Сарвашт
Сарвашт (форсӣ: سروشت) — дараҷае афсарӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз саргурд ва болотар аз таҳмбон мебошад; капитан[1].
Сарвашт | |
---|---|
![]() Сардӯшии сарвашт дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон | |
Кишвар |
![]() |
Нерӯ | Артиш |
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: سروشت |
Ҳамто дар НАТО[en] | OF-2 |
Дараҷаи болотар | Саргурд |
Дараҷаи поинтар | Таҳмбон |
Дараҷаҳои баробар |
Дараҷаи поинтар: Таҳмбон |
![]() Сарвашт |
Дараҷаи болотар: Саргурд |
Сарвашт дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии ваштро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне ҷудогона аст; гурӯҳон[2], рота[3].
Мундариҷа
ВожашиносӣВироиш
«Сарвашт» аз ду вожа сохта шудааст: сар + вашт (порсии миёна: wašt > паҳлавӣ: wast «сада, бахше аз сипоҳ»). Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + исм (вашт)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
ПешинаВироиш
Сарвашт ҳамчун симати низмомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «садабад» (порсии бостон: *θata-pati-) номида мешуд ва фармондеҳи «сада» (порсии бостон: *θata-) будааст[4]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[5], сада «васт» (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он «васт-солор» (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[6].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон «вашт» (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш «вашт-солор» (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[7].
Ин истилоҳро арманиҳо дар замони Сосониён аз эрониён вом гирифтаву ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон «рота»-ро «вашт» (арманӣ. Վաշտ) меноманд[8].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешина, вожаҳои «вашт» ва «сарвашт», ки аз он сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «рота» (аз лаҳӣ: rota > олмонӣ: Rotte «гурӯҳ, даста») ва «капитан» (аз фр. capitaine > лот. capitaneus «сардор, саркарда») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[9].
ПайвандҳоВироиш
МанобеъВироиш
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
- ↑ Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
- ↑ W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной