Анқара
Анқара (тур. Ankara) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Туркия. Маркази маъмурии вилояти Анқара.
Шаҳр | |
Ankara | |
39°52′ с. ш. 32°52′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Туркия |
Роҳбар | Mansur Yavaş[d][1] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 938 ± 1 м |
Навъи иқлим | cold semi-arid climate[d][4] ва Mediterranean-influenced warm-summer humid continental climate[d][4] |
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5 270 575[2] тан (2015) |
Забони расмӣ | туркӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 312 |
Нишонаи почта | 06000–06999 |
Коди мошин | 06 |
ankara.bel.tr(тур.) | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷуғрофия
вироишАнқара дар шимолу ғарби суфакӯҳи Анатолиё ҷойгир аст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ (3,3 млн нафар, 2005) ва аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ дар кишвари Туркия шаҳри дуюм баъди Истанбул аст.
Иқлим
вироишИқлимаш континенталӣ, ҳарорати миёнаи моҳи январ – 0,7°С, июл +23,2°С. Боришоти солона 340 мм.
Иқлими Анқара (меъёри 1975—2010) | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 16,6 | 19,9 | 26,4 | 30,6 | 33,0 | 37,0 | 40,8 | 40,4 | 36,0 | 32,2 | 24,4 | 19,8 | 40,8 |
Максимуми миёна, °C | 4,3 | 6,7 | 11,9 | 17,2 | 22,2 | 26,6 | 30,2 | 30,2 | 26,0 | 19,6 | 12,3 | 6,1 | |
Ҳарорати миёна, °C | 0,3 | 2,1 | 6,2 | 11,3 | 16,0 | 20,5 | 23,5 | 23,2 | 18,7 | 13,9 | 6,7 | 2,2 | 12,1 |
Минимуми миёна, °C | −3,1 | −2 | 1,1 | 5,7 | 9,7 | 13,1 | 16,1 | 16,1 | 11,9 | 7,5 | 2,3 | −0,9 | |
Минимуми мутлақ, °C | −21,2 | −21,5 | −19,2 | −6,7 | −1,6 | 5,0 | 6,8 | 7,2 | 2,5 | −3,4 | −8,8 | −17,2 | −21,5 |
Андозаи бориш, мм | 39,2 | 33,6 | 36,1 | 50,0 | 49,7 | 35,1 | 16,0 | 12,4 | 18,9 | 32,5 | 36,0 | 42,6 | 402 |
Сарчашма: Dmi.gov.tr — Ankara |
Аҳолӣ
вироишАҳолӣ 5 270 575 нафар (2015)[2].
Аҳолии Анқара[5] | ||||||
2015 | 5 270 575 | |||||
2014 | 5 150 072 | |||||
2013 | 5 045 083 | |||||
2012 | 4 965 384 | |||||
2011 | 4 890 893 | |||||
2010 | 4 431 719 | |||||
2009 | 4 306 105 | |||||
2008 | 4 194 939 | |||||
2007 | 3 763 591 | |||||
2000 | 3 203 362 | |||||
1997 | 2 917 602 | |||||
1990 | 2 559 511 | |||||
1985 | 2 228 398 | |||||
1980 | 1 800 587 | |||||
1975 | 1 606 040 | |||||
1970 | 1 236 152 | |||||
1965 | 905 660 | |||||
1960 | 650 067 | |||||
1955 | 451 241 | |||||
1950 | 288 536 | |||||
1945 | 226 712 | |||||
1940 | 157 242 | |||||
1935 | 122 720 | |||||
1927 | 74 553 | |||||
Сол ва Аҳолӣ |
0—4 | 331 158 |
| ||
5—9 | 345 329 |
| ||
10—14 | 357 559 |
| ||
15—19 | 354 576 |
| ||
20—24 | 419 914 |
| ||
25—29 | 431 961 |
| ||
30—34 | 398 132 |
| ||
35—39 | 373 252 |
| ||
40—44 | 342 467 |
| ||
45—49 | 310 850 |
| ||
50—54 | 257 265 |
| ||
55—59 | 195 040 |
| ||
60—64 | 140 901 |
| ||
65—69 | 104 618 |
| ||
70—74 | 74 064 |
| ||
75—79 | 62 950 |
| ||
80+ | 48 894 |
|
Иқтисод
вироишРоҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилгарди Анқара Аврупоро бо Осиё мепайванданд. Дорои метрополитен аст. Анқара заводҳои авиатсионӣ (истеҳсоли самолёти Ф-16), тракторсозӣ, сементбарорӣ ва корхонаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, чармгарӣ, истеҳсоли пашмина (пашми ангорӣ), маҳсулоти ҳунармандӣ дорад. Аэропорташ байналхалқист. Қубурҳои интиқоли нефту газ аз Россия ва давлатҳои Осиё ба тавассути Анқара ба Аврупо мегузаранд.
