Русия
Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми Аврупои Шарқӣ ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 1922—1991 кишвар РСФСР ном дошт, ва яке аз 15 ҷумҳуриҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белорус гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Русия — шаҳри Маскав.
Шиор: нест | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Федератсияи Русия|суруди миллӣ ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Русӣ |
Пойтахт | Маскав |
Шаҳри калонтарин | Маскав, Санкт-Петербург |
Идораи давлат | Демократӣ-Федеративӣ |
Президент | Владимир Путин |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
1-ум ҷой дар ҷaҳон 17 125 191 км² 13 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2020) • Зичӣ |
9-ум ҷой дар ҷaҳон 146 748 590 нафар 8,58 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2009) • Ба сари аҳолӣ |
6-ум ҷой дар ҷaҳон 2,109 трлн $ 14,919 $ |
Пули миллӣ | Рубли русӣ (RUB, RUR) |
Интернет-Домен | .ru, .su, .рф аз 12 май 2010. |
Коди телефон | +{{{Коди телефон}}} |
Соат | UTC +2…+11 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
| |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Ин мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Россия (рус.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Аз моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ишғол мекунад.
Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки нақши муҳимро ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё бозад.
Ба ҳайати Федератсияи Русия — 89 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 48 — вилоят, 24 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.
Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.
Таърих
вироишДар аввал хати истилоҳи "Rosia» (Gk. Ρωσία) дар миёнаҳои асри Х зикр шудааст. Вай дар навиштаҳои императори византӣ Константин Богрянородний "Дар бораи маросимҳо ҳамчун бо номи юнонӣ Руси вомехӯрад. Дар хати кириллӣ аввалин бор 24 апрели соли 1387 истифода шуда буд. Мақоми расмиро пас аз ба тахт нишастани Иван IV соли 1547, вақте ки давлат Подшоҳии Русия ном гирифт, ишғол кард. Дар имлои муосири калима - бо ду ҳарф "с" - дар асри XVI пайдо шуда, дар охир дар замони Пётри I қарор доданд, ки давлат то охир бо номи "Россия" мемонад. Вале дар забони тоҷикӣ давлатро "Русия" мегӯянд.
Сиёсат ва ҳукумат
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Ҷуғрофия
вироишФедератсияи Русия дар ду қитъаи олам Аврупо ва Осиё ҷойгир буда 1/3 (33%) масоҳаташ дар Аврупо ва 2/3 (67%) дар Осиё воқеъ гардидаст. Қисми шимоли онро баҳрҳои Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ, қисми шимолу шарқиашро обҳои Уқёнуси Ором иҳота намудааст. Дар Русия се қаламрави фаррох Аврупои Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ ва паҳнкӯҳҳои Сибири Миёна ҷудо шуда меистанд. Иқлими Русия хело гуногун буда, минтақаҳои иқлимиаш аз шимол ба ҷануб чунин иваш мешаванд: минтақаи иқлими арктикӣ, субарктикӣ, муътадил ва субтропикӣ. Муддати сол дар тамоми қаламрави он ҳавои арктикӣ, атлантикӣ ва антисиклни Сибири Шарқӣ мебошад. Тобистон бошад сатҳи Русия гарм, фишор паст ва массаҳои ҳавоӣ аз уқёнус ба хушкӣ ҳаракаткунанда ҳукмронӣ мекунанд. Бориш дар фаслҳои баҳору тобистон, дар тирамоҳу зимистон барф меборад. Дар қаламрави Русия миқдори зиёди дарёҳо ҷорӣ мешаванд, ки онҳо манбаи бузургӣ энергетикӣ мебошанд. Калонтарини онҳо Об, Иртиш, Амур, Волга, Енисей, Лена мебошанд. Захираҳои обию энергетикӣ мамлакат беҳамто мебошад,ки дар қисмати зиёди дарёҳо Неругоҳҳои барқию обӣ сохта шудааст.
Масоҳаташ 17075 ҳазор километри квадратӣ, аҳолиаш 146 миллион нафар, дар байни арзҳои 80°-43° арзи шимол ва тӯлии 29° ва 170° тули шарқӣ ҷойгир шудааст. Сарҳадҳои ин давлат баҳрҳои Уқёнуси Атлантика, Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Уқёнуси Ором. Баҳри Балтика, Сафед, Баренс, Кара, Лаптифхо, Охот, Ҷопон мешуяд, ки ягон давлати дигарро чунин баҳрҳои зиёд иҳота накардааст. Дар қаламрави кишвар бузургтарин ҳамвориҳои ҷаҳон воқеъ аст, ба монанди:
- Ҳамвории Сибири Ғарбӣ
- Аврупои шарқӣ ҷойгир шуда аст.
Русия давлати сермиллат буда, аз ҷиҳати сарватҳои табиӣ, масоҳати ҷангалзорҳо, захираи нафт, газ, маъдани оҳан ва аз дигар канданиҳои фоиданок хеле бой аст. Забони русӣ ба яке аз забонҳои умумиҷаҳонӣ монанди забони инглисӣ табдил ёфта мавқеъи бонуфуз дорад.
Бахшбандии кишварӣ
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Сохтори давлатӣ
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Тақсимоти маъмурӣ
вироишИқтисоди Русия
вироишАҳолӣ
вироишАҳолии Русия — 142 856 536 нафар тан (ба ҳисоби 1 январи соли 2010, мувофиқи додаҳои омори давлатии Русия, 2,13 % ҳамаи аҳолии Замин дар ҳамин ҷо сукунат мекунад). Дар соли 2016 146 748 590 нафар аҳолӣ дошт.
Ҳайати миллӣ
вироишМиллат | Нисбат (2002)[1] |
Нисбат (2010)[1] |
---|---|---|
Русҳо | 80,64 % | 80,90 % |
Тоторҳо | 3,87 % | 3,87 % |
Украинҳо | 2,05 % | 1,41 % |
Бошқирдҳо | 1,16 % | 1,15 % |
Чувашҳо | 1,14 % | 1,05 % |
Чеченҳо | 0,95 % | 1,04 % |
Арманҳо | 0,79 % | 0,86 % |
Аварҳо | 0,57 % | 0,66 % |
Мордваҳо | 0,59 % | 0,54 % |
Қазоқҳо | 0,46 % | 0,47 % |
Озарбойҷонҳо | 0,43 % | 0,44 % |
Дарғинҳо | 0,35 % | 0,43 % |
Удмуртҳо | 0,44 % | 0,40 % |
Марийҳо | 0,42 % | 0,40 % |
Осетинҳо | 0,36 % | 0,39 % |
Белорусы | 0,56 % | 0,38 % |
Қобординҳо | 0,36 % | 0,38 % |
Қумиқҳо | 0,29 % | 0,37 % |
Ёқутҳо | 0,31 % | 0,35 % |
Лезгинҳо | 0,29 % | 0,35 % |
Бурятҳо | 0,31 % | 0,34 % |
Ингушҳо | 0,29 % | 0,32 % |
дигарон | 3,40 % | 3,51 % |
миллатро нишон надоданд (млн. нафар) | 1,46 | 5,63 |
Фарҳанг
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Телевизион
вироишМаориф
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дин
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Идҳо
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Варзиш
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Сарчашма
вироиш- Сайт Президента Российской Федерации (рус.)
- Сайт Государственной думы Российской Федерации Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2014 сол. (рус.)
- Сайты государственных органов Российской Федерации. (рус.)
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Вот какие мы — россияне. Об итогах Всероссийской переписи населения 2010 года // Российская газета — Федеральный выпуск № 5660 (284). 22.12.2011
Қазоқистон | Қирғизистон | ҶХЧ | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбекистон | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон |
Қазоқистон | Қирғизистон | Беларус | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбекистон | | |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина |