.khovar.tj. Чин миёни кишварҳои сармоягузор ба Тоҷикистон пешсаф аст(тоҷ.) (11 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  39. www.khovar.tj. Дар арафаи ҷашни [[|Наврӯз] телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад](тоҷ.) (8 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  40. www.asiaplustj.info. Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун ҳудуди 8 млн сомонӣ ҷудо кард(тоҷ.) (4 феврали 2021). 28 феврали 2022 санҷида шуд.
  41. www.khovar.tj. Далер Ҷумъа: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 20 млрд кВт-соатро ташкил дод(тоҷ.) (31 Январ 2021). 31 Январ 2022 санҷида шуд.
  42. www.asiaplustj.info. Натиҷаи гуфтушунид: Ятимов ва Тошиев тавофуқ карданд протоколи 1 майи 2021-ро пурра иҷро шавад(тоҷ.) (29 Январ 2021). 31 Январ 2022 санҷида шуд.
  43. www.asiaplustj.info. Ҳукумат аз соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои соли ҷориро муайян кард(тоҷ.) (21 Январ 2022). 31 Январ 2022 санҷида шуд.