Рӯихати кишварҳои форсизабони таърихӣ
Феҳристи давлатҳои таърихии форсизабон
вироишАз асри XII сар карда, забони форсӣ на танҳо миқёси истифодабарии хешро зиёд кардааст, балки инчунин ҷойивазкунии забони адабии арабӣ ва ҷуғрофиёи паҳншавиро ба таври назаррас тавсеа медиҳад. Он забони маъмулии аҳолии Эрони Бузург ва дар тамоми шарқи ҷаҳони ислом, аз Анатолия то шимоли Ҳиндустон мегардад. Ҳамчун забони расмии сулолаи Хуросонии Сомониён арзи ҳастӣ намуда маҳз дар замони Сомониён забони форсӣ аз амирони Сомониён пуштибонии васеъ дарёфт, ки ин ба азбайнравии забонҳои шарқии эронӣ кумак кард. Форсӣ на танҳо забони идоракунии маъмуриро аз даст надодааст, балки дар адабиёти бадеӣ ва адабиёти илмӣ дар асрҳои оянда, вақте ки ҳукуматдорони аслашон турктабор (сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Усмониён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Бобуриён, Сафавиён, Коҷориён ва дигарон) сари қудрат буданд, боқӣ монда нашъу намо кардааст. Маҳз дар давоми асрҳои Х - XIV эҷодкории дар ҷаҳон машҳур, шоирони форсизабон аз қитъаҳои гуногуни мамолики шарқ ва ҷаҳони мусалмонон, мероси оламшумулеро офаридаанд, ки ба мероси классикии адабиёти ҷаҳон ворид гардидааст: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Аттор, Ҳофиз, Ҷомӣ, Деҳлавӣ ва бисёр дигарон.
Забони форсӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ ва ҳамчун забони адабӣ ба таври васеъ истифода мешуд, аз ҷумла дар минтақаҳое, ки гӯяндагони он ҳеч гоҳ аксарияти аҳолиро ташкил намедоданд. Дар Осиёи Миёна лаҳҷаҳои гуфтугӯии тоҷикӣ, ки аз ҷониби забонҳои туркӣ танг карда мешуданд, сарчашмае ба зеризаминаи забонҳои туркӣ ӯзбекӣ ва туркманӣ гардиданд ва адабиёти форсӣ ба ташаккули забони адабии чағатойӣ таъсири мустақим дошт. Дар канори дигари ҷаҳони шарқӣ Салҷуқиён ва ҳокимони имперотурии Усмонӣ, ки баъзеашон шоирони маъруфи форсизабон буданд, дар тӯли асрҳо форсии адабиро сарпарастӣ мекарданд ва таъсири форсӣ ба забони туркии усмонӣ хеле бузург буд. Дар Ҳиндустон, забони форсӣ аз ҷониби султонҳои мусулмон сарпарастӣ карда шуда, аз Ғазнавиён (асри X) сар карда, ҳамчинчунин наслҳои Темуриён — Бобуриён буданд. Забони урдуи Ҳиндустон зери таъсири назарраси забони форсӣ рушд кардааст, то кунун ин таъсир дар забони гуфтугӯии аҳолӣ дар саросари Ҳиндустони Шимолӣ намоён аст. Марказҳои аслии забони форсии Хуросон (асрҳои IX - XII) баъди забтшавии он аз ҷониби туркҳо ва муғулҳо тадриҷан хароб шуданд. Марказҳои ҳаёти адабӣ ба ғарб, ба Форс, ба "Ироқи форсӣ" (Эрони муосир), Озарбойҷон ва минбаъд ба Осиёи Хурд (асрҳои XIII - XVI), ки дар он ҷо лаҳҷаҳҳои хуроснии дарӣ ҳанӯз талаффуз нашуда буданд (лаҳҷаҳои сершумори форсии эронӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд). Забони адабӣ ба тағйирот дучор шуда, "хусусиятҳои ғарбиро" бештар мегирад. Боз як шохаи "шарқии" анъанаҳои ҳаёти адабӣ дар байни мусалмонони Ҳиндустон қавӣ шудааст.
Ин феҳристи давлатҳо ва сулолаҳои таърихиро, сарфи назар аз пайдоиш, ки онҷо забони форсӣ мақоми расмӣ дошт ё ин забон васеъ истифода мешуд, дарбар мегирад.
Эрони Бузург
вироишСулолаҳои форсӣ-тоҷикӣ
вироишСулолаҳои туркӣ-форсӣ
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харита | |
---|---|---|---|---|---|
Ғазнавиён | Ғазнӣ (963 — 1151) Лоҳур (1151 — 1187) |
977 — 1186 | Форсӣ | ||
Қарохониён | Балосоғун Самарқанд Узгенд Қошғар ( 1151 — 1187 ) |
940 — 1212 | Форсӣ | ||
Хонигарии Қарохониёни Ғарбӣ | Самарқанд | 1040 — 1212 | Форсӣ Туркӣ |
||
Салҷуқиён | Нишопур (1037-1043) Рей (1043-1051) Исфаҳон (1051–1118) Ҳамадон дар (Ғарб) (1118–1194) Марв дар (Шарқ) (1118-1153) |
1037 — 1194 | Форсӣ | ||
Хоразмшоҳиён | Гурганҷ 1097-1220 1212-1220 Самарқанд 1220-1221 Ғазнӣ 1221-1224 Деҳлӣ 1224-1231 Табриз |
1097 — 1231 | Форсӣ | ||
Кара-Коюнлу | Табрез | 1375 — 1468 | Форсӣ, Оғузӣ, Арабӣ, Курдӣ, Арманӣ [6] | ||
Ак-Коюнлу | Диярбакир (1453-1471) Табрез (1468-1478) Бағдод |
1468 — 1501 | Форсӣ | ||
Темуриён | Самарқанд (1370-1405), Ҳирот (1405-1507) |
1370 — 1507 | Форсӣ | ||
Давлати Афшориҳо | Машҳад | 1736 — 1796 | Забони порсӣ (расмӣ; забони мурофиаи судӣ; маъмурияти шаҳрвандӣ ва молиявӣ) [7][8] Туркӣ (маъмурияти ҳарбӣ) [9] |
||
Сафавиён | Табрез (1501-1555) Қазвин (1555-1598) Исфаҳон (1598-1736) |
Соли 1501 — 1722 / 1736 | Форсӣ Озарбойҷонӣ |
||
Давлати Коҷориён | Теҳрон | 1789 — 1925 | Форсӣ Озарбойҷонӣ |
Сулолаҳои туркӣ-муғулӣ
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харитаи | |
---|---|---|---|---|---|
Давлати Хулагуиён | Мегара Табрез Султониё |
1256 — 1335 | Форсӣ Муғулӣ |
||
Хонигарии Бухоро | Бухоро | 1500 — 1785 | Форсӣ Узбекӣ |
||
Аморати Бухоро | Бухоро | 1785 — 1920 | Форсӣ Узбекӣ |
||
Хонигарии Қӯқанд | Қӯқанд | 1709 — 1876 | Форсӣ Узбекӣ |
||
Хонии Хива | Хива | 1512 — 1920 | Форсӣ Узбекӣ |
Осиёи Хурд
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харитаи | |
---|---|---|---|---|---|
Cултонияти Қуниё | Никеё (1077 — 1096) Қуниё (1096 — 1307) |
1077 — 1307 | Форсӣ |
Қитъаи нимҷазираи Ҳиндустон
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харита | |
---|---|---|---|---|---|
Cултонияти Деҳлӣ | Лоҳур (1206-1210) Бадайун (1210-1214) Деҳлӣ (1214-1327) Давлатобод (1327–1334) Деҳлӣ (1334-1506) Агра (1506-1526) |
1206 — 1555 | Форсӣ | ||
Cултонияти Баҳманӣ | Гулбарга (1347-1425) Бидар (1425-1527) |
1347 — 1527 | Форсӣ | ||
Cултонияти Бангола | Гаур Сонаргаон Панду |
1352 — 1576 | Форсӣ ( суд ва дипломатия ) Бенгалӣ ( гуфтугӯй ) Арабӣ ( динӣ ) |
||
Cултонияти Аҳмаднагар | Аҳмаднагар, Харки, Давлатобод | 1490 — 1636 | Форсӣ ( расмӣ ) [10] Дакинӣ Маратҳӣ |
||
Cултонияти Гуҷарот | Анахилвар, Аҳмадобод, Муҳаммадобод | 1407 — 1573 | Форсӣ Гуҷароти қадимӣ |
||
Cултонияти Бидар | Бидар | 1527 — 1619 н | Форсӣ ( расмӣ ) Урду |
||
Cултонияти Биҷапур | Биҷапур | 1490 — 1686 | Форсӣ ( расмӣ ) [11] Декан Урду [12] |
||
Cултонияти Голканд | Голканд Ҳайдаробод |
1512 — 1687 н | Форсӣ (расмӣ) Телугу Урду Декан |
||
Муғулони Бузург | Агра (1526-1571) Фатҳпур Сикри (1571-1585) Лоҳур (1585-1598) Деҳлӣ (1598-1857) |
21 апрели соли 1526 — 21 сентябри 1858 | Форсӣ (расмӣ ва судӣ; забони судӣ) [13][14] Чағатойӣ Урду (гуфтугӯ) |
||
Имперотурии Дуронӣ | Қандаҳор (1747-1773 / 1774) Кобул (1773 / 1774-1823) |
1747 — 1823 | Форсӣ Пушту |
||
Вилояти Ҳайдаробод | Аурангобод (1724-1763) Ҳайдаробод (1763-1948) |
1724 — 1948 | Форсӣ Урду, телугу, маратҳӣ, каннада |
||
Калат (Хонигарӣ) | Калат | 1638 — 1952 | Форсӣ Брауӣи |
Кишварҳои дигар
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харита | |
---|---|---|---|---|---|
Хонигарии Талиш | Ланкарон | 1747 — 1841 | Форсӣ (расмӣ) Талишӣ |
||
Давлати Шервоншоҳон | Шемаха 861 - 1192Боку (1192-1538) | 861 — 1538 | Форсӣ (расмӣ) Арабӣ |
Инчунин нигаред
