Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, имлои қаблӣ Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон (русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика) — ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС аз соли 1929, баъд аз тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ то рӯзи эълон намудани соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991.
Шиор: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!» | |
Суруди миллӣ: «Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон!» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Забони русӣ( аз 22 июни соли 1989 забони тоҷикӣ) |
Пойтахт | Душанбе (аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт) |
Шаҳри калонтарин | Душанбе, Ленинобад (ҳозира Хуҷанд) , Қурған-Теппа (ҳозира Бохтар) , Кӯлоб, Ӯро-теппа (ҳозира Истаравшан) |
Идораи давлат | Советӣ ҷумҳурӣ |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
93-ум ҷой дар ҷaҳон 143,1 ҳаз км² 0,3 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ ((соли 1989)) • Зичӣ |
93-ум ҷой дар ҷaҳон 5108576 - нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (-) • Ба сари аҳолӣ |
--ум ҷой дар ҷaҳон - $ - $ |
Пули миллӣ | рубли ИҶШС |
Интернет-Домен | .su |
Коди телефон | +377 |
Соат | UTC +5 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Таърих
вироиш14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), Ӯротеппа - ноҳияи Истаравшан (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.
15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (собиқ театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Эъломияи дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.[1] 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.
Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд. Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Моликияти хусусӣ барҳам дода шуда ҳамаи молу амвол, замин, боигариҳои зеризаминӣ ва обӣ давлатӣ гардид. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ (индустриякунонӣ) гузошта шуд. Дар деҳот коллективонии хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳуҷум» («Озодшавии занон») ба партофтани либоси замони феодалӣ, фаранҷӣ ба анҷом расид. Дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад, таҳсилоти ройгон, муассисаҳои таҳсилотии гуногун, маданӣ-маърифатӣ, илмӣ, санъат, матбуоту нашриёт ва диг. ба миён омада барои мардум дастрас шуданд.
Тоҷикистон тадриҷан ва комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (ИҶШС) гардид. Равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар нимаи дуюми асри XX ба табдил ёфтани ҷумҳурӣ ба кишварӣ сермиллат овард. Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд.
24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд.
Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)и коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.
Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон
вироиш- Солҳои 1929 (дар ҶМШС Тоҷикистон), 1931, 1937, 1978 — қабули Конститутсияҳо дар ҶШC Тоҷикистон.
- * Соли 1931 — бунёди аввалин донишкадаи олӣ дар Тоҷикистон (Донишкадаи педагогии Сталинобод)
- Солҳои 1928-1930 — гузаштан аз ҳуруфоти форсии тоҷикӣ ба ҳуруфоти лотинӣ ва солҳои 1939-1940 аз ҳуруфоти лотинӣ ба кириликӣ дар ҶШC Тоҷикистон.
- * Солҳои 1931-1937 — сохтмони Канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Ҷанубӣ (Водии Вахш).
- * Солҳои 1939-1941 — сохтмони Канали калони Фарғона ва Канали калони Ҳисор, обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Шимолӣ (Водии Фарғона) ва Марказӣ (Водии Ҳисор).
- * 22 июни соли 1941 — 9 майи соли 1945 — солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони Олмон ва иттифоқчёни он. Барои қаҳрамонӣ 54 нафар аз ҷанговарони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудаанд.
- соли 1946 — Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба оҳанги Сулаймон Юдаков ва ба матни Абулқосим Лоҳутӣ қабул шуд. Аз соли 1946 то 1991 дар ҶШС Тоҷикистон суруди миллии ҷумҳурӣ буд.
- Соли 1948 — таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- * Соли 1951 — бунёди Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ки аввалин президенти он Садриддин Айнӣ буд.
- * Соли 1961 — оғози сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак (ГЭС)-и Норак. Соли 1972 — агрегати 1-ӯм ва соли 1979 агрегати охирин – 9-ӯми НБО - Норак ба кор даромад.
- * Соли 1975 — оғози кори заводи арзии (алюминии) тоҷик дар шаҳри Турсунзода.
- 22 июли соли 1989 — қабул гардидани «Қонуни забони ҶШC Тоҷикистон»]] дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба забони тоҷикӣ дода шудани мақоми давлатӣ. 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» солҳои 1990-2008 дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешуд.
- * 24 августи соли 1990 — қабул гардидани "Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС" дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.[2]
Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
вироишСарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон | |||||||||||
Ному насаб | Муддат | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Мирзо Довуд Гусейнов | солҳои 1930-1933 | ||||||||||
Григорий Бройдо | солҳои 1933-1934 | ||||||||||
Сурен Шадунс | солҳои 1934-1936 | ||||||||||
Ӯрунбой Ашӯров | солҳои 1936-1937 | ||||||||||
Дмитрий Протопопов | солҳои 1937-1946 | ||||||||||
Бобоҷон Ғафуров | солҳои 1946-1956 | ||||||||||
Турсун Ӯлҷабоев | солҳои 1956-1961 | ||||||||||
Ҷаббор Расулов | солҳои 1961-1982 | ||||||||||
Раҳмон Набиев | солҳои 1982-1985 | ||||||||||
Қаҳҳор Махкамов | солҳои 1985-1991[3] |
Иқтисодиёт
вироишОбёрӣ намудани заминҳои бекорхобида
вироишНақлиёт
вироишДар соли 1986
- Роҳҳои оҳан - 470 км
- Роҳҳои мошингард - 13200 км (ҳамчунин роҳҳои мумфарш 11600 км)[4]
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих(пайванди дастнорас)
- ↑ Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик./Мураттибон: Ҳотамов Н.Б., Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. – Д., 2010
- ↑ Ҳақикати таърих. Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. – Д., 1990. – С. 175.
- ↑ https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D0%B2%D0%B5%D1%82%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D1%86%D0%B8%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%87%D0%B5%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A0%D0%B5%D1%81%D0%BF%D1%83%D0%B1%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0