Маориф ва фарҳанг
вироишДар Анқара мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Шарқи Миёна, ки дар он Китобхонаи миллии Туркия ҷойгир аст), Академияи санъати тасвирӣ, консерватория, театрҳо, аз ҷумла Театри калони давлатӣ, Оркестри симфонии президентӣ, Мавзолеи нахустин Президенти Туркия Камол Отатурк ва ғайра воқеанд.
Таърих
вироишАнқара яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Хурд аст. Қалъаи он ҳанӯз аз давраи хеттҳо (1200 то милод) вазифаи паноҳгоҳро иҷро менамуд. Анқара дар садаи VII то милод бо номи Анкире аз тарафи фригиягиҳо дар сари роҳи корвонгард бунёд гардида маркази тиҷорат маҳсуб мешуд. Дар замони Империяи Рум (бо номи Анкира) пойтахти музофоти Галатия буд. Минбаъд шаҳр аз даст ба даст – яъне ба византиягиҳо, арабҳо, салибдорон, туркони салҷуқӣ (асри 11) гузашт. Анқара дар садаи XIV маркази маъмурии Туркияи Усмонӣ буд. Замони ҳукмр. Империяи Усмонӣ дар яке аз муҳорибаҳои назди Анқара (1402) лашкари Темур Султон Боязидро шикаст дод. Пас аз ислоҳоти соли 1864-и Туркия Анқара маркази вилояти Анадолу (ҳозира Анталия ё Анатолия) гардид. 23 апрели 1920 дар Анқара нахустин Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия баргузор шуд, ки он ба ҳукумати миллӣ асос гузошт (дар ин бино осорхона ташкил шудааст). Аз 29 октябри 1923 пойтахти Ҷумҳурии Туркия мебошад.
Ёдгориҳои меъморию таърихӣ
вироишАз ёдгориҳои меъморию таърихӣ маъбади Август (асри 10 милод), харобаҳои биноҳои давраи Руми Бостон, Қалъаи Анқара (дар он мақбараи Алоуддин мавҷуд аст, ки рамзи шаҳр ба ҳисоб меравад), Масҷиди Хоҷатеппа (1987, бузургтарин дар мамлакат) ҷолиби диққатанд.
-
Бинои истиқоматӣ дар қалъаи қадима
-
Майдони Қизилой
-
Осорхонаи давлатии санъат ва пайкаратарошӣ
-
Ёдгории тамаддуни қадимаи Анатолия
Бародаршаҳрҳо
вироиш- Душанбе, Тоҷикистон (11 декабри 2003)[7][8]
- Минск (беларусӣ: Мінск), Беларус (2007)[9]
- Санъо (ар. صنعاء), Яман (2004)[8]
- Уфа (бошқ. Өфө), Русия (1997)[8]
- Пекин (чинӣ: 北京), Хитой (20 июни 1990)[8]
- Киев (укр. Київ), Украина (1993)[8]
- Аддис-Абеба, Эфиопия (2006)[8]
- Остона, Қазоқистон (2001)[8]
- Ашқобод, Туркманистон (1994)[8]
- Боку (озарбойҷонӣ: Bakı), Озарбойҷон
- Бишкек, Қирғизистон (1992)[8]
- Будапешт, Венгрия (1992)[8]
- Бухарест, Руминия (1998)[8]
- Дипкарпаз, Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолӣ/Ҷумҳурии Кипр (1986)[8]
- Ханой, Ветнам (1998)[8]
- Хартум, Судон (1992)[8]
- Ҳавана, Куба (1993)[8]
- Исломобод, Покистон (1982)[8]
- Кобул, Афғонистон (2003)[8]
- Қоҳира, Миср (2004)[8]
- Кишинёв, Молдавия (2004)[10]
- Куала-Лумпур, Малайзия (1984)[8]
- Ал-Кувайт, Кувайт (1994)[8]
- Лефкосия, Ҷумҳурии Туркии Кипри Шимолӣ/Ҷумҳурии Кипр (1989)[8]
- Манама, Баҳрайн (2000)[8]
- Могадишо, Сумолӣ (2000)[8]
- Маскав, Русия (1992)[8]
- Приштина, Косово/Сербия (2005)[8]
- Сантяго, Чили (2000)[8]
- Вашингтон, ИМА (2011)[11]
- Сараево, Босния ва Ҳерсеговина (1994)[12]
- Сеул, Ҷумҳурии Корея (1971)[8]
- София, Булғористон (1992)[8]
- Сам, Сурия (2004)[8]
- Тошканд, Узбекистон (2004)[8]
- Тбилиси, Гурҷистон (1996)[13]
- Тирана, Албания (1995)[14]
- Улан-Батор, Муғулистон (2003)[8]
- Скопе, Мақдуния (1995)[8]
- Казан, Русия (2005)[8]
- Киншаса, Ҷумҳурии Демократии Конго (2005)[8]
- Загреб, Хорватия (2008)[15]
Пайвандҳо
вироиш- Анкара на сервисе Яндекс.Панорамы.