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харита | |
---|---|---|---|---|---|
Ҷумҳурии Халқии Советии Бухоро | Бухоро | 1920 — 1924 | Узбекӣ, форсӣ | ||
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон | Бухоро (1925); Самарқанд (1925-1930); | Солҳои 1924-1929 | Узбекӣ, форсӣ |
Давраи навтарин
вироишНомҳо | Пойтахт | Давраи мавҷудият | Забонҳо | Харита | |
---|---|---|---|---|---|
Афғонистон | Кобул | Форсӣ (Дарӣ) Пушту |
|||
Эрон | Теҳрон | Форсӣ | |||
Тоҷикистон | Душанбе | Тоҷикӣ |
Нигаред
вироиш- Давлатҳои бостонии мардуми тоҷик
- Давлатҳои сулолаҳои форисзабон (тоҷикон)
- Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод
- Феҳристи пойтахтҳои таърихии Эрон
Эзоҳ
вироиш- ↑ World Eras. Persian Prose Literature(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). HighBeam Research (September 3, 2012) (2002). 14 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2013.
- ↑ Elton L. Daniel, History of Iran, (Greenwood Press, 2001), 74.
- ↑ Paul Bergne (15 June 2007). The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic. I.B.Tauris. pp. 6–. ISBN 978-1-84511-283-7.
- ↑ Frye, 1975, p. 145.
- ↑ The Development of Persian Culture under the Early Ghaznavids, C.E. Bosworth, Iran, Vol. 6, (1968), 35;;"Like the Ghaznavids whom they supplanted, the Ghurids had their court poets, and these wrote in Persian
- ↑ Кембриджская история Ирана (The Cambridge History of Iran), том VI, стр. 154:
- ↑ Katouzian, Homa (2003). Iranian History and Politics. Routledge. p. 128. ISBN 0-415-29754-0.
Indeed, since the formation of the Ghaznavids state in the tenth century until the fall of Qajars at the beginning of the twentieth century, most parts of the Iranian cultural regions were ruled by Turkic-speaking dynasties most of the time. At the same time, the official language was Persian, the court literature was in Persian, and most of the chancellors, ministers, and mandarins were Persian speakers of the highest learning and ability.
- ↑ HISTORIOGRAPHY vii. AFSHARID AND ZAND PERIODS – Encyclopaedia Iranica. — «Afsharid and Zand court histories largely followed Safavid models in their structure and language, but departed from long-established historiographical conventions in small but meaningful ways.»
- ↑ Axworthy, Michael (2006). The Sword of Persia. I.B. Tauris. pp. 5, 45, 70, 80, 157, 279. ISBN 1-84511-982-7.
- ↑ Brian Spooner and William L. Hanaway, Literacy in the Persianate World: Writing and the Social Order, (University of Pennsylvania Press, 2012), 317.
- ↑ BĪJĀPŪR – Encyclopaedia Iranica(англ.). www.iranicaonline.org. Encyclopedia Iranica. — «The official language of the court at Bījāpūr during the ʿĀdelšāhī period and until the end of Mughal rule in 1274/1858 was Persian. Indeed, Yūsof ʿĀdelšāh (895-916/1489-1510) and his son Esmāʿīl themselves wrote poetry in Persian, Esmāʿīl under the pen name Wafāʾī. The ʿĀdelšāhīs established Shiʿism in Bījāpūr and actively encouraged the immigration of Persian writers and religious figures.» 8 феврали 2017 санҷида шуд.
- ↑ Satish Chandra. Medieval India: From Sultanat to the Mughals, Part II, (Har-Anand, 2009), 210.
- ↑ Elizabeth A. Bohls. Romantic Literature and Postcolonial Studies. — Edinburgh: Edinburgh University Press, 2013. — С. 128. — 206 с. — ISBN 0748641998.
- ↑ Candice Goucher, Linda Walton. World History: Journeys from Past to Present. — Edinburgh: Routledge, 2013. — С. 401. — 768 с. — ISBN 1135088284.
Адабиёт
вироиш- Frye, R. N. (1975). "The Sāmānids". In Frye, R. N. The Cambridge History of Iran, Volume 4: From the Arab Invasion to the Saljuqs. Cambridge: Cambridge University Press. pp. 136–161. ISBN 978-0-521-20093-6.