- Governorship of Ankara
- Municipality of Ankara
- Esenboğa International Airport
- Ankara.com Бойгонӣ шудааст 8 августи 2021 сол.
Сарчашма
вироиш- Анқара // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://www.ankara.bel.tr/baskan?web=1
- ↑ 2.0 2.1 YerelNet — Портали мақомоти маҳаллӣ. 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2012.
- ↑ https://www.harita.gov.tr/images/urun/il_ilce_alanlari.pdf
- ↑ 4.0 4.1 https://dergipark.org.tr/download/article-file/370152
- ↑ Turksat.gov.tr — City and village population, annual growth rate of popupation, surface area and density by districts. 28 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2018.
- ↑ TÜİK, İl yaş grubu ve cinsiyete göre nüfus — 2008, Ankara. 28 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2011.
- ↑ Города-побратимы. Внешние связи Бойгонӣ шудааст 27 августи 2010 сол. Официальный сайт Исполнительного органа местной государственной власти в городе Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
- ↑ 8.00 8.01 8.02 8.03 8.04 8.05 8.06 8.07 8.08 8.09 8.10 8.11 8.12 8.13 8.14 8.15 8.16 8.17 8.18 8.19 8.20 8.21 8.22 8.23 8.24 8.25 8.26 8.27 8.28 8.29 8.30 8.31 8.32 8.33 Sister Cities Of Ankara Бойгонӣ шудааст 5 июли 2010 сол. Greater Municipality of Ankara(тур.)(англ.)
- ↑ Twin towns and Sister cities of Minsk [via WaybackMachine.com] (Russian). The department of protocol and international relations of Minsk City Executive Committee. 21 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2013.
- ↑ Oraşe înfrăţite (Twin cities of Minsk) [via WaybackMachine.com] (Romanian). Primăria Municipiului Chişinău. 21 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 сентябри 2012.
- ↑ Frequently Asked Questions — Office of Protocol and International Affairs | os
- ↑ daenet d.o.o. Sarajevo Official Web Site: Sister cities. Sarajevo.ba. 6 май 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2009.
- ↑ Tbilisi Sister Cities. Tbilisi City Hall. Tbilisi Municipal Portal. 5 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июли 2013.
- ↑ Twinning Cities: International Relations (PDF). Municipality of Tirana. www.tirana.gov.al. 23 июни 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2011.
- ↑ Signing Sister City Protocol between Zagreb and Ankara. Ankara Metropolitan Municipality (27 October 2008). 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2012.
Қаламравҳои вобаста ва кишварҳои бо расмият маҳдуд бо хатти моил ишора шудааст. | ||||||||||
| ||||||||||
* Кишварҳои фароқораӣ. † Ниг. Вазъи сиёсии Уршалим. Ҳарду кишвар, Исроил ва Фаластин, Уршалимро ҳамчун пойтахти худ қарор додаанд. Дар Уршалим порлумони Исроил ва тақрибан ҳама вазорату ҳукумати Исроил ҷой доранд. Дар Тел-Авив қисми бештари сафоратҳои хориҷӣ дар Исроил қарор доранд; Ромуллоҳ дафтари маъмурии Худмухтории Фаластин мебошад. + Бо таваҷҷуҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Чин дар соли 1947, Нанкин пойтахти расмии Ҷумҳурии Чин ва Тайбэй — қароргоҳи ҳукумат мебошад. Ниг. низ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Чин